Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифини Покистон эътилоф ташкил мкунанд


Аҳзоби мухолифи пирӯз дар интихоботи порлумонии Покистон эълом доштанд, ки дар бораи ташкили эътилофи ҳукуматӣ созиш ҳосил карданд. Навоз Шариф, срвазири пешини Покистон гуфт, ки ҳизбаш омода аст бо Ҳизби Мардумӣ, ки сарвари собиқаш Беназир Бҳутто моҳи декабри соли гузашта бар асари суиқасд ба ҳалокат расидааст, эътилоф ташкил кунад. Ҳарду ҳизб дар интихоботи ахири порлумонии Покистон бештари курсиҳоро соҳиб шуданд. Имрӯз Ҳизби Навоз Шариф ва Ҳизби Мардумӣ аз раисиҷумҳур Парвиз Мушарраф хостанд, ки иҷлосияи порлумони навро даъват кунад.

XS
SM
MD
LG