Пайвандҳои дастрасӣ

Сербҳо дар шимоли Косово раҳпаймоӣ карданд


Рӯзи ҷумъа эътирозҳои сербҳо аз истиқлолияти Косово дар шаҳракаи Косовска Митровитса идома пайдо кард. Ҳудудан панҷ ҳазор эътирозгарон бо парчами Сербистон дар даст шиори "Косово аз мост"-ро ба забон меоварданд. Дар наздикии пуле, ки шаҳри сербиро бо ҷомеаи албаниҳо ҷудо мекунад ва дар он полиси СММ мустақар шудааст, тазоҳургарон ба партоб кардани сангҳову шишаҳои холӣ даст заданд.
XS
SM
MD
LG