Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи Сафед хостори ҷанг бо Эрон нест


Кохи Сафед изҳор кард, ки нафаре аз аъзои ҳукумати Иёлоти Муттаҳида хостори ҷанг бо Эрон нест. Дана Перино, сухангӯи Кохи Сафед имрӯз ба хабарнигорон гуфт, "касе аз дафтари раиси ҷумҳур ба ҷуз роҳи дипломатӣ шеваи дигари рафтор бо Эронро пешниҳод намекунад".

Ин изҳорот ба думболи истеъфои адмирал Вилям Феллон аз мақоми фармондеҳи Ситоди Марказии артиши Амрико ва фармондеҳи нерӯҳои кишвар дар Ироқу Афғонистон пахш шуд. Ҳафтаи гузашта нашрияи амрикоии "Эсквайр" навишт, ки адмирал Феллон ба сиёсати раисиҷумҳур Ҷорҷ Буш дар баробари Эрон мухолиф аст. Роберт Гейтс ин хабарҳоро такзиб карда онҳоро “сӯъитафоҳум” номид ва ҳамзамон изҳор намуд, ки ба дурустии тасмими адмирал бовар дорад.

Вилям Феллон аз моҳи марти соли 2007 фармондеҳии Ситоди Марказии артиши Амрикоро бар ӯҳда дошт.

XS
SM
MD
LG