Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА гуфт, Эрон метавонист ба Тоҷикистону Русия "дар истеҳсоли паҳпод мусоидат кунад"


Акси артиши Эрон аз 19 апрели соли 2023 бо намоиши намунаҳое аз паҳподҳои истеҳсоли ин кишвар
Акси артиши Эрон аз 19 апрели соли 2023 бо намоиши намунаҳое аз паҳподҳои истеҳсоли ин кишвар

Мақомоти амрикоӣ  мегӯянд, бар пояи  гузоришҳои дастрасшуда, Эрон метавонист ба Тоҷикистону Русия фанновариҳои истеҳсоли паҳпод ё ҳавопаймоҳои бесарнишинро фароҳам кунад.

Дар ин бора рӯзи 9-уми июн дар гузориши муштараки вазоратҳои тиҷорат, адлия, молия ва Департаменти давлатии ИМА бо номи “Раҳнамое ба фаъолиятҳои вобаста ба саноати истеҳсоли паҳподи Эрон” навишта шудааст.

Гузорише, ки ҳама гуна фаъолияти вобаста ба “Харидорӣ, таҳия ва густариши ҳавопаймоҳои бесарнишини Эронро як таҳдиди афзоянда ба сулҳу амнияти байналмилалӣ” номидааст, соҳибкорону истеҳсолкунандаҳоро аз ҳамкорӣ бо ин кишвари таҳти таҳримҳои фаровон барои сармоягузорӣ ба терроризм ҳушдор медиҳад.

Гузориш, аз ҷумла, мегӯяд: “Дар хабарҳои дастрасшуда ишора мешавад, ки Эрон бо ҳадафи истеҳсоли паҳподҳо дар Тоҷикистон ва Русия ба ин кишварҳо ироаи фанновариҳо ва дастгоҳҳоро пешниҳод кардааст. Ин талошҳои Теҳрон метавонад барои тақвияти равобити дуҷониба, афзоиши фоида аз содироти маҳсулоташ равона шуда бошад ва ҳам аз ин роҳ талошҳои боздорандаи фаъолиятҳои паҳподҳояшро тавассути назорати экспортӣ мушкилтар гардонад”.

Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, дар ҷанге, ки Русия алайҳи Украина пеш мебарад, собит шудааст, ки Маскав дар ҳамлаҳояш аз паҳподҳои сохти эронӣ истифода мекунад, ки бо истифода аз ҷузъиёт ё компонентҳои тавлидшуда дар берун аз Эрон ҷамъоварӣ шудаанд.

Ҳанӯз дар ин замина вокуниши мақомот аз Тоҷикистон ва Русия нашр нашудааст, вале ба таъкиди хабаргузории расмии ТАСС, Маскаву Теҳрон дар гузашта “борҳо эҳтимоли бо ҳадафи истифода дар Украина ироа шудани паҳподҳо ба Русия аз ҷониби Эронро рад кардаанд”.

Айни замон, Кохи Сафед бо таъкид ба садҳо ҳамлаи паҳпод дар хоки Украина гуфт, ба назар мерасад, ки Русия ва Эрон ҳамкориҳои дифоии худро амиқтар мекунанд. Сухангӯи маъмурияти президенти ИМА Ҷон Кирби, ки рӯзи 9-уми июн дар ин бора сӯҳбат мекард, гуфт, “мо дар робита бо ҳамкориҳои Русияву Эрон дар самти истеҳсоли паҳподҳои эронӣ аз дохили хоки Русия изҳори нигаронӣ мекунем”. Кирби гуфт, ИМА маълумот дорад, ки Русия аз Эрон маводҳои зарурӣ барои роҳандозии корхонаи истеҳсоли дрон ё паҳпод дарёфт мекунад ва он соли оянда ба кор шурӯъ хоҳад кард. “Мо аксҳои маҳвораии макони ояндаи корхонаи истеҳсоли паҳпод дар Минтақаи вижаи иқтисодии “Алабуга”-ро нашр мекунем”. Ин минтақа, ба навиштаи гузориши мақомоти амрикоӣ, дар ҳудуди ҷумҳурии Тотористон ҷойгир аст.

Маълум нест манзури мақомоти амрикоӣ аз ҳамкориҳои эҳтимолии бештари Тоҷикистону Эрон дар самти истеҳсоли паҳпод чӣ аст ва Вашингтор дақиқан кадом маълумотро оид ба фаъолияти эҳтимолии ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг дар ихтиёр дорад.

Вале моҳи маи соли 2022 ду расонаи эронӣ хабар доданд, ки “Эрон дар Тоҷикистон корхонаи тавлиди дрон ё ҳавопаймоҳои бесарнишин кушод”. Нашрияҳо бо чопи акс аз гӯё маросими ифтитоҳи корхонаи тавлиди "Абобил-2" дар Душанбе навиштанд, ки генерал-майор Ҳусейн Боқирӣ, сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар ҳузури вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар маросими кушоиши корхона рӯзи 17-уми май инро “даври нави ҳамкориҳои дифоӣ байни ду кишвар” хондааст.

Мақомоти вазорати дифоъ ё ҳукумати Тоҷикистон он вақт ин хабарро ба ҳеҷ шакл шарҳ надоданд, вале октябри соли 2022 дар вокуниш ба интиқоди як журналисти украинӣ “содироти техникаи низомӣ”-ро рад карданд. Аз ҷумла, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 30 октябр гуфт: “Суханҳои блогери украинӣ Дмитрий Гордонро... дар бораи аз ҷониби Эрон дар хоки Тоҷикистон истеҳсол шудани дронҳое, ки “украиниҳоро мекушанд”, рад мекунем. Таъкид мекунем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои сеюм техникаи низомӣ содирот намекунад”.

Баъди чанд сол бад ва қатъ шудани равобити сиёсию иқтисодии Душанбеву Теҳрон бар сари баҳсҳои пулҳои нопадидшудаи миллиардери эронӣ Бобаки Занҷонӣ, солҳои охир муносибатҳои ду кишвар дубора гарму танготанг мешаванд. Бархе таҳлилгарону мунаққидон мегӯянд, Русия дар пасманзари ҷанги Украина талош дорад гурӯҳи муттафиқону шарикони худро тақвият бидиҳад ва “оштӣ дорондани“ Душанбе ва Теҳрон ҳам бо мудохилаву пойфишории Маскав имконпазир шудааст.

Аз сӯи дигар, чунин андешае ҳам садо дод, ки дар паи муноқишаи хунини серӯза дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон апрели соли 2021 хабарҳои расонаҳо дар бораи истеҳсоли дрон бо ёрии эрониҳоро Душанбе мехоҳад чун як “таҳдиди лафзӣ” ба ҳамсояаш истифода кунад. Ин хабар дар расонаҳои давлатӣ ё сомонаи худи вазорати дифои Тоҷикистон нашр нашуд.

Ғарб Эронро дар кӯмак ба фаъолиятҳои зидди демократия ғарбӣ муттаҳам мекунад ва барои пешбурди барномаи ҳастаиаш ин кишварро таҳрим кардааст. Вашингтон мегӯяд, ҳамкорӣ бо Эрон, ба вижа дар бахшҳои таҳримшудаи низомӣ, ба шарикону ҳамкорони он ҳам дар кишварҳои дигар рабт мегирад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG