Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушарраф мағлуб шуд


Дар Покистон ҳизби пешини раиси ҷумҳурӣ Парвиз Мушарраф натавонист раъйи бештари мардумро ба даст оварад. Ҳарчанд ҳанӯз куллия натиҷаҳои интихобот ҳисоб нашудааст, аммо аз ҳоло аён аст, ки пуштибони аслии Мушарраф - Лигаи мусалмонони Покистон раъйи кофиро барои ташкили ҳукумат ба даст наовард. Сухангӯи ин ҳизб Тариқ Азим бо як изҳороте мағлубияти ҳизбашро эътироф кард ва гуфт, ки тасмими мардумро мепазирад. Пешгӯӣ мешавад, ки ҳеҷ як ҳизби сиёсии ширкатдори интихобот аксарияти раъйҳоро дар парлумон ба даст намеорад. Танҳо нирӯи бузургтарини Маҷлиси Покистонро аъзои ду ҳизби мухолифин - тарафдорони нахуствазири пешини кушташуда Беназир Бҳутто ва ҳизби сарвазири собиқи дигар Навоз Шариф ташкил хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG