Пайвандҳои дастрасӣ

1 миллиард доллар аз фурӯши афюн


Сандуқи байналмилалии пул (The International Monetary Fund) изҳор намуд, ки соли 2007-ум кишоварзони афғон аз ҳисоби истеҳсоли афюн 1 миллиард доллар ба даст оварданд. Ин маблағ аз даромади бахшҳои дигари кишоварзии Афғонистон бештар аст. Сандуқи байналмилалии пул навиштааст, ки соли 2007-ум дар Афғонистон истеҳсоли солонаи афюн ба 8200 тонна расид. Ин дар ҳолест, ки соли 2001-ум дар Афғонистон 185 тонна афюн истеҳсол шуда буд. Сандуқ мегӯяд, ҳоло Афғонистон 93% таъминоти ҷаҳонии афюнро бар ӯҳда дошта, бузургтарин содиркунандаи афюн дар ҷаҳон аст. Соли 1995 дар Афғонистон 52% афюни саросари олам тавлид мешуд. Муаллифони гузориши Сандуқи байналмилалии пул таъкид мекунанд, ки аз замони фурӯпошии ҳукумати Толибони афғон дар соли 2001-ум кӯшишҳои зери назорат даровардани истеҳсоли афюн дар Афғонистон натиҷаи назаррас наовардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG