Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Готовина дар Ҳейг шурӯъ мешавад


Имрӯз дар додгоҳи байналмилалии ҷиноёти низомӣ дар Ҳейг мурофиаи парвандаи генерали хорват Анте Готовина шурӯъ мешавад. Готовина дар куштор ва шиканҷаи сербҳо дар вилояти умдатан сербнишини Крайинаи Хорватия дар соли 1995, дар айни ҷӯши ҷанги Югославияи собиқ муттаҳам мешавад.

Додгоҳи СММ Готовина ва 2 генерали дигари собиқ – Иван Чермак ва Младен Маркачро дар раҳбарӣ ба куштори дасти кам 150 серб ва беҷо кардани ҳазорон нафари дигар дар ҷараёни амалиёти мавсум ба “Тӯфон” айбдор мекунад. Амалиёти “Тӯфон” бо ҳадафи пас гардондани сарзаминҳое, ки чирикиҳои серб дар соли 1991 забт карда буданд, роҳандозӣ шуда буд. Ҳеҷ кадоме аз ин 3 генерал ба гуноҳи худ эътироф накардааст.

XS
SM
MD
LG