Пайвандҳои дастрасӣ

Мурофиаи "наркобарон"-и тоҷик дар Маскав


Додгоҳи шаҳри Маскав имрӯзҳо парвандаи як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар созмони ҷомеаи қочоқбарони маводди мухаддир муттаҳам мешавад, баррасӣ дорад. Гуфта мешавад, нафари муттаҳам аз хешовандони наздики яке аз раҳбарони воломақоми вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон будааст. Ба қавли мақомоти айбдоркунӣ, гурӯҳи муташаккии байналмилалии ҷиноӣ, ки раёсаташро аз ақрабои раҳбарони авали вазорати дохилаи Тоҷикистон ба зимма доштааст, дар минтақаҳои гуногуни Русия фаъолият мекардааст. Давоми якуним соли ахир аз сӯи мақомоти милисаи рус чанде аз аъзо ва лидерони ин гурӯҳи ҷиноӣ боздошт гардиданд.

Мақомоти раёсати мубориза алайҳи ҷиноёти муташаккили устони Оренбургу Астрахани Русия мутақоиданд, ки қисмати намоёни иттиҳодияи байналмилалии ҷиноӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон таркиб ёфтааст.

Милисаи рус бо гузашти якуним сол ниҳоятан ба боздошти ин гурӯҳи қочоқбарони байналмилалӣ комёб шуд. Се узви гурӯҳи мазкур бо 12 кило ҳероин, ки тибқи нақшаи онҳо, бояд ба Маскав интиқол меёфт, дар Тотористон боздошт ва баъдан, 30 кило ҳероини дигар, ки ба гуфтаи мақомоти милисаи рус, моли маҳз ҳамин гурӯҳ будааст, аз сӯйи гумрукиёни Астрахан кашфу забт шудааст.

Пас аз ин ҳодисаҳои боздошт, лидери гурӯҳ, шаҳрванди Тоҷикистон, ки исмаш ба хотири халал наёфтани рафти тафтишот эълом намешавад, аз мақомоти интизомӣ дар Бошқирдистон панаҳ бурд. Зимнан бо таҳияи шиносномаи тақаллубии шаҳрвандии Тоҷикистон, вай зери ниқоби муҳоҷири корӣ ба шаҳри Сорочинск меравад, бо зани русе ошно ва ба ташкили шабакаи қочоқбарони маводди мухаддир мепардозад.

Аммо милисаи рус бо ҷалби миёнҷии лидери ин гурӯҳи қочоқбарони байналмилалӣ, ба боздошти вай дар шаҳри Оренбург муваффақ мегардад.

Тибқи иттилоъи милисаи Оренбург, ҷамъан, дар чаҳорчӯби ин парвандаи ҷиноӣ 9 нафар ҳабс шудаанд. Аз он миён чанде то ин замон ба иттиҳоми қочоқи ҳаҷми зиёди маводди мухаддир ва қонунисозии миллионҳо рубл аз фурӯши ҳероин, равонаи зиндон ҳам шудаанд.

XS
SM
MD
LG