Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон аз таҳдиди Исроил нороҳат аст


Эрон аз СММ даъват кардааст, ки Исроилро маҳкум намуда, талаб кунад, ки давлати яҳудӣ таҳдиди истифодаи нерӯ бар муқобили барномаи ҳаставии Теҳронро хотима бахшад.
Дар як паём сафири Эрон дар СММ ба хитоби сарвазири Исроил Эҳуд Олмерт ишора кардааст. 14-уми январ сарвазири Исроил гуфта буд, барои ҷилавгирӣ аз дастрасии Эрон ба силоҳи ҳаставӣ ҳамаи интихобҳо боз мебошанд.
Сафири Исроил дар СММ номаи сафири эрониро "нафратовар ва хатарбор" номид.
XS
SM
MD
LG