Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боку нирӯҳои арманиро ба қатли 2 озарӣ айбдор кард


Вазорати дифоъи Озарбойҷон дирӯз нирӯҳои арманиро ба тирандозӣ алайҳи як минтақаи озаринишин дар наздикии вилояти баҳсии Қаробоғи Кӯҳӣ ва куштори 2 сокини ғайринизомии ин минтақа айбдор кард. Ба гуфтаи ин вазорат, афроди кушташуда сокинони Оқдом, минтақае воқеъ дар наздикии хатти марз бо Қаробоғ будаанд.

Дар асари ин тирандозӣ, ки аз шаби шанбе то субҳи якшанбе идома кардааст, 2 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ин тирандозӣ яке аз пурқурбонитарин задухӯрдҳо дар атрофи Қаробоғ аз соли 1994, яъне аз замони истиқрори оташбас дар ин минтақа маҳсуб мешавад.

XS
SM
MD
LG