Пахши зинда

Ҳоло дар амвоҷ

Маҷаллаи шомгоҳӣ

Барномаи оянда

БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Қурби сомонӣ

TJS / 
USD
4.3669
TJS / 
EUR
5.8810
TJS / 
RUB
0.1447
TJS / 
KZT
0.0295
TJS / 
UZS
0.0028

Қурб дар ҳоли тағйир аст.

Баҳс

Саволи Шумо дар бораи дину мазҳаб

10.08.2009

Сайидбек Маҳмадуллоев, сардори Шӯъбаи умури дин дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аст. Вай изҳори омодагӣ намуд, меҳмони сомонаи мо шавад ва ба пурсишҳои хонандагони он посух диҳад.

Бархе аз хонандагон пештар саволҳое фиристода буданд, ки ба Қонуни нави дин ва иттиҳодияи мазҳабии Тоҷикистон дахл доштанд. Ҷаноби Маҳмадуллоев бархе аз нукоти қонуни нав ва ҳамзамон баҳсҳои марбут ба сабтиноми масҷидҳо, таълими динӣ, ҳиҷоби донишҷӯдухтарон ва монанди инҳо посух дода буд. Вале ба назар мерасад, норӯшанӣ ва ноқаноатмандиҳо дар ин робита боқӣ мондаанд.

Ҳоло имкони хубест, барои ба миён гузоштани пурсишҳои гуногун ва аз байн бурдани шубҳаву гумони ногувору нолозим ва ҷудоиандоз.

Гуфтугӯи мустақими интернетӣ бо Сайидбек Маҳмадуллоев рӯзи ҷумъаи 14-уми август, аз соати 14:00 то 16:00 ба вақти Душанбе ҷараён хоҳад гирифт.

Аммо хоҳишмандон метавонанд, саволҳои худро дар ҳамин сафҳа бинависанд ва дар рӯзи гуфтугӯ ба онҳо посух бигиранд.

Интизори пурсишу дархостҳои Шумоем.

Ин баҳс баста шудааст.
Comment Sorting
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 5
Ном: Луки аз: Хучанд
10.08.2009 16:47
Сайидбек Маҳмадуллоев,Илтимос ба ин савол пура чавоб дихед!
Барои чи ин конуни нави динии шумо аз хама зиёд монеахоро асосан барои мусалмонон эчод кардааст. Амсоли дар канори рох намоз хондан мумкин нест,Мавлудро дар маьракахо гузаронидан мумкин нест,наврасон бояд ичозатнома гиранду пас аз он ба масчид раванд ва г....Чаро дар маьракахо сурудхониро мань намекунеду мавлуди Набавиро мань кардед?Ё хофизи ба мо аз замонахои пеш омадаасту Мавлуди Набавиро мардум аз пеши худ баровардаанд?
Ва як саволи дигар оё шумо аз дину оин хабардоред?Чунки чунин вазифаро бояд як мусалмони комил сохиб бошад ки аз тамоми пахлухои дин хабардор бошад.
Дар посух

Ном: Сайидбек Маҳмадуллоев
10.08.2009 16:47
Бо ин ақидаи шахсии Шумо, ки ҳоло гӯё дар қонуни нав асосан барои мусулмонон монеаҳо эҷод шудааст, ман розӣ шуда наметавонам. Ва ин мисолҳое, ки Шумо овардед, монанди ин ки дар кнори роҳ намоз хондан мумкин нест, мавлудро дар маъракаҳо гузарондан мумкин нест, ё ин ки наврасон бояд иҷозатнома гиранд -- ҳамин гуна мамониятҳо дар қонун мушахассан наомадаанд, ин бардошти Шумо аз қонун аст. Дар қонун ҷойҳое ки ибодат анҷом дода мешавад, фарқ надорад, исломӣ ё масеҳӣ, нишон дода шудааст. Яъне ибодат дар ибодатгоҳҳо ва замини мутааллиқ ба он, дар зиёратгоҳҳо, дар қабристонҳо -- ин вобаста ба эътиқодҳои ин ё он дин анҷом дода мешавад, яъне ҷойҳои ибодат муайян карда шудаанд. Акнун сурудхониро манъ кардан, дар қонун на мавлуди набавиро зикраш рафтаасту на сурудхонӣ. Ин гапҳо дар қонун нестанд, ин ҳам бардошти хусусии Шумо аст. Масалан, Шумо чанде пеш шоҳиди он будед, ки дар ҷумҳурии мо нахустфестивали умумиҷумҳурии наътхонӣ баргузор гардид. Ба андешаи ман, дуруст мегӯед, ки мавлуди дар мардуми мо набуд, лекин наътхонӣ буд. Наътхонӣ худ ин як баршумурдани сифтаҳои неки паёмбари гиромӣ аст. Ёд кардан, яъне муҳаббату дӯстдории худро нисбати паёмбари гиромӣ изҳор кардан аст. Ин чиз дар мардуми мо хеле маъмул буд, як замоне аз байн рафта буд. Дуруст мегӯед, ҷои наътхониро мавлудхонӣ гирифта буд. Акнун ҳамин чиз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шуд ва умед дорем, ки дар оянда ин анъана, ин суннати неки мардуми мо дастгирӣ меёбад ва боз ҳам пешрафт хоҳад кард. Хуб, саволи Шумо, ки оё ман аз дину ойин хабар дорам. Бале, то қадри микон ман хабар дорам ва ҳамчунин вазифаи ман тақозо мекунад, ки на танҳо аз дину ойини ислом, балки аз тамоми динҳо бояд ки маълумоти кофӣ дошта бошам дар бораи тамоми динҳо, дар бораи тамоми эътиқодҳо, дар бораи таърихи адён, умуман ман бояд диншинос бошам. Ва дар соҳаи диншиносӣ ман аз соли 1984 фаъолият дорам, аз замоне ки ҳамчун муҳаррир ба Сарредактсияи илмии Энтсиклопедияи тоҷик ба кор омадам, ба ҳайси мудири шӯъбаи фалсафа ва ҳуқуқ. Ва масоили динӣ, мақолаҳои марбут ба динро ман таҳия ва таълиф кардаам.

Ном: Mirsaid аз: dushanbe
10.08.2009 18:17
Салом алайкум
Омадани мохи шарифи Рамазонро барои хамаи шумоён табрик менамоям
Чаро дар масочид дарси курон ва раби ва форси ичозат нест
Дар посух

Ном: Сайидбек Маҳмадуллоев
10.08.2009 18:17
Тибқи қонуни феълӣ, таъсис додани гурӯҳҳои таълими динӣ дар масҷидҳои ҷомеаъ ва масҷидҳои ҷомеи марказӣ иҷозат аст. Лекин таълими инфиродӣ, вай Қуръон таълим додан аст ё ин ки дигар асосҳои илми динро омӯзонидан аст, ба таври инфиродӣ метавонанд аз якдигар таълим бигиранд, ба якдигар таълим бидиҳанд, ин чиз манъ шудагӣ нест. Яъне ҳар кас тибқи Моддаи 8, банди 1-и ҳамин қонун метавонад, ки дар алоҳидагӣ ва ё ҳамроҳи дигарон аз таълими динӣ бархӯрдор гардад. Ин чизро қонун иҷозат додааст.

Ном: Мехмоншо аз: Хоруг
10.08.2009 19:21
Мушовири давлатии Президент Фаттоев дар маколааш, ки "Чумхурият" ва "Ховар " нашр кард, гуфт, ки дар чойи кор намоз хондан хам ба конуни нав ва хам ба кодекси мехнати кишвар мухолиф аст. Яъне, зохири матни конунро чонибдори кард, хол он, ки баъзе масъулин матни конунро ба тавре таъвил мекунанд, ки аз асли матн дур меравад ва мехоханд онро сабук гардонанд. Чун матн мушаххас нишон додааст, ки дар кучо метавон ибодат кард, маънии онро дорад, ки дар гайри он берун аз конун аст. Бардошти банда хам аз матн чунин аст. Назари чаноби Махмадуллоев чист?
Дар посух

Ном: Сайидбек Маҳмадуллоев
10.08.2009 19:21
Дуруст мегӯед, ки дар Қонун мушаххасан нишон дода шудааст, ки ибодат дар куҷо анҷом дода мешавад. Хуб, дар ғайри ин ҷойҳо мушаххасан нишон дода нашудааст ва ин маънои онро надорад, ки дар ғайри ин ҷойҳо хондан манъ аст. Яъне ибодат дар ибодатгоҳҳо гуфтем, дар замини мутааллиқ ба он, дар қабристонҳо аз рӯи хусусияти эътиқодӣ, дар зиёратгоҳҳо ва манзилу хонаҳои шаҳрвандон. Ҳамин аст мавзеъҳое ки дар онҳо ибодати динӣ анҷом дода мешаванд. Хуб дар масъалаи он ки дар ҷои кор намоз хондан манъ аст, инро ҳамон қонуни меҳнат муайян мекунад, ин вобастагӣ дорад ба қонуни меҳнат.

Ном: Камол аз: Хучанд
11.08.2009 09:09
Огои Махмадулоев магар шумо намедонед ки факат мусалмонон ончунон Худотарсанд ки намехоханд намозашонро Казо кунанд ва аз ин сабаб "чои кор аст,сари рох аст ва ё чои дигар намозашонро ХолисанЛиллох мехонанд.Ин конуни шумо маьнои онро дорад ки Хукумати точикистон бар зидди Мусалмонон ин конунро баровардааст.
Ва як савол: шумо пештар гуфта будед ки ин конун бо ахкоми дини бахсхо карда бо розигии онон кабул шудааст! Шумо гуфтаниед ки ин конунро бо Уламои асосии Точикистон амсоли Эшони Нуриддин,Хочи Мирзо,Алома ва дигарон дида баромадед ва ё факат бо Амонулло ва Саидчон ки илми кофиро надоранд?
Дар посух

Ном: Сайидбек Маҳмадуллоев
11.08.2009 09:09
Ман ҳам бо Шумо ҳамақидаам, ки мусулмонони Ҷумҳурии Тоҷикистон худотарсанд ва онҳо намозу ибодаташонро дар вақташ бояд анҷом диҳанд, анҷом медиҳанд ва барои ин кӯшиш меунанд. Лекин акнун риояи қонун ҳам бояд ки аз ҷониби шаҳрвандони мо шавад, чунки қонун, ки ба тасвиб расид рияои он барои тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳатмӣ мегардад. Ман ба он ақидаи Шумо розӣ шуда наметавонам, ки гӯё ки ҳамин Қонун бар зидди мусулмонон бароварда шуда бошад. На. Ин ҷо манфиати мусулмонон дар назар гирифта шудааст ва ин Қонун ҳам бо дилпурӣ метавон гуфт, ки барои мусулмонон эҷод шудааст. Пеш аз он ки Қонун ба тасвиб расад, ду мартаба бо ташаббуси Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон ва маркази созмони САҲА дар шаҳри Душанбе дар як доираи хеле густурда бо иштироки аъзои Маҷлиси Намояндагон, депутатҳои шӯрои Маҷлиси Олӣ, инчунин аъзои ҳукумат, вазирон, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва инчунин ходимони дин дар он ҷо ҳузур доштанд ва пешниҳодҳо карданд. Манзури ман аз "ходимони дин" ҳам исломӣ ва ҳам ғайриисломӣ, яъне раисони ташкилотҳои динии исломӣ ва ғайриисломӣ ҳузур доштанд. Онҳо пешниҳодҳои худро карданд. Ва хабар доштанд, ҳама метавонист, ки дар муҳокимаи ин қонун иштирок кунанд. Нафарҳое, ки Шумо номбар кардед, агар иштирок накарда бошанд, хуб дар ин ҷо, ба фикрам, ҷурми онҳое, ки қонунро таҳия карданд, нест, балки бештар аз онҳо бояд пурсид, ки чаро дар муҳокимаи лоиҳа иштирок накарданд.

Ном: Jom аз: Dushanbe
11.08.2009 09:45
Чаноби Сайидбек!!! Чаро ман дар Аврупову,Русияву чохои дигар хар кучое дилам шуд (албатта бе халал расондан ба дигарон) метонам намоз бихонам ва касе хам намегуяд,ки болои чашмат абру дори.Аммо дар хоки Точикистон махдудиятхо барои намоз хони вучуд доранд?Чаро вакте ба касе халал намерасонам наметонам дар бозору парку чохои дигар сар ба сачдаи илохи барам?
Дуввум чаро бо кабули чунин конун ва эчоди чунин махдудиятхо боз мисли даврони шурави байни мардум ва давлат фосила ва бадбини эчод мекунед?Инхо боис мешаванд,ки мардум боз даст ба пинхонкори бизананд,ки мезананд ва дар натичаи он мушкили равони пайдо мекунанд ва масъулияти ин хама бо шумо хохад буд.
Ё вокеият гайри ин аст?
Дар посух

Ном: Сайидбек Маҳмадуллоев
11.08.2009 09:45
Дар бозору паркҳо ва ҷойҳои дигар намоз хондан. Хуб, қаблан гуфтем, ки Қонун ҷойҳои ибодатро мушаххасан нишон додааст. Албатта, ҳамин қонун ва умуман тамоми қонунҳо танзими ин ё он соҳаи ҳаётро анҷом медиҳанд ва ҳамин қонун ҳам танзими муносибатҳо вобаста ба ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва озодиҳои диниро анҷом додааст ва дар ин робита ҳамин ҷойҳои ибодатро мушахассан зикр намудааст. Яъне шароити, вазъи кунунии ҳамин ҷомеаи мо ба он далолат кардааст, ки ҳамин гуна мавзеъҳои ибодат мушахассан нишон дода шаванд. Чунки ҳамин қонун, агар эътибор дода бошед, ин озодии ивҷдон аст ва дар ин ҷо манфиатҳои тамоми гурӯҳҳову табақаҳои аҳолӣ ба эътибор гирифта мешаванд. Яъне шахсони диндор ва ҳам бедин ва пайравони динҳои гуногун. Аз ҳамин хотир, яъне вақте ки як нафар мусулмон мехоҳанд, ки ибодати динии худро анҷом диҳад, бояд ки ӯ дигар паҳлуҳои масъала ҳам бояд ки дар назар дошта бошад, яъне вай бояд қабл аз ҳама дар хотир дошта бошад, ки ин амали эътиқодие, ки ӯ анҷом медиҳад, бо дигар қонунҳои мавҷуда оё мухолфиат дорад ё надорад, ба пайравони дигар динҳо ё шахосне ки аз ҳеҷ ягон дин пайравӣ намекунанд, магар ин боиси сар задани ихтилофот, норозигӣ ё ин ки вайрон кардани тартиботи ҷаъмиятӣ ё ин ки қоидаҳои гуногуне ки ба тасвиб расонда шудаанд, масалан, қоидаҳои соҳавӣ, аз ҷумла қоидаи ҳаракат дар оҳ аст ё тартиботи дигари ҷамъиятӣ -- ҳамаи ин чизҳоро ба назар гирифта, ҳамин гуна як... Дуруст аст, ин маҳдудият аст, маҳдудият ҷорӣ карда шудааст дар масъалаи анҷом додани ибодат, ҳама гуна ибодат, на танҳо ибодати исломӣ. Яъне вақте ки мо мегӯем, намоз хондан дар масҷид иҷозат аст ё ки дар хонаи шаҳрванд ё ин ки дар зиёратгоҳ, пас ибодати ғайриисломӣ, масалан, ибодати ғайриисломӣ ҳам танҳо дар калисо иҷозат аст, он ҳам дар қадди кӯча мумкин нест. Ҳоло, акнун бубинед, Шумо даъво кунед, ки, дуруст аст, ислом мегӯяд, ки "Шуд вуҷудаш раҳматанлилъоламин. Масҷиди ӯ буд ҳама рӯйи замин." Агар аз ин дидгоҳ нигоҳ кунем, яъне тамоми рӯйи замин барои мусулмон саҷдагоҳ аст ва бояд ки бемонеа тавонад, ки дар ҳами он намоз бихонад. Лекин ҳамин ақидаро як касе дошта метавонад, ки мӯътақиди дини дигар аст ва низ метавонад, бигӯяд, ки вай метавонад ибодати дини худро дар тамоми рӯй замин анҷом диҳад. Биноан ба сабаби он ки ҳамин гуна як нофаҳмиҳо, ихтилофҳо дар байни динҳои гуногун сар назанад ва ин боиси норозигии мардум нашавад, ҳамин ҷойҳои ибодат барои ҳамаи динҳо муайян карда шуд, ки ибодатгоҳҳо ҷойҳои ибодат мебошанд.

Ном: Abdullo аз: Kulob
11.08.2009 10:13
Oyo in qonune ki imruz hukumati Tojikiston barovard in az doirai demokrati berun nest va charo chunin qonunho dar digar davlathoi garb jori karda nameshvad holo on ki 97% aholi Tojikiston musalmon hastand.Savoli 2 Va charo imruz vazorati maorif moneo ba tahsil raftani zanhoi tojik meshavad khususan khudi vaziri maorif khudash in amalro jori mekunad ki in yak namudi poymol kardani huquqi zanhoi musalmon hast.Savoli 3 Charo shumo az Hukumat metarsed haqiqatro ba mardum namegued Holo onki vazifai shumost ki haqro ba mardum fahmoned to dar qiyomat in mardum boloi shumo davo nakunad dar nazdi Alloh. Iltimos mekhoham ba savolhoyam kushodu ravshan notarsida javob gued Faqat az shumo iltimos faqat az Alloh tarsed na az gayri u Va haqro oshkoro bayon kuned.
Дар посух

Ном: Сайидбек Маҳмадуллоев
11.08.2009 10:13
Яке аз нишонаҳои тарсидан аз Аллоҳ ин итоат ба ҳамон қонунҳои сарзаминест, ки шумо зиндагӣ мекунед. Аз ин рӯ мо агар дар доираи қонун зиндагӣ ва фаъолият кунем, ҳуқуқҳои худро тибқи ҳамон қонунҳо истифода карда тавонем, ба фикрам, ин ҳам як нишонаи имондорӣ мешавад. Хуб, 97 дарсади аҳолии Тоҷикистон, дуруст аст, ки мусулмонанд. Барои ҳамин қонунҳое, ки ба тасвиб мерасанд, ҳатман манфиати мусулмонон то ҳадди имкон ба назар гирифта мешаванд. Яъне вақте ки мо озодии эътиқод, озодии пайравӣ аз дин мегӯем, озодии виҷдон мегӯем, бояд ҳамаи паҳлуҳои ин мафҳумҳоро ба эътибор гирифт. Яъне он бори маъноеро, ки ин истилоҳҳо доранд, бояд ки мо тасаввур кардан тавонем ва аз ин хотир мо гуфта наметавонем, ки озодӣ ин як бебандуборӣ аст, як номаҳдудӣ аст, озодӣ дар доираи қонун аст, дар доираи он қонуне ки ин ё он давлат ё ҳукумат мувофиқи ҳамон имкониятҳои худ вазъ мекунад ва вобаста ба шароити худаш. Ба фикри ман, дар вазъи кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, он қонуне ки дар робита ба сиёсати динии кишвар вазъ карда шудааст, бо ҳамин вазъи кунунии кишвари мо хеле муносиб мебошад. Хуб бингарем, ки дар оянда вазъи кишвари морӯ ба беҳбудӣ хоҳад овард, дар он сурат мо боз метавонем, ки ҳалқаҳои дигареро аз ҳамин озодӣ барои ба ҷо овардани ҳама гуна, қонеъ гардонидани ҳама гуна ниёзҳои динӣ низ як ҳалқаи дигаре аз озодиро барои мардум боз кунем. Хуб, дар масъалаи он ки гӯё Вазорати маориф садди роҳи таҳсили занҳо шуда бошад, ман бо Шумо розӣ шуда наметавонам, ҳеҷ гуна сад ё монеа эҷод нашудааст, балки Вазорати маориф як муқаррароти дохилии худро баровардааст, ки дар он ҷо тартиби рафтуомади хонандагонро ба мактаб ва таҳсил муайян кардааст. Аз ҷумла ин чиз танҳо дар як кишвари мо нест, балки дар дигар кишварҳои олам ҳам маъмул аст, ки на танҳо барои толибилмон, балки ҳатто барои омӯзгорон низ либоси ягонаро вазъ ва пӯшидани онро ҳатмӣ кардаанд. Аз ин хотир ин ягон монеа гузоштан ба таҳсил нест, балки агар Вазорати маориф як либоси ягонаи толибилмонро муайян карда бошад, ин ягон ҳуқуқвайронкунӣ нест, балки муёқаррароти дохилии ҳамон вазорат аст, ки мақсад аз он тафриқа нагузоштан дар байни хонандагон ва ҳеҷ гуна бартарият ва афзалият надодан ба бахше аз онҳост. Яъне ин ҷо ягон ифтору тафрит нест, балки эътидол аст.

Ном: мехрдод аз: кулоб
11.08.2009 10:15
чудоии динро аз давлат дар чи мебинед?
мо метавонем идеалогияи диниро дар сатхи давлат расонем?
сабаби равияхои навбаромади диниро дар чи мебинед. дар нодони ё дар камбагали?
хохиш мекунам муфассал чавоб дихед боз савол медихам.
Дар посух

Ном: Сайидбек Маҳмадуллоев
11.08.2009 10:15
Роҷеъ ба саволи аввали Шумо, ин як нофаҳмие ҳаст, ки гӯё ки дин аз давлат ҷудо дар ягон ҷо эълон шуда бошад, дар матни қонуни мо ин чиз нест, ҳатто дар сарқонун ҳам ҳамин гап нест. Дар ягон ҷо гуфта нашудааст, ки дин аз давлат ҷудост, на дар сарқонун ва на дар қонуни мо. Балки сухан дар бораи ҷудоии иттиҳодияҳои динӣ аз давлат меравад. Инҳо чизҳои гуногун ҳастанд. Яъне мо ҳама шаҳрвандони як ҷумҳурӣ ҳастем, ҳама мӯътақид ҳастанд, чӣ хеле ки гуфтем, 97 ё 98 дарсад ҳама мӯътақид ҳастанд, диндон ҳастанд, аҳли дин ҳастанд. Ва онҳо шаҳрвандони ҳамин давлат ҳастанд, аз ин давлат ҷудо нестанд. Лекин вақте ки онҳо мехоҳанд, як иттиҳодияи динӣ таъсис бидиҳанд, пас муносибати онҳо, яъне муносибати ҳамин иттиҳодияҳои динӣ бо якдигар дар асоси принсипи ҷудоӣ аз якдигар, яъне дахолат накардани иттиҳодияи динӣ ба шуъуни давлат ва билакс. Яъне давлат ба шуъуни иттиҳодияи динӣ дахолат намекунад. Роҷеъ ба саволи дуюм. Дар қонун сароҳатан гуфта шудааст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон идеология ҳамчун идеологияи расмӣ эътироф намешавад. Ин чиз навишта шудааст . Бо сароҳат. Дар Моддаи 5, банди дубм -- муносибати давлат ба иттиҳодияи динӣ ва он ҳам ба Сарқонун такия мекунад. Ҳеҷ як мафкураи динӣ ҳамчун мафкураи давлатӣ ва умумиҳатмӣ эътироф намешавад. Ин чиз бо сароҳат дар қонун навишта шудааст ва ин чиз риоя мешавад. Саволи сеюм. Як сабаби аввалашро ман дар ҳамин протсесси глобализатсия ё ҷавонишавӣ мебинам. Яъне вақте ки рафтуомад байни кишварҳо ва давлатҳо зиёд шуд, мардум рафтанд дар дигар кишварҳо таълими динӣ гирифтанд, хуб он аз роҳи расмӣ буд, ғайрирасмӣ буд, дар он ҷо, албатта, дигар мазҳабу равияҳо буданд. Ин табиати инсонӣ ҳаст, ки ҳар нафаре як чизи навро, ки дид, таваҷҷӯҳаш ба ҳамон чиз бештар мешавад. Хусусан дар синни ҷавонӣ. Ҷавонони мо, ки дар ватани худ ҳама эътиқоди ягона, яъне мазҳаби ҳанафӣ доштанд, рафтанд, дигар мазҳабҳоро диданд, шояд ки ба онҳо ҳамин чиз маъқул шуд, ё ин ки мода шуд, форид ба онҳо ё ин ки зери таъсири ҳамон нафарони хориҷӣ монданд, хуб дар ҳар сурат ҳамин чизро гирифтанду оварданд ин ҷо. Лекин як чизро ба эътибор нагирифтанд, ки ҳамон чизе ки онҳо овардани ин ҷо бояд, ки боиси сар задани ихтилофдар байни диндорон нагардад, боияи нофаҳмиҳо нашавад. Эътиқоди динӣ озод аст. Яъне ҳар нафаре кадом эътиқодеро, ки мехоҳад, бигзор пайравӣ кунад, лекин ҳамин эътиқоди худашро худи ӯ боиси сар задани нофаҳмию ё ин ки паст задани эътиқоди дигарон ё ин ки таҳқири дигар шаҳрвандон нашавад. Муҳим ин аст. Мутаассифона, ҳамин чиз риоя намегардад, махсусан аз ҷониби худ ҷавононе ки ҳамин ақидаҳоро касб карданду оварданд ва ба густариш додани ҳамин ақоид пардохтанд ва ин чизро ба инобат нагирифтанд, ки мардуми ин сарзамин зиёда аз ҳазор сол инҷониб эътиқоди маҳкамашон ба мазҳаби ҳанафӣ буд ва ин мазҳаб дар рушду нумӯи фарҳангу тамаддуни ин сарзамин хизмати хеле босазо кардааст. Ва бузургони маъруфи ҷаҳонӣ аз ҳамин сарзамин ба арсаи олам қадам ниҳоданд, ки ҳама эътиқод ба ҳамин мазҳаби ҳанафӣ дштанд. Ин чизҳо бояд ҳатман ба эътибор гирифта мешуданд. Мутаассифона, аз ҷониби баъзе ҷавонон ва дигарон ҳамин чиз ба эътибор гирифта нашуд, ки боияи сар задани ихтилофҳо, низоъҳо, ҳатто хархашаҳо ҳам гашт.

Ном: Ому шокир аз: Душанбе
11.08.2009 10:50
Бародари гиромй Сайидбек! Ба андешаи ман хамаи ин бахсхо бештар аз он сабаб бармехезанд,ки бисёрихо ба мазмуни сохтори давлати дунявии мо ва кишвари мусулмонй будани Точикистон киёс намегузоранд. Президент Э. Рахмон баъзан ба хотири як кишвари мусулмонй (на исломй)будани Точикистон ва арч гузоштан ба мазхаби Ханафй аз каламрави сохтори дунявият берун меравад. Ин вокеиятро ба ном баъзе исломихо кабул намекунанд ё ки онро истикбол кардан намехоханд. Оё чунин нест? Назари шуморо дар ин бора донистан мехостам.Ташаккур!
Дар посух

Ном: Сайидбек Маҳмадуллоев
11.08.2009 10:50
Давлати дунявӣ будани Тоҷикистон ҳам дар Сарқонуни кишвар сабт шудааст ва дар ҳамин Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияи динӣ ҳам яке аз рукнҳое, ки қонун бар он асос ёфтааст, ҳамин асли дунявият мебошад. Лекин дунявият маънои онро надорад, ки гӯё мо наметавонем, арҷгузорӣ кунем ба он фарҳанг ва дин ҳам як қисми таркибии фарҳанги ҳамин кишвару ҳамин сарзамин аст. Аз ин рӯ вақте ки мо ба мазҳаби ҳанафӣ арҷгузорӣ мекунем, ин маънои онро надорад, ки мо гӯё аз асли дунявият берун қадам ниҳода бошем. Арҷгузорӣ ба мазҳаби ҳанафӣ ин нишонаи берун по гузоштан аз асли дунявият набуда, балки ин арҷгузорӣ ба таърихи худ, ба фарҳанги худ, ба миллати худ, ба бузургони миллати худ аст. Яъне вақте ки мо 1310-солагии Абӯҳанифаро бузургдошт мекунем ё ин ки як соли пурраро Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон мекунем, ин худ як ифодаи эҳтиром ба шахсиятҳо, афроди бузурги ҳамин сарзамин ва хизматҳои шоистаи онҳост. Ва фарқ надорад, ки ӯ як шахсияти соф мазҳабӣ буд ё илмӣ, ё динӣ. Ӯ шахсият аст пеш аз ҳама, шахсиятест, ки барои ҳамин сарзамин, барои ҳамин миллат, барои ҳамин халқ хизматҳое кардааст ва на танҳо барои ҳамин миллат, балки умуман барои тамаддуни башарӣ ва дар ин тамаддун як ҷойгоҳи хеле волою муносибу арзанда дорад.

Ном: Korgari Cirk
11.08.2009 12:37
Salom ba shumo oghoi Saidbek. Man hamchun yak sharhvandi Tojikiston az shumo hamchun korgari hukumat yak savol pursidaniam.Dar konstitutsiya gufta meshavad ki Tojikiston davlati demokrati,huquq bunyod va dunyavi meboshad durust ammo bad az qonunhoi ki shumo qabul karded va huquqhoi sharhvandonro poimol karded.Savol- Agar in qonun huquqhoi sharhvandonro poimol kunad pas ba mo konstitutsiya lozim ast yo ne?

Tashakuri ziyod bo ehtirom Korgari Cirk.
Дар посух

Ном: Сайидбек Маҳмадуллоев
11.08.2009 12:37
Мо гуфтем, ки ҳамин қонун ба Сарқонун асос ёфтааст. Ман ба Шумо метавонам мушаххасан номбар кунам, ки кадом банди ҳамин қонун ба кадом банд ё моддаи Сарқонун асос ёфтааст ва такия мекунад. Ман дар ин бора як мақолаи хеле муфассале дар рӯзномаи "Ҷумҳурият" навиштам ва метавонед ба он ҷо муроҷиат кунед, лекин ҳоло мухтасаран гуфта метавонам, ки дар он мақола ман дебоча ва боби аввали ҳамин қонунро қиёс карда будам бо Сарқонун ва нишон дода будам, ки кадом банди ҳамин сарқонун ҳамчун асос барои ҳамин бобҳои алоҳида, моддаҳои алоҳидаи ҳамин қонуни мо хизмат кардааст. Вақте ки Шумо иддаои поймол кардани ҳуқуқи шаҳрвандонро мекунед, ин иддаоро бояд ки бо ягон далел асоснок кунед. Лекин ман, баракс, мегӯям, ки ин қонун комилан ва пурра бар асоси Сарқонуни кишвар таҳия гаштааст.

Ном: Рустам аз: Хоруг
11.08.2009 12:59
Дустам Сайидбек! Бо арзи вучуд кардани дини мубини ислом мазхзабхои мухталифе низ руи кор омаданд, ки наздики якуним хазор сол мардум аз онхо пайрави карда,бо рохи худ ба суи Парвардигор рахсипоранд. Хазрати Пайгамбари Акрам (с) аз худ ду чизро ба уммат ёдгор гузошта....Гап хам дар хамин ду чиз аст,ки онхо чихоанд? Сунни мегуяд Куръон ва Сахоба ё суннат ё хадис, вале Шиа мегуяд, ки Куръон ва Ахли Байт. Яъне касе дуги худро туруш нагуфтааст. Агар як калима 366 пахлу дошта бошад як чумла ба микдори калимоташ чи микдор пахлухо дорад? Гап дар тафсиру таъбир таъвил аст,на дар худи матни зохири....Вале аз Конун бармеояд,ки Хукумат барои таквияти мазхаби ханафи хар кадар талош ба харч дода бошад, хамон кадар кушидааст,ки мазхаби исмоилияи шиаро пушти по занад. Имрӯз талошҳои зиёде барои муаррифии осори Имоми Аъзам ва ақоиди фиқҳиву мазҳабии ӯ ба харҷ дода мешавад, ки шоёни тахсин аст.Дар баробари ин мазхаби исмоилия низ имомхои намоёни бешуморе дорад,ки дар таълимоти онхо ҳуввияти миллию мазҳабӣ ба дарачаи оли сутуда шудаанд. Вале аз руи инсоф бигуед, ки баргузашти Хазораи хаким Носири Хусрави Балхи ва "Чашни" 50-умин солгарди ба тахт нишастани Волохазрат Шохкарим Огохони IV дар каламрави Точикистон як шармандагие беш набуд? Ва оё ҳимояти Конун, аз мазҳаби ҳанафия, ки президенти кишвар имзо намудааст, мудохилаи рӯйирости давлат дар умури мазҳабӣ маънидод намегардад? То чое,ки мо дарак дорем,ин нукта мухолифи Қонуни асосии Тоҷикистон аст, ки динро аз давлат ҷудо хонда ва гуфтааст: давлат набояд аз ҳич идеологияе, чи мазҳабӣ ва чӣ ғайримазҳабӣ ҳимоят кунад. Ва аммо мазхабхои хазорсолахо кабл руи кор омадаро имруз ченак кардаву ба чойхои 1-уму 2-вуму 5-уму 10-ум чойгузин кардан на кори президент, на вакилони халк ва на Вазорати фарханг аст,ба шарте,ки инхо худро "Пайгамбарони сони" эълон накарда бошанд. Кори макомот фобрику заводи нав сохтан, ба бекорону мухточон кумак кардан, дастгохи нави замонави мучаххаз кардан ва фалакпаймои точикро ба камол расондан аст. Дар акси хол ин амал нармише дар муносиботи давлат ва дину диндоронро ба дунбол нахоҳад дошт. Чавоби сахехи Шуморо, дустам, дар ин масъала интизорам.
Дар посух

Ном: Сайидбек Маҳмадуллоев
11.08.2009 12:59
Ба пурсишҳои Шумо ман қисман дар робита ба саволҳои гузашта ҷавоб додам. Лекин як нуктаи наве ки дар савол ҳаст вобастааст ба мазҳаб ё равияи исмоилияи дини ислом. Гӯё ки ҳамин қонун мазҳаби исмоилияи шиъаро пушти по зада бошад. На. Чунин нест. Дар бандҳои алоҳидаи Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ дар бораи ҷамоатхона ва ҷамоатхонаи марказии исмоилия зикр рафтааст. Ҳол он ки дар қонуни қаблӣ ин ду истилоҳ набуд. Шаклҳои асосии иттиҳодияҳои динӣ дар исмоилия ҷамоатхонаҳо мебошанд. Яъне мардум ибодатро дар ҳамин ҷойҳо ва бо сардории халифа анҷом медиҳанд. Ва барои ҷамоатхонаҳо ҳеҷ гуна маҳдудияте аз назари миқдори аҳолӣ гузошта нашудааст. Ҳол он ки агар дар ин қиёс бигирем, барои суннимазҳабон чунин маҳдудият дар қонун ҷорӣ карда шудааст: Барои таъсиси масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ шарти теъдоди аҳолӣ ҳаст, вале барои таъсиси ҷамоатхона ҳеҷ гуна маҳдудияти теъдоди аҳолӣ гузошта нашудааст, ки ин худ як... Наход Шумо худ ҳамин чизро дарк накарда бошеду боз гӯед, ки маҳзаби исмоилияро пушти по задааст ин қонун. Баракс дар ин сурат бигиред агар ҳеҷ гуна маҳдудият барои вай нест. Аз сӯи дигар, Ҳазораи ҳаким Носир Хусрави Қубодиёнӣ дар сатҳи хелде боло гузашта буд. Дар Академияи улум конфаронсҳои зиёде баргузор гашта буд. Ба воситаи радио ва телевизион ҳам бисёр барномаҳо буд. Ман ҳатто дар ёд дорам, дар ҳамон солҳои вазнин аз ман дархост карда буданд, ман ҳатто дар бораи қасидаҳои фалсафии ҳаким Носир Хусрав як барномае пахш шуда буд бо садои ман, қасидаҳои фалсафии ҳаким Носир Хусравро таҳлил карда будам. Ва ҳамин барнома чандин бор ба воситаи радио шунавонда шуда буд. Инчунин куллиёти Носир Хусрав ба табъ расида буд. Ҳамаи ин гувоҳи арҷгузорӣ ба ҳамин шахсияти қабл аз ҳама мазҳбаии мо мебошад. Хуб, боз ҳам ҳамон масъалаи дин аз давлат ҷудоро гуфтаед. дар Қонуни асосӣ чунин чизе нест, балки ҳамчнуон ки гуфтем, дар он ҷо ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо мебошанд гуфта шудааст. Ман хоҳиш мекунам, ки ҳмаин чизро Шмуо ба назар гиред, зеро бисёр нофаҳмиҳое, ки сар мезананд, аз ана ҳамин фаҳмиши нодурусти муносибати дину давлат мебошад. Яъне дин аз давлат ҷудо гуфта нашудааст. На дар Сарқонун ва на дар Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, балки сухан аз ҷудоии давлат ва иттиҳодияҳои динӣ меравад. Роҷеъ ба он ки гӯё ки Вазорати фарҳанг худро пайғамбари сонӣ эълон накарда бошад. На. Ҳар соҳаи ҳаёт дар ҳар давлат ба худ муносиб сиёсате дорад, яъне давлат дар ҳар соҳаи ҳаёт сиёсатҳои худро тарҳрезӣ кардааст. Аз ҷумла соҳаи сиёсати динӣ, сиёсати фарҳангӣ ва ғайра. Ана ҳамин сиёсати динии кишвар ва сиёсати фарҳангии кишварро мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дину фарҳанг, ки феълан Вазорати фарҳанг мебошад, татбиқ намуда истодааст. Яъне Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонҳамчун мақомоти ваколатдор давлатӣ оид ба дин сиёсати фарҳангии кишварро пеш бурда истодааст.
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 5

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил