Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркисиён ба Маскав даъват шуд


Бино ба хабарҳо, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин аз Серж Саркисиён, барандаи интихоботи баҳсбарангези раёсати ҷумҳурии Арманистон даъват кардааст, аз Маскав боздид кунад. Мухолифин натоиҷи интихоботро эътироф накарда, гуфтанд, ки раисиҷумҳури феълӣ Роберт Кочариён ба хотири таъмини пирӯзии ворисаш Саркисиён натоиҷи интихоботро хилофкорӣ кардааст. Эътирозҳо дар Ереван ба хушунат печид ва дар натиҷа 8 нафар кушта шуданд. Дар пайи ин ошӯбҳо Кочариён сар аз 1 март дар Ереван вазъи фавқулодда ҷорӣ кард.

XS
SM
MD
LG