Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Буш аз Туркия барои тарки хоки Ироқ


Раиси ҷумҳурии ИМА Ҷорҷ Буш имрӯз ба берун шудани билофосилаи нирӯҳои Туркия аз шимоли Ироқ даъват ба амал овард. Буш, зимни суханрониаш дар як нишасти матбуотии Кохи Сафед гуфт, ки низомиёни Туркия бояд ҳар чӣ зудтар Ироқро тарк кунанд. Тавзеҳоти Буш дар ҳоле садо дод, ки имрӯз вазири мудофеаи Амрико Роберт Гейтс имрӯз дар Анкара буд ва бо мақомоти ин кишвар дидору гуфтугӯҳо анҷом дод. Дар меҳвари ин нишаст мавзӯи амалиёти артиши Туркия дар Ироқи Шимолӣ қарор дошт. Гейтс аз Туркия хост дар фурсати кӯтоҳтарин ва ҳадди аксар ҳадафмандона ин амалиётро анҷом диҳад. Вай гуфт, ки мақомоти туркӣ зарбулаҷали анҷоми ин амалиётро таъйин накардаанд, танҳо гуфтаанд, ки баробари анҷоми рисолати артиш дар Ироқ ба ватан бар хоҳанд гашт.
XS
SM
MD
LG