Пайвандҳои дастрасӣ

Софико Чиаурелӣ даргузашт


Дар Тифлис имрӯз ҳунарпешаи маъруфи синамо ва театр Софико Чиаурелӣ дар синни 71-солагӣ даргузашт. Наздикони хонум Чиаурелӣ мегӯянд, ки вай моҳҳои охир шадидан бемор буд. Дар тамоми муддати зиндагиаш ин зани хушсурату рӯшандил ва ҳунарманди бомаҳорат беш аз 150 нақш офаридааст. Намоишномаҳои мисли "Шершеля Фам ё Дар ҷустуҷӯи зан", "Тавба" ё "Покаяние" барои тамошобини тоҷик ҳам хуб ошно аст. Соли 2000-ум хонум Чиаурели ҳамроҳ бо шавҳараш театри "Як ҳунарпеша"-ро ташкил кардааст. Ҳамсари вай Котэ Махарадзе аз маъруфтарин шореҳони варзишии телевизиони давлатии шӯравӣ будааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG