Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Қурби сомонӣ

TJS / 
USD
4.3669
TJS / 
EUR
5.8810
TJS / 
RUB
0.1447
TJS / 
KZT
0.0295
TJS / 
UZS
0.0028

Қурб дар ҳоли тағйир аст.

Баҳс

Саволи Шумо ба раиси Бонки Миллии Тоҷикистон

19.09.2009

Шарифҷон Раҳимзодa аз 28-уми январи соли 2008, яъне муддати нисбатан кӯтоҳест, ки ба Бонки Миллии Тоҷикистон сарварӣ мекунад. Аммо дар ҳамин давра, ба назар мерасад, фаъолияти БМТ бо як ислоҳоти муҳим рӯбарӯ гашт. Маълумоти густардае дар бораи кори бонки миллӣ дар ҳифзи қурби пули миллӣ ва пуштибонӣ аз низоми бонкдории кишвар мунташир гашт. Ҳамзамон натиҷаҳои аудити байнулмилалӣ камбудиҳои ҷиддиеро дар кори БМТ дар давраи пеш аз оғози кори ҷаноби Раҳимзода ошкор намуд ва ҳам ин давраи мушкиле буд, ки бӯҳрони ҷаҳонӣ ба қурби пули миллӣ асар гузошт.

Вазъи феълии Бонки Миллии Тоҷикистон чӣ гунааст? Таъсири он ба вазъи молиявӣ ва иқтисодии кишвар чӣ гуна хоҳад буд? Камбудиҳео, ки бозрасии байнулмилалӣ ошкор кард, чӣ тавр ислоҳ карда мешаванд? Қурби сомонӣ ҳамин гуна хоҳад монд ё коҳиши бештар хоҳад ёфт?

Инҳо пурсишҳое ҳастанд, ки бисёриҳоро ба ташвиш меоранд. Шарифҷон Раҳимзода изҳори омодагӣ кард, ки рӯзи панҷшанбеи 24-уми сентябр аз соати 15:00 то 17:00 ба вақти Душанбе меҳмони сомонаи мо бошад ва дар Гуфтугӯи мустақими интернетӣ ба саволҳои Шумо посух диҳад.

Шумо метавонед, саволҳои худро аз ҳоло ин ҷо бинависед.

Ин баҳс баста шудааст.
Comment Sorting
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 4
Ном: Абу аз: Душанбе
19.09.2009 12:45
Мехохам гуям, ки яке аз камтарин аъзои хукумати Точикистон хастед, ки то андозае ба шумо, ба поквичдони ва дасту дили тозаатон эътимод аст.

4 суол дорам:

1) Мегуянд, бо ба кор омадан, дар хайъати кормнадони БМ ислохот гузаронидед. Ва ба чои кадрхои нолоик, кадрхои чавон, донишманд, забондон ва дар хорича тахсилкардаро ба кор кабул кардед. Метавонед бигуед, ки дар давраи фаъолияти Шумо хайъати БМ чанд фоиз кохиш ефт ва чанд фоиз тагйир дид? Ба кормандони худ як характеристикаи мачмуъи дода метавонед?

2)Ба БМ чи гуна ба кор омадан мумкин аст? Ое вакансияхои худро дар кучо эълон мекунед?

3) Гузориши Эрнст энд Янг дар бораи бозрасии БМ аз торнамои бонкатон кучо шуд?

4) Чаро бо хафтаномаи СССР даргир шудед?

Ташаккур
Дар посух

Ном: Шарифҷон Раҳимзода
19.09.2009 12:45
Аввалан, Ассалому аллайкум ва ташаккур ба радиои “Озодӣ”-ю шунавандагони он барои таваҷҷӯҳ ба масъалаҳои бонкдорӣ, гардиши пулу қурби он, вазъи молиявии Бонки миллию моҳияти он барои кишвари азизамон.
Баъзе саволҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки на ҳама дар бораи Бонки миллӣ ва вазифаҳои он маълумоти пурра доранд. Бинобар ин, сараввал мехостам дар ин бора маълумоти мухтасар диҳам. Бонки миллӣ - бонки марказии мамлакат ва бонки бонкҳои дар кишварамон фаъолияткунанда мебошад. Вазифаҳои он: таъмини мӯътадилии нархҳо, ташкили низоми пардохтҳо ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ (бонкҳо, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ) мебошад. Ба сохторҳои хусусӣ ва шахсони воқеӣ қарз намедиҳад. Ба пешбурди сиёсати пулию қарзии кишвар машғул буда ба Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии мамлакат ҳисоботдиҳанда мебошад.

Акнун, шурӯъ мекунем ба баррасии саволҳои ба сомонаи радио воридшуда.


1. Бале, баъди ба кор омадани ман, вобаста ба вазифаҳои дар назди Бонки миллӣ гузошташуда дар сохтори Бонки миллии Тоҷикистон тағйиротҳо ба амал омаданд. Аз ҷумла, ду Идораи мустақили Бонки миллии Тоҷикистон (Идораи амалиётҳои ҳукуматӣ - 22 нафар ва Идораи татбиқи стратегияи ҳалли қарзҳои бахши пахтакорӣ - 13 нафар ) бо коргаронашон ихтисор карда шуданд. Ҷамъ то имрӯз 19 % и кормандон аз кор озод карда шуданд. Дар масъалаи ба ҷои кадрҳои нолоиқ кадрҳои ҷавон, донишманд, забондон ва дар хориҷа таҳсилкардаро ба кор қабул кардан ҳаминро қайд карданиам, ки ин масъала доимо дар зери назари Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мебошад. Дар БМТ комиссияи тахассусӣ амал мекунад, ки тамоми мутахассисонро аз санҷиш мегузаронад. Дар ҳолати муайян намудани шахсони тасодуфӣ ё ба гуфти шумо "нолоиқ", ки аз санҷиши тахассусӣ гузашта натавонистанд, шартномаи меҳнатӣ бо онҳо бекор карда мешавад (дар доираи Кодекси Меҳнати ҶТ).
Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон 95 фоизи мутахассисон маълумоти олӣ доранд, 3 нафар доктори илм ва 15 нафар номзади илм мебошанд.
Синну соли миёнаи мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон ба 40 баробар аст. Мутахассисони ҷавони БМТ 31,5% фоизи кормандонро ташкил медиҳанд.
Агар ба таври умумӣ ва хеле кӯтоҳ ба корманди БМТ характеристика (тавсифнома) диҳем, он гоҳ он чунин хоҳад буд: Аз сатҳи донишу салоҳиятнокии кормандони худ розиям

2. Ба Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси озмун ба кор омадан мумкин аст. Барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ асосан дар сайти интернетии БМТ эълон ҷой дода мешавад.

3. Мувофиқи тартиби ҷойгиркунии маълумот дар саҳифаи асосии сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон маълумоти пештара баъди анҷоми ҳар моҳ аз қисми “Ахбор” ба қисмати “Интишорот” гузаронида мешавад. Ҳисоботи аудити махсуси ширкати Эрнст энд Янг дар сомонаи БМТ аз моҳи апрели соли 2009 дар қисми “Интишорот” мавҷуд аст ва файли он дар суроғаи зерин ҷойгир шудааст:
ttp://www.nbt.tj/files/docs/annual_report/rep_rus.pdf

4. Ба хотири исботи ҳақиқат ва ҳимояи манфиатҳои миллату ватан.

Ном: Mehmon аз: Khujand
19.09.2009 13:54
Mehostam, fikri shumoro oidi natijahoi audit va tasiri on ba obrui Tojikiston dar arsai jahoni purson shavam:

1) Sabab chist, ki barhe az shahsoni volomakom ba guzaronidani amalieti moliyavie, ki ba manfiati hudashon, vale bar zarari obrui mamlakat ast, dast mezanand?

2) Chunin ashhos ba hukumat hele nazdikand e kodirand ki hammaro biharand?

3) Chi boyad kard, ki on chize ki dar BMT rui dod, digar rui nadihad?
Дар посух

Ном: Шарифҷон Раҳимзода
19.09.2009 13:54
1. Ман аз натиҷаҳои аудити Бонки миллии Тоҷикистон он қадаре, ки лозим мешуморам қаноатманд нестам, зеро аудиторон бо сабаби надоштани таҷрибаи кофӣ дар низоми ҳисобдории санҷиши дуруст гузаронида натавонистанд. Ба ҳар ҳол, аудити фаъолияти мо зарур буд ва барои ҷомеаи ҷаҳонӣ интишор намудани натиҷаҳои он амри табиӣ. Албатта, он ба обрӯи Тоҷикистон каме таъсири манфӣ расонид, вале дар навбати худ исбот намуд, ки омодаи ҳамкорӣ ва таъмини шаффофият дар кори худ ҳастем.

2. Аввал ин ки савол мушаххас нест. Агар манзури Шумо аз ин савол манфиатҷӯии шахсони алоҳида бошад, бояд зикр намуд, ки чунин амал хислати писандида нест ва мутаассифона, дар ҷомеаи мо низ каму беш ҷой дорад.
Ҳар ҷо ки ҳабибест, ба паҳлӯ-ш рақибест,
Дар боғи ҷаҳон як гули бехор набошад.
Гумон мекунам, ки арзёбии манфиатҷӯии шахсони алоҳида ба салоҳияти мақомоти дахлдор тааллуқ дорад.

3. На ину на он. Гумон намекунам, ки чунин шахсон бо ҳукумат наздикӣ дошта бошанд, зеро ҳамагон аз сиёсати давлату ҳукумат ва муносибату муборизаи давлату ҳукумат бо чунин ашхос хуб огаҳӣ доранд. Гузашта аз ин, ҳеҷ имкон надорад, ки ҳамаро бо пул бихарӣ. Ҳамин тавр не?

4. Шаффофиятро дар фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон таъмин бояд намуд, дар доираи талаботи қонуну фармонҳои Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар ва қарорҳои ҳукумат корро ба роҳ мондан зарур.

Ном: Шохин аз: Душ
19.09.2009 14:25
бигуед, ки 1 январи соли 2010 1 доллари америкои чанд сомони мешавд то ман ягон фикр кунам.
Дар посух

Ном: Шарифҷон Раҳимзода
19.09.2009 14:25
Дар ҷаҳони муосир қурби асъор ва бисёр дигар нишондиҳандаҳои иқтисодӣ вобаста ба фаъолияти иқтисодиёт, унсурҳои талабот ва пешниҳод дар қисматҳои бозор ва дигар омилҳо вобаста мебошад ва имконияти ба таври аниқ гуфтани он дар оянда номумкин аст. Раиси Бонки миллӣ ҳуқуқи маънавии чунин пешгуиро надорад. Мо ҳама чораҳоро меҷуем, то қурби сомонӣ устувор монад.

Ном: Сиёвуш аз: Норак
19.09.2009 14:45
1-натичахои аудити ахир ба хама маълум аст,вале чизе ки мехостам аз Шумо бихамам инаст ки Шумо фаъолияти раиси каблии БМТ-ро чи хел арзёби мекунед.
2-Имруз курби пули миллии Точикистон бар пояи чи меистад.(маблаги мухочирон ё иктисоди кишвар)
3-Маоши Шумо чанд аст ва мутахсиси оидии банк чи кадар пул мегирад.
Ташаккур
Дар посух

Ном: Шарифҷон Раҳимзода
19.09.2009 14:45
1. Ман ҳуқуқи баҳодиҳӣ ба фаъолияти Раиси пешинро надорам. Албатта, командаи ӯ ба хатоиҳо роҳ доданд, вале хатоиро оне намекунад, ки ҳеҷ кор намекунад. Ӯ дар шароити вазнини иқтисодию сиёсӣ ба роҳбарӣ омад ва иҷрои вазифаҳои вазнинро ба ӯҳда гирифт. Ростӣ, ман аз ӯ бисёр хислатҳоро омӯхтаам: хоксорӣ, пуртамкинӣ, ҳурмату эҳтироми дигарон новобаста аз сатҳ ва ғайра.

2. Имрӯз пояи қурби пули миллии на ин, ки Тоҷикистон, балки тамоми кишварҳои ҷаҳон дар асоси иқтисодиёти кишвари худ, аз ҷумла вазъи тавозуни пардохти он, ки мавқеи холиси амалиёти иқтисодии хориҷиро (маблағи муҳоҷирон танҳо яке аз қисматҳои ин тавозун мебошад) дар бар мегирад, меистад.

3. Мувофиқи қарори раёсати БМТ эълони маош ба гурӯҳи сирри бонкӣ ворид шудааст ва ман наметавонам ин қарорро вайрон кунам, зеро тобеъи Раёсат мебошам. Фақат гуфта метавонам, ки он аз маоши роҳбарони бонкҳои тиҷоратӣ 2-3 маротиба камтар аст. Маоши камтарин дар Бонки миллӣ 270 сомонӣ мебошад.

Ном: Абдучалили Комили аз: Душанбе
19.09.2009 16:42

Дуруди Худованд ба Шумо Раиси мухтарам!

Имруз чи тавре ки хамаи мо огахи дорем ва хуб дарку эхсос мекунем, ки бухрони молиявию-иктисоди сар то сари чахон пахн шуда истодааст ва кишвари моро низ бетаъсир нагузошт.
Раиси мухтарам!
Вазъияти курби миллии кишвар чи гуна аст??
Оё пули миллии мо нисбат ба доллар ва евро шикаст мехурад ва арзиши аслии худро аз даст медихад???
Чаро имруз дар аксари нуктахои мубодилаи асъор арзиши пулхо аз арзиши пулхои бонкхои кишвар фаркияте доранд (яъне агар дар бонк арзиши доллар 4.37, 4.40 бошад пас дар нуктахои мубодилаи асъор 4.44 ва г.)???
Бонки Милли дигар бонкхои Точикистонро чи гуна назорат мекунад ва дар холати муфлисшавии бонкхои кишварамон амонатгузорони ин бонкхо чи бояд кард???



Бо камоли эхтиром,
Абдучалили Комили
шахри Душанбе
19 сентябри соли 2009
Дар посух

Ном: Шарифҷон Раҳимзода
19.09.2009 16:42
1. Чанд моҳи охир қурби пули миллӣ устувор аст ва рӯзҳои охир он устувортар шуда истодааст. Тағйирёбии он нисбати доллару евро аз имкониятҳои мо ва ҳолати молиявии иқтисодиёти кишварҳои Амрикову Иттиҳоди Аврупо, кишварҳои шарики иқтисодиамон ба монанди Россияву Қазоқистон вобаста аст.

2. Зеро мо дар БМТ қурби асъори ғайринақдиро муайян мекунем, дар нуқтаҳои мубодилаи асор бошад, қурби асори нақдӣ муайян мешавад, ки овардану хариду фурӯши он хароҷоти иловагӣ мехоҳад.

3. Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 52 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” аз болои ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) назорати маҷмӯӣ мебарад. Мо доимо фаъолияти онҳоро месанҷем, ки он баррасии фаъолияти ташкилоти қарзӣ (кредитиро) барои муайян кардани вазъи молиявиашон, инчунин мувофиқати фаъолияташон ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», қонунҳои дигар ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, санадҳо ва сиёсати дохилии онро дар бар мегирад.

4. Не. Тағйири қурби пули миллӣ танҳо дар ҳолате рух медиҳад, ки агар қурби пули шарикони иқтисодии кишвари мо ва ё қурби доллару евро дар бозори ҷаҳонӣ дигар шавад.

Ном: Рустам аз: Бухоро
19.09.2009 17:05
Мухтарам Шариф Махсумович,
Бо байни хурмати бепоён нисбат ба Шумо ман саволхои зерин дорам:
1.Шумо чандин солхо тахти рохбарии академик Талбак Назаров дар вазифаи сафири Точикистон дар Шохигарии Белгия, Шурои Аврупо ва НАТО кор намудед ва ин мактаби зиндагиро барои хеш чи гуна бахо дихед;
Шумо як икдоми мардона намуда, хисоботи тафтиши Бонки Миллиро барои назари халк ва чомеаи чахони мондед, ки дар натича аз дуздии корамандони давлати ба маблаги кариб 850 миллион доллар, хатто мафиозхои Сицилия хешро дар назди ин кабил "хизматгорони халк" худро шогирд хонданд. Максади саволи ман ин аст, ки дина Парлумони Аврупо пеш аз тасвиби Созишнома бо Точикистон талаб намуд, ки натичаи тафтиши "Барки Точик" ва "Талко" ба халки Точикистон ошкор гардад, то халк донад, ки маблагхои он ба кучо сарф мешаванд. Нуктаи назари Шуморо дар ин маврид мехохам фахмам.
Каблан барои чавоб изхори ташаккур менамоям!
Дар посух

Ном: Шарифҷон Раҳимзода
19.09.2009 17:05
Албатта, хуб аст агар натиҷаҳои аудит дар сомонаҳои ширкатҳо нашр шавад, вале ин вобаста аст аз талаби шартномаи бо аудитор басташуда ва манфиатҳои иқтисодии ширкату кишвар. Баъзан ошкор кардани натиҷаҳои фаъолият ба ояндаи ширкат таъсири манфӣ мерасонад, зеро дар пурзӯршавии ҷосусӣ ё шпионажи иқтисодӣ он метавонад боиси аз бозор ронда шудани ширкат гардад.

Ном: SayNoToCorruption
19.09.2009 17:27
Чанд мошини шахси доред ва чи тамга? Чанд хона доред? Мошини давлатиятон чи тамга аст? Хар руз аз соати чанд то чанд кор мекунед? Чанд фарзанд доред ва дар кучо мехонанд? Ое дар Бонки Милли ягон хешатон кор мекунад?

АГар шумо хам аз посух ба ин суолхо худдори кунед, пас охирин бовари ба хукумати Точикистон хам аз байн меравад.
Дар посух

Ном: Шарифҷон Раҳимзода
19.09.2009 17:27
1. Мошини шахсӣ надорам ва ҳаваси мошиндорӣ низ. Намедонам барои чӣ, вале мошинронӣ карда метавонам ва ҳангоми сафириам дар Белгияву Франсия ин ба ман бисёр ёрдам кард, зеро соли аввал ронанда надоштам. Писарам мошини Тойота-корола дошт, ки чанд рӯз пеш онро фурӯхт.

2. Як ҳавлӣ, ки ҳангоми сафириам харида будам ва квартираи пешинаам, ки ҳоло дар он писарам зиндагӣ дорад.

3. Бонки миллӣ вобаста ба зарурат мошинҳои зиёди зиреҳпӯшу гуногунтамға дорад. Ман ҳангоми ба Ҳукумат рафтан аз мошини Тойота-авалон ва дар ҳолатҳои дигар аз мошини Тойота-корола истифода мекунам, зеро он каммасраф аст – 8 литр сӯзишворӣ дар 100 км.

4. Рӯзи корӣ барои ман аксаран соати 7-и саҳар шурӯъ шуда, то соатҳои 8 – 10-и бегоҳ давом мекунад.

5. Ду фарзанд. Дар мактабҳои олӣ хондани онҳо ба давраи сафирии ман рост омад. Аз ин рӯ, яке Донишгоҳи озоди Брусселро бо забони франсавӣ хатм карда, дигаре ду сол дар донишгоҳи номбаршуда таҳсил карда, баъд ба Донишгоҳи Небраскаи Амрико рафта, соли гузашта онро хатм кард.

6. Ҳа. Духтарам ҳангоми фаъолияти ман дар Бруссел донишгоҳи онро хатм карда, ба Тоҷикистон баргашт ва ӯро дар Бонки миллӣ ба кор гирифтанд ва то раисии ман аллакай иқтисодчии ин бонк буд.

Ном: Shodmon аз: Dushanbe
19.09.2009 20:47
Salom,janobi rais chande pesh shunida budam,ki dar BMT ozmun baroi donandagoni zabonhoi inglisiyu chini barpo shuda bud,mekhostam donam ki holo ham ba chunin tarjimon zarurat dored va sathi donishi u ba chi daraja boshad?
Дар посух

Ном: Шарифҷон Раҳимзода
19.09.2009 20:47
Бале чунин озмун дар сайти интернетии Бонки миллии Тоҷикистон эълон шуда буд, аммо фақат барои донандагони забони чинӣ. Ҳоло мо эҳтиёҷ ба чунин мутахассис надорем. Сатҳи дониши чунин мутахассисон бояд дар дараҷаи аъло бошад, яъне онҳо бояд аз ӯҳдаи ҳам тарҷумаи хуби шифоҳӣ ва ҳам тарҷумаи хаттӣ баромада тавонанд.

Ном: Garib аз: Washington
20.09.2009 08:44
Salom! Muhtaram Sharifjon Rahimzoda az yak chand nafarone, ki dar strukturahoi gunoguni davlati kor mekunand shunidaam, ki davlat 1 summai muayyanro baroi behbudii hamon struktura judo mekunadu ammo hamon summai guftagiro az bonkho namegirad yo, ki ba'ze vaqt 10%-i hamon summaro megirandu khalos. Hammai inro ki boyad nazorat kunad? Tashakur . . ..
Дар посух

Ном: Шарифҷон Раҳимзода
20.09.2009 08:44
Назорати маблағҳои давлатӣ ба ӯҳдаи хазинадорӣ аст ва бонкҳо танҳо вазифаи кассирро иҷро мекунанд. Яъне, чанд сол боз бонкҳо ба даромаду хароҷоти маблағҳои буҷетӣ сару кор надоранд.

Ном: Шаффоф
20.09.2009 11:26
Фаъолияти БМТ шаффоф аст ё не? Шумо бо велосипед ба кор меравед ё бо мошини давлати? Барои чи халк бештар ба бонкхои Ориёнбонк, Содиротбонк, Агроинвестбонк ва Эсхата бовари дораду ба БМТ не? Фонди тиллои Точикистон чи кадар аст? Барои чи БМТ мисли дигар бонкхои пешрафта хизматрасонихои Онлайн Банкинг надорад?
Саволхо бисёр - агар як хизмати мубодилаи онлайн дар сайтатон ташкил кунед хуб мешавад.
Дар посух

Ном: Шарифҷон Раҳимзода
20.09.2009 11:26
1. Албатта шаффофият пурра нест ва ин тавр ҳам бояд набошад, зеро қисме аз фаъолияти мо сирри давлатию бонкӣ мебошад, вале ончӣ, ки ба хароҷоту даромади мо дахл дорад, дар нишондиҳандаи тавозунамон инъикос ёфта, ба Маҷлиси Намояндагон пешниҳод мешавад.

2. Аксари вақт бо мошини давлатӣ, вале бисёр мехостам, ки пиёда ба кор оям. Велосипедсаворӣ дар мо хуб пазируфта нашудааст.

3. Бонки миллӣ манфиатҳои миллиро ҳимоя мекунад, вале ба шахсони алоҳида хизмат намерасонад. Чунин аст талаботи қонун. Бинобар ин муқоиса кардани Бонки миллӣ бо бонкҳои тиҷоратӣ аз рӯи мантиқ нест.

4. Захираҳои асъорию тиллоии мамлакат ҳоло 330 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳанд.
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 4

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил