Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи як дипломати тоҷик бо мақомоти Сурия


Паноҳгоҳе дар Сурия
Паноҳгоҳе дар Сурия

Як дипломати тоҷик дар масъалаи бозгардондани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия бо мақомоти он кишвар суҳбат кардааст. Ҷузъиёти вохӯрии сафир Зубайдулло Зубайдзода бо Кифоҳ Мулҳим, раҳбари Дафтари амнияти миллии Фармондеҳии минтақавии Сурия маълум нест.

Дар хабарномаи Вазорати корҳои хориҷӣ омадааст, ки ду тараф “ҳамкориро дар соҳаи амният ва баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон” баррасӣ кардаанд. Тоҷикистон то ин вақт 256 шаҳрванди худро аз Сурия баргардондааст.

Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт ва Сурия тирамоҳи соли 2023 ба Радиои Озодӣ гуфта буд, қисми каме аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар паноҳгоҳҳои Сурия мондаанд ва мақомот талош доранд онҳоро ба ватан баргардонданд.

XS
SM
MD
LG