Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Қурби сомонӣ

TJS / 
USD
4.3669
TJS / 
EUR
5.8810
TJS / 
RUB
0.1447
TJS / 
KZT
0.0295
TJS / 
UZS
0.0028

Қурб дар ҳоли тағйир аст.

Баҳс

Саволи Шумо ба Муҳиддини Кабирӣ

26.09.2009

Дар гуфтугӯи навбатии интернетии мо Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва узви Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ширкат кард ва ба суолҳои сершумори хонандагон посух дод.

Ин баҳс баста шудааст.
Comment Sorting
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 16
Ном: asliddin аз: dushanbe
26.09.2009 19:59
salom barodari aziz.
suoli man inki. nisbati shumo bo digar mazhabhoi islomi az jumla shofii va moliki chi ast?
ba maynoeki agar shakhse dar tojikiston ravadu mazhabi eytikodi khudro payravi kunad ba on davlat va konun ijozat medihad yo inki fakat itori mahdudiyati mazhabi hanafi khorij shudan mumkin nest?
va 2 duol inki. roi shumo ba peshraftoni din misli eshoni nuriddin jon va sirojiddin chi ast? va charo difoy az peshvovoni din az tarafi hizbi shumo nigaron nameshavad? sababash dar chist?
xudo nigahbonaton boshad.
Дар посух

Ном: Муҳиддин Кабирӣ
26.09.2009 19:59
- Дӯсти азиз, Аслиддин, муносибати мо ба хамаи мазхабхои исломи баробар ва бародарона аст, ва инро кори фарди медонем. Аз як мазхаб ба мазхаби дигар гузаштанро чонибдор нестем, вале онро гунох хам намедонем. Конунгузории кишвари мо , агарчи мазхаби ханафиро хамчун мазхаби аксарияти кишвар эътироф дорад, вале монеъи мазохиби дигар нест.
Муносибати мо ба хамаи пешвоёни дини дар кишвар хуб аст ва хамкории хуб дорем. На танхо дифоъ аз пешвоёни дин, балки дифоъ аз хар мазлумро вазифаи худ медонем ва дар хади имкон кумак мерасонем. Агар чое кумак карда натавонистем, бародарон Моро маъзур доранд.

Ном: Хабиб аз: Русия
26.09.2009 20:25
1.Оё ракмхое,ки гуфта мешавад,ки 180 хазор точик дини насрониро пазируфтанд замина дорад?
2. Сабаби вактхои охир нисбати дин афзудани фишорро дар чи мебинед(ё Гарб ба хокимият фишор меоварад)?
3. Барои чи дар инет номи сайти хизби шуморо ётан гайри имкон аст?
Дар амони Худованд Бимонед!
Дар посух

Ном: Муҳиддин Кабирӣ
26.09.2009 20:25
1) Фикр намекунам, ки раками 180 000 дуруст бошад. Солхои душвори иктисоди раванди гароиш ба динхои дигар бештар буд, холо кам шудааст ва ин вобаста ба фаъолияти иттиходияхои динии исломи низ дорад, майдонро , ки холи монданд, каси дигар пур мекунад.
2) Чун гароиши мардум, ба хусус чавонон ба дин бештар шудааст, кисме аз масъулин харос доранд, ки окибати ин раванд ба нафъи кишвар нест ва бо хар рох мехоханд, ки пеши рохро бигиранд. Ин ба Гарб ва Шарк чандон рабт надорад, ҳар чи сар мезанад, аз худи мост. Бехтар мебуд, ки фишори Хукумат гуфта нашавад, балки фишори баъзе намояндагони хукумат ё масъулин. Табиати рох хамин аст, дини мубини ислом дар таърихи худ аз ин бештарро хам дидааст ва набояд рухафтода шуд. Баръакс, талош бояд намуд, ки бо роххои конуни ин монеъа бардршта шаванд.
3) Холо сайти навро бо унвонии www.nahzat.tj метавонед пайдо намоед.

Ном: SALAM аз: BAKU
26.09.2009 20:33
Janobi Kabiri, charo to imruz az jonibi HNIT e in ki, az jonibi farzandoni marhum Ustod Said Abdulloh Nuri girdu atrofi manzili okhiratu Ustod, markad va ba tartib darovarda nashuda ast? In boisi nabudani mablag ast e in, ki sabibi digar dorad?
Дар посух

Ном: Муҳиддин Кабирӣ
26.09.2009 20:33
Ду сабаб дорад, яке хануз хам омода нашудани санадхо , чун мо ва фарзандони Устоди мархум ба микдори чудошудаи замин барои манзил рози нашудем, камтар аз оне аст, ки мо талаб намудем. Тархи пешниходнамудаи мо ниёз ба замини васеътар дорад ва умед дорем, ки он хал хохад шуд. Дуввум, тарх бояд хамачониба барраси шавад, то мувофакати комил ба талаботи шариат дошта бошад, набояд аз меъёрхои мазхаби берун боша два дар ин масъала зарурти машварати коршиносон аст,ки баъди мушаххас гаштани замин муносиб ба он тархи хубе амали гардад. Бехтараш дер шаваду пойдор монад.

Ном: Алишер аз: Маскав
26.09.2009 21:14
Бо арзи дуруду салом,бародар Мухиддин Кабири.Мехостам бидонам,ки масъалаи гузоштани риш дар дини Ислом аз чи ахамияте бар хурдор аст?
Дар посух

Ном: Муҳиддин Кабирӣ
26.09.2009 21:14
-Бародари гироми, мондани риш аз суннатхои Паёмбари ислом Мухаммад (с) мебошад ва шояд ишораи Шумо ба мо ба хотири надоштани риш аст. Мутмаин бошед, ахамият ва хукми онро то хадди макдур огохем ва дуо мекунем, ки шароите бошад то мо ва хамаи мусалмонон суннатхоро комилан ичро намоянд. Шумо хуб медонед, ки анчоми вочибот барои хар як мусалмон авлавият дорад. Масъалаи риш ва хукми тарки он дар олами ислом масъалаи ихтилофи аст, баъзехо онро харом (Ибни Таймия) ва баъзехо макрух (Юсуф Карзови)ва баъзе уламои муъосир мубох медонанд. Имом Бухори хадисеро аз Ибни Умар ривоят мекунанд, ки Паёмбар(с) фармуданд «Бо мушрикон бо гузоштани риши дароз ва кутох кардани муйлабхо мухолафат кунед». Инчо асл мухолафат бо мушрикон аст ва гузоштани риши дароз хам ба хотири мухолафат ба мушрикони замони Расул (с) аст, ки риши кутох ва муйлаби дароз доштанд. Дар шароити имруза мо дар баробари вочиботи ибодати, мисли намоз, руза ва г.вочиботи дигаре хам дорем, ки кисме аз онхо водор менамояд, анчоми баъзе суннатхоро муваккатан ба таъхир андозем, ки риш яке аз онхост. Паёмбари акрам (с) садхо суннат доранд, ки риш яке аз онхост. Хар ки тавонист тамоми суннатхои уро дар хаёташ татбик намояд, хушбахтарин инсон аст, агар касе натавонист, ки хамаи суннатхоро анчом дихад, уро бо лутфи худ маъзур доред. Мо хам яке аз хамон бандагони пургунох хастем.

Ном: Мусульманин аз: Москва
26.09.2009 21:38
Ассаламу алайкум! вопрос первый: если между демократией и Исламом существуют противоречия, а они и в самом деле существуют то что же следует делать мусульманину?Должен ли он быть сторонником демократии или осуществлять на практике заповеди Ислама? вопрос второй:Годится ли европейская (то есть светская)модель для того,чтобы служить образцом жизни для нас и для всего человечества?Если же нет следует ли ее заменить?
Дар посух

Ном: Муҳиддин Кабирӣ
26.09.2009 21:38
-Уважаемый брат из Москвы, я лично не вижу противоречий между исламом и демократией. Все зависит от того, что мы подразумеваем, когда говорим о демократии. Если уважение прав граждан, свобода слова, свобода вероубеждения, свободные выборы и социальная справедливость являются демократией, то она полностью соответствует с исламом. И более того, каждый мусульманин должен стремиться к этим ценностям. Но, если под демократией подразумевается легализация наркотиков, проституция и т.д. то естественно, ислам против такой «демократии».
Нет идеальной модели для всех народов и всех государств. Несомненно, европейцы добились огромных успехов в построении совремменных государств и можно использовать этот опыт при построение национальных государств, как это сделали, например, японцы, индусы, турки и др. Оставаясь преданными своим национальным и религиозным традициям и ценностям, эти народы построили современные государства и по некоторым параметрам опережают многие европейские государства. Мы, народы ЦА, к сожалению, все больше приближаемся к типу государственности, который по сути не отличается от ханства или бекства, хотя внешно соблюдены все атрибуты современных демократических гос-в. Я уверен, что мы можем построить развитое и демократическое гос-во и при этом оставаясь приверженцами своей традиции и религии.

Ном: Tojik аз: taiwan
26.09.2009 21:48
Salom. tashakkur ba radioi ozodi baroi iqdomi hubash.
Ustod Kabiri Dar Tojikiston voqean hizbi shumo va azhobi digar yagon mavqe` dorand???Baroi konunero ivaz kardan yo konuni nave qabul kardan nuqtai nazari HNI va digar hizbho ba nazar girifta meshavad?? Dar intihoboti oyanda az hizbi shumo ba kursii parlumon shahse peshnihod shudaast?
Va dar intihoboti oyandai prezdenti shumo nomzadiatonro memoned????????
Agar agar shumo prezdent shaved Tojikistonro davlati islomi mekuned??
Az siyosati imruzai sarvari Tojikiston roziyed? Agar rozi boshed ba kadom dalel(suhanronihoi sarvari davlat dar SMMro dalel nabiyored ham meshavad)lutfan ba savoli bolo mardona , sodiqona, bovijdonona javob dihed, zero durug torikii imon ast, ki shumo az mo 10000000marotiba behtar medoned.
savoli digar in ast, ki sababi hub taraqqi nakardani TJro dar chi meboned?? demokratiyai voqei nest yo mahalgaroii az had ziyod??? Yo in ki bevijdonii rohbaroni hukumati kununi???
Baroi mahalgaroiro az bayn burdan chi kor boyad kard??nisbati peshnihodi hizbi komunistii Tj, ki hukumat qabul nakard chi andesha dored???
qablan mutashakkiram, Hudo hofiz!!!!!
Дар посух

Ном: Муҳиддин Кабирӣ
26.09.2009 21:48
- Дустам аз «Тайван» дар дохили як савол саволхои зиёдеро чой додаанд, ки ба хамааш чавоб додан шояд имкон нашавад, вале ба хар хол талош мекунам.
1. Мо бояд вокеъбин бошем, нуфузи хизбхои сиёсии Точикистонро набояд аз руйи шумораи вакилон дар Парлумон ё аъзои Хукумат бахо дод. Чун интихоботхои мо инъикоскуандаи вокеитяи сиёсии кишвар нестанд ва инро Шумо аз мо бехтар медонед. Албатта, конунхо бо раъйи аксарият кабул мешаванд ва аксариятро ХХДТ дорад ва конунхо тибки хостаи ин хизб кабул мешаванд. Ин маънои онро надорад, ки раъйи дигар ахзоб, аз он чумла, ХНИТ шунида намешавад. Гохо ба инобат хам гирифта мешавад. Вале, инсофан бояд эътироф намуд, ки то хол дар ягон масъалаи усули назари хизбхои дигар хангоми кабули конунхо ворид нагаштааст.
2. Ба саволи Шумо оиди интихоботи президенти чои дигар чавоб хохам гуфт, чун ин савол чанд бор аз тарафи дтгарон такрор шудааст.
3. Чун талаб намудед, ки ба саволи навбатиатон оиди сиёсатхои сарвари давлат мардона чавоб гуям, мардона чавоб мегуям. На хама сиёсатхои Президентро чонибдори менамоям ва хастанд мавридхое, ки бояд дигар хел сиёсатхо пеш гирифта мешуд . Вале, агар президент иштибох намекард президент намебуд, Паёмбар мебуд. Ки гуфтааст, ки президентхо иштибох намекунанд? Аз тарафи дигар, бахои нихоиро бояд дар мукоиса ва пахлуи хам гузоштани сиёсатхои мусбат ва манфи дод. Агар аз ин дидгох бахо дихем, аз соли 2000 то 2006-ро чандон мусбат арзёби намекардам, вале аз 2007 то имруз тагйиротхои мусбат бештаранд. Дар тасмимхо манофеъи милли ва давлати бештар риоя мешаванд.Ин назари як нафар аст ва шумо хак доред, ки кабул нафармоед.
.Барои махалгароиро аз байн бурдан як каме миллатгаро бояд буд, ба маънои мусбати калима, на ба маънои шовинизм. Миллатгароиро банда дуст доштани миллати худ ва эхтиром ба миллатхои дигар мефахмам. Агар ба ин сатх расидем, махалгарои заъиф хохад шуд
5. Пешниходи хизби коммунистро дар бораи тагйири конуни интихобот комилан чонибдорам. Вале ин пешниходи хамаи ахзоб буд , чун дар гурухи кории хамаи хизбхо тайёр шуд. Дустони коммунист якбора онро ба Парламент пешниход карданд ва мо аз он чонибдори намудем. Ба фикрам, Парлумон онро кабул нахохад кард, чун хулосаи Хукумат манфи буд. Агар ду хизби парлумони пешниход мекард хам такдираш хамон мешуд, вале вазнаш каме тагйир мекард. Барои саволхо ташаккур, кисмашро чои дигар чавоб хохам гуфт.

Ном: Tojik аз: taiwan
26.09.2009 21:54
az radioi ozodi ehtiromona hohish dorem, ki suhbate, ki bo Kabiri ba anjom hohad rasonid yak chand ruz dar sahifai internetii radio istad.
Suhbate, ki bo muovini raisi hizbi halki demokrati Davlat bud hub bud, lekin tez az sahifai internet nest shud va hama natavonistand, javobhoi Davlatro purra mutolia kunand.
tashakkur in yak hohish ast agar chunin kor imkonpazir boshak hele hub meshavad.
boz yak bori digar tashakkur ba hamai kormandoni bahshi tojikii radioi ozodi!!!!!!!!!!!!!
Дар посух

Ном: Муҳарири сомонаи Озодӣ:
26.09.2009 21:54
Ба гӯшаи чапи сафҳаи аслии ин сомона бингаред, дар он ҷо феҳрас ва линки ҳамаи сӯҳбатҳои он-лайн ҷойгир аст.

Ном: Точик
26.09.2009 23:19
3. Барои чи хизби Шумо барои бисёре амалхои бемантиконаи Хукумат вокуниши дурусте нишон намедихад?
Дар посух

Ном: Муҳиддин Кабирӣ
26.09.2009 23:19
- Дусти азиз, ба амалхои бемантикона, сарфи назар аз чониби касе ки набошад, вокуниш нишон додан худ бемантикии дигар аст.

Ном: salommat аз: dushanbe
26.09.2009 23:25
salom kormandoni rdioi ozodi baroi in fursat.
va suoli man ba ogoi kbiri hamin ki shumo solhoi daroz shud ki hamchun hizbi rasmi shiokhta meshave vale shumo dar sahnai siyosi hej tasir nadored hozir hukumat chi mekhohad mekunad vale shumo dar khobi daroz hijobro man kardand va digar korhoe mekunand ki z ahgashon nest shumo yane hizbi nhzat ba azaram hozr hej foidae adored ba nazari man baroi hamin isbot kuned ki shumo hadaf dored va oyandai tojikiston ngz shavad salomat boshed.
Дар посух

Ном: Муҳиддин Кабирӣ
26.09.2009 23:25
- Ташаккур барои эроди шумо ва фикр мекунам, ки интизорӣ ва таваккуъи Шумо аз як хизби сиёси бештар аз имконот ва ваколати як хизб хаст. Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки ХНИТ ягона хизб, ташкилот ё тарафе буд, ки аз хохарони сатрпуш дифоъ кард, шояд шумо маълумоти камтар дар ин бора доред. Банда нусхаи мактуби вазири маориф ба Мачлиси намояндагонро дорам, ки дар он аз болои фаъолияти вакили хизб ушикоят шудааст. Зеро, барои дифоъ аз хукуки донишчуён ба Донишгох рафта, ончо вакил суханрони намуда буд ва талаботи конунхо ва Сарконун шарх дода шуд. Ба Прокурори Генерали ЧТ аз тарафи вакили хизб нома фиристода шуд, то конуният ва хукуки инсон риоя шавад. Чавоби Проукрори Генерали нашр карда шуд, то шахрвандон ах хукуки худ огох бошанд. Ва хар донишчуе ё волидайне, ки назди мо омаданд, кадри имкон кумак намудем, ба хусус, кумаки хукуки. Пайгирии мо аз ин мавзуъ то хаде буд, ки ХНИТ-ро ба «сиёси» кардани масъала гунахкор карданд, хол он, ки мо танхо ба мурочиати мардум чавоб гуфтем ва амал намудем. Оё ташкилоте ё хизбе гайри мо аз хукуки хохарон дифоъ кард, барои мисол, ташкилотхои расмии исломи? Шояд Шумо маълумот надоштед, вале агар баъди ин хама холо хам ба ин назар бошед, ки аз вучуди мо нафъе нест, хаки шумост. Талоши мо барои исбот кардани нафъи хизб нест, барои ризои Худо ва мардум аст.

Ном: Шухрат аз: Москав
26.09.2009 23:43
Салом Устод, Оё ХНИТ барои бартараф кардани конун бигуем ва ё амру фармони манъи хичоби хохаронамон ва фарзандонамон, ки дар мактаби миёнаву макотиюхои олии кишвар тахсил доранд, бо Вазорати маориф ба мувофика омада метавонад, ки он хам ягона либоси шарму хаёро пинхондоранда аст?
Оё ман метавонам аъзои хизб бошам ва мегуфтед, ки барои шомил шудан ба ХНИТ чи амалхоро ба анчом расонид?
Дар посух

Ном: Муҳиддин Кабирӣ
26.09.2009 23:43
- Бародар Шухрат, шарт нест, ки вазорати маориф дар масъалаи либоси хохарону фарзандони мову Шумо бо хизби мо ба мувофика биёяд, мухим он, ки бо мардуми кишвар дар мувофика бошад. Ин лутфи Шумост, ки лозим мешуморед, то бо хизби мо дар тавофук бошанд, вале барои мо кофист, ки арзишхо ва эътикоди мардумро ба инобат бигиранд. Дар кишвари мо холо расм нашудааст, ки бо як хизби сиёси машварат кунанд, «то ин сатх поин фуромадан»-ро барои худ муносиб намебинанд.
- Шумо барои узви хизби мо шудан ба шуъбаи хизб дар нохияи худатон мурочиат намоед ва ба шумо кумак хоханд кард ё ба дафтари марказии хизб вокеъ дар кучаи Борбад, 1 мурочиат намоед.
Ташаккур.
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 16

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил