Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Қурби сомонӣ

TJS / 
USD
4.3669
TJS / 
EUR
5.8810
TJS / 
RUB
0.1447
TJS / 
KZT
0.0295
TJS / 
UZS
0.0028

Қурб дар ҳоли тағйир аст.

Баҳс

Cаволи Шумо ба Акбари Турсон

21.07.2009

Понздаҳ соли охир файласуф ва кайҳоншиноси тоҷик Акбари Турсон дар Иёлоти Муттаҳида Амрико ба сар мебарад, аммо садҳо мақолаву маърӯза ва рисолаву пажӯҳише, ки дар ин давра навиштааст, ҳамагӣ ба таърих, адабиёт, ҷомеашиносӣ ва таҳаввулоти Тоҷикистон бахшида шудаанд.

Дар соли 1989 дар таҳияи Қонуни забони давлатии Тоҷикистон ширкати фаъол дошт ва дар соли 1993 пешнависи Дурнамои рушди Тоҷикистонро ба раҳбари нави кишвар Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда буд. Дар соли 1992 ҳамроҳи дигар рӯшанфикрони тоҷик барои пешгирӣ аз ҷанги Тоҷикистон байни мухолифон ва ҳукумати президент Набиев миёнравӣ карда буд.

Ахиран як рисолаи муфассале бо номи «Ҳумоюн ва Зулқарнайн» (фалсафайи таърихи тоҷикон)-ро менависад, ки ба масъалаҳои зайл тамаркуз дорад:
(1) Нақши иҷтимоии «рӯшанфикрон»: «Шикоят аз замону шиква аз бахти нагун то кай?»
(2) Нақши дин дар ҷомеа: «Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост!»
(3) Вазъи кунунии забони тоҷикӣ: «Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод!»
(4) Сабабу оқибатҳойи ҷанги ҳамватанӣ: «Моро чӣ гуна зебад, даъвии бегуноҳӣ?!»
(5) Худшиносии миллӣ: «Аламҳои Самарқанду Бухороро намедонӣ!»
(6) Ташаккули давлати миллӣ ва идеалҳойи он: «Тоҷик андар Ватани хеш чаро муттаҳам аст?!»
(7) Ояндайи тоҷикон: «Пас, чӣ бояд кард, эй ақвоми Шарқ?»

Ин баҳс баста шудааст.
Comment Sorting
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 8
Ном: Curios аз: NYC
21.07.2009 15:11
Салом мухтарам Акбари Турсон!
1. Ман як тафовути калонро дар хаёт ва фаъолияти шумо мебинам. Хайронам ки чаро фалсафа аз як тараф ва аз тарафи дигар кайхоншиноси? Оё ягон сабаб дорад, чаноби Акбари Турсон?
2. Оё мо хамон рисолахои Шуморо дар Амрико ё дар Точикистон дарёфт карда метавонем? Сипосгузорам.
Дар посух

Ном: Акбари Турсон
21.07.2009 15:11
Салом хонандаи мӯҳтарам. Кайҳоншиносӣ, космология ва космогония аз фалсафа дур нестанд ва дар осори бузургони фалсафаи форсу тоҷик аз садсолаҳо пеш мақоми муҳим доштанд. Вақте ки кайҳоншиносӣ бори нахуст қариб се ҳазор пеш пайдо шуд, як бахши асотир буд ва сонӣ, вақте ки фалсафа ба унвони фалсафаи табиат пайдо шуд, яъне замоне ки файласуфони аҳди бостон нақшаи коинотро сохтанд, кайҳоншиносӣ як ҷузъи натурфалсафаи қадим буд. Бино бар ин агар Шумо осори Ибни Сино, Форобӣ ё ҳар файласуфи қадимаи моро нагиред, дар ҳамаи он осори кайҳоншиносӣ ҳузур дорад. Андешаи сохтори тамоми коинот ва пайдоиши он, яъне на танҳо ситораҳое, ки мебинем, балки хеле фарохтар. Ончи дар осмон мебинем фақат як ҷузъи майдаи коинот аст. Дар шакли том омӯхтани пайдоишии коинотро космогония ва ё ба тоҷикӣ кавншиносӣ мегӯянд ва бахши савум замон ё мурури замон дар пайдоиш ва таҳаввули коинот аст. Агар замон оғоз дорад оё анҷом ҳам дорад ва таҳаввули коинот дар ин замон чист? Ниҳоят, бахши чаҳоруми он ба мақоми инсон дар коинот ихтисос дорад. Ин масъала дар кайҳоншиносӣ ба як бахши физикаи назарӣ табдил ёфтааст. Мақоми инсон дар коинот ва бастагии тамоми қонунҳои табиат ва ҷомеа як масъалаи иловаест ба кайҳоншиносии физикӣ, ки аммо аз доираи физика берун мебарояд ва бино бар ин онро кайҳоншиносии табииӣ меомӯзад. Аз ин ҷиҳат ман ки дар бахшии физикаи назарӣ сар карда будам, сипас ба фалсафа таваҷҷӯҳ зоҳир кардам ва дидам, ки ин масъалаҳо бо ҳам робитаи дарунӣ доранд. Ман ҳам ба думболи ҳамин робита рафтам. Яъне вақте ки ман кайҳоншинос шудам, ман касбамро тағйир надодам, балки ихтисосамро дар ин касб тағйир додам. Ман ин ҷо ҳеҷ тафовутеро намебинам. Дар посух ба суоли дувуми Шумо мегӯям, ки дар рисолаи "Ҳумоюн ва Искандар" масъалаи мақоми фарҳанги тоҷик дар таркиби фарҳанги Шарқ ва фалсафаи таърихи тоҷик дар матоъи таърихи ҷаҳон баррасӣ мешаванд, яъне мо кай шакл гирифтем, таъриху фарҳанги мо чӣ виджагиҳо дорад ва он дар матни фарҳанги эронӣ ё ориёзамин чӣ мақом дорад ва умуман чашмандози таърихи тоҷикон ҳамчун ҷузви таърихи ақвоми эронӣ ё ориёӣ чӣ гунааст. Маънии Ҳумоюн ва Зулқарнайн дар байни Шарқу Ғарб мондани тоҷикон аст, ки тафаккури онҳо низ дар ин моваро мондааст ва бино бар ин мо як пуле дар байни ин дуем. Аввал бояд ин рисола ба поён расад ва иншоаллоҳ нусхаҳои онро дар интернет низ нашр хоҳем кард.

Ном: said аз: kulob
21.07.2009 15:56
salom ba hamai mualifini arjumand, mekhostam agar meshud hamin risolaro dar safhai internet pakhsh kuned.
Дар посух

Ном: Акбари Турсон
21.07.2009 15:56
Ба ин савол аллакай посух додам.

Ном: Як чавони точик аз: Душанбе
21.07.2009 16:41
Дуруд бар Шумо! Масъалахое, ки Шумо дар рисолаатон тахкик кардаед, барои насли чавони точик метавонанд ойинаи худшиноси бошанд. Вале бовар дорам, ки мо чавонон ба чуз номи рисолаатон дигар чизеро аз он дастрас нахохем кард. Оё Шумо имкон доред, ки андешахои худро дар аудио ё видео сабт карда дар Ютюб гузоред, ё сахифаи интернетии худро боз карда, рахнамои чавонони точик бошед?
Дар посух

Ном: Акбари Турсон
21.07.2009 16:41
Ташаккур. Дуруд бар Шумо низ. Бархе аз андешаҳои банда дар сомонаи Ютюб дастрас ҳастанд ва худам як торнигоре ҳам дорам, ки албатта, бахши бештари кораш ҳанӯз дар пеш аст, вале муҳим аст, ки оғоз ёфтааст. Хоҳишмандон метавонанд, ба ин торнигор сар бизананд:http://turson.wordpress.com/ Аммо чизҳое ки бояд дар он бигузорам ончунон зиёданд, ки нерӯи як худи ман намерасад, кори бисёр мураккаб аст, ки ҳамаи он мавод бастабандӣ ва пешкаш шавад. Ҳазорон матлабе ҳаст, ки бояд ба торнигор баровард то дастраси мардум ва махсусан ҷавонон бошад. Бо истифода аз фурсат аз корманди радиои "Озодӣ" Салими Аюбзод ташаккур мекунам, ки як силсила муколама ва наворҳои видеоии маро дар торнигори худ http://aioubzod.wordpress.com ба нашр расондааст. Умедворам, ба зудӣ маводи бештаре ба дасти ҷавонон хоҳад расид.

Ном: Ahmad аз: QUBODYON
21.07.2009 16:48
Salom Ustod oyo niyati ba Vatan bargashtan dored? agar ne ba chi dalel?
Дар посух

Ном: Акбари Турсон
21.07.2009 16:48
Салом. Бале ҳатман ба Ватани азизамон, ки модари ҳамаи мост, бар хоҳам гашт, аммо ба вақту соаташ. Ҳар куҷо ки хуни нофи инсон рехтааст, зодгоҳ ё ба маънои васеаш ватан, муқаддас аст. Дар деҳае ки таваллуд шудаем, як ватани мост, ба шаҳр таҳсил равем, мафҳуми ватан боз васеътар мешавад ва агар ба хориҷа равем, мафҳуми ватан васеъ намешавад, аммо зовияи дидану шинохтани Ватан васеътар мешавад. Ман ҳатман бармегардам. Ҳамин корҳое ки сар кардаам, анҷом диҳам, ҳатман бар хоҳам гашт. Ин корҳоро дар нимароҳ партофта рафтан намешавад. Соняин, мо бояд мафҳуми Ватанро аз ҷойи истиқомат фарқ кунем. Мо дар Ватан ва ҳамроҳ бо Ватан зода мешавем. Аммо ҳар куҷо зиндагӣ мекунем, чизи дигар аст. Мо аз берун ба Ватан нигоҳ карда, мисли аз сайёраи дигар ба ватан нигоҳ кардагӣ барин, ҷаҳонбиниамонро рушд медиҳем. Аз ин ҷиҳат дар ин ҷо будан, ягон зараре ба Ватан нест, баракс ҳар қадар ки дур бошед, меҳратон ба Ватан бештар мешавад. Тавре ки Лоҳутӣ гуфтааст:
"Эй модари ватан, писаронат намурдаанд,
Осуда бошад, ки гӯли аҷониб нахӯрдаанд."
Ман аз ҳамин ҷиҳат ба Ватан нигоҳ мекунам ва ҳар куҷо бошам дар роҳи хидмат ба Ватан ҳастам ва "гӯли аҷониб нахӯрдаам."

Ном: Бобочон Икромов аз: Хучанд
21.07.2009 17:59
Устоди арчманд! Оё Точикистон ба тахаввулоти фарханги ниёз дорад ва ё на?
Агар назари шумо дар ин маврид некбинона бошад, оё Шумо метавонед хамчун як фарзанди фарзонаи миллат тархи чадиди ислохоти хаёти фархангии чомеаро барои мардуми шарифи Точикистон пешниход намоед?
Бо арзи сипос ва эхтироми бепоён бародари Шумо Бобочон Икромов
Дар посух

Ном: Акбари Турсон
21.07.2009 17:59
Он чизе ки домулло Бобоҷон Икромов мегӯяд, ду ҷиҳат дорад. Якум -- амалӣ ва дувум -- назарӣ. Ҷиҳати амалӣ ин аст, ки сохторҳое, ки дорем, ҳамааш нусхабардорӣ аз замони шӯравист. Барои ҳамин дар ин замони соҳибистиқлолӣ ин ба талаботи ҳозира ё нав ҷавоб дода наметавонад. Барои ҳамин ин ҳамаро бояд аз нав сохт. Ман нақшаҳое дорам дар бора, аз ҷумла дар бораи бозсозии Академияи улум, то ба муассисае табдил ёбад, ки ҳам дастёри давлат бошаду мададрасони ҳукумат ва ҳам таҳкимдиҳандаи миллату мамалкат. Ва дар шароите ки мо қудрати кофии молӣ надорем ва ин ниҳодро дар сатҳи имрӯзаи ҷаҳон бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин кардан душвор аст, бояд сохтори дигар ва тарзи кори дигаре ба вуҷуд овард, бояд ҳамаи ин мероси шӯравиро мавриди ислоҳот қарор дод.
Ва дувум, ҳоло дар ҷаҳони имрӯз низоми маълумоти олӣ ва илми академӣ ба ҳам пайваст шудаанд. Масалан, дар Амрико академия ба он шакл вуҷуд надорад ва илму донишгоҳ ҳарду тавъаманд .Аз ин ҷиҳат бояд исолоҳот кард.
Дувум -- ҷиҳати назарӣ. Албатта, дар ин маврид ҳам ман нақшаҳое дорам, ҳарчанд намедонам амалӣ шуданист ё не, зеро ин кори якрӯза нест. Бояд раванди суннатиро тағйир дод. Ин чунин маъно надорад, ки мо аз тарзи фикри Сино ё Аҳмади Дониш берун бароем. Якум -- худшиносии интиқодӣ. Мо ба таърихамон асосан омиёна менигарем ва аз он сабақ омӯхта наметавонем. Танҳо ифтихор дорем ва он ҳам асосан ифтихоре, ки худ далелҳояшро намедонем. Сабақ омӯхтан аз таърих бояд дар заминаи худинтиқоди миллӣ сурат гирад. Бино бар ин бояд тариқи тафаккури миллиро тағйир дод. Ояндаи Тоҷикистон ба ин ҳам вобастааст. Дигар масъалаи бисёр муҳиме, ки дар замони шӯравӣ ҳам ба он диққат медоданду аммо то охир расонда натавонистанд, ба қавли Айнӣ агар гӯем, кадррасонӣ аст. Якум -- тарбияи кадрҳо ва дувум ҷобаҷо кардани кадрҳои буда. Дар замони шӯравӣ мо он имконияти бударо ҳам истифода бурда натавонистем. Ба таҳсил дар донишгоҳ эътибор дода намешуд. Як тарҳи тарбияи кадрҳо вуҷуд надошт. Баррасӣ намешуд, ки мо дар кадом риштаҳо кадр надорем ва бояд тарбия кунем. Агар дар ёд дошта бошед, чунин мутахассисонро аз Русия барои мо мефиристоданд, мо ба онҳо ниёз доштем. Мо агар имрӯз дар замони истиқлол масъалаи кадррасониро дар сатҳи давлатӣ гузорем ва бо кӯмаки муассисаҳои байнулмилалӣ дар фикри кадрҳое бошем, ки кишвар даркор дорад, вазъ иваз шуда метавонад.

Ном: Farrukh
21.07.2009 18:26
Дуруд устоди мӯҳтарам,
Ба назарам ман иштибоҳ намекунам, шумо ҳамон Акбар Турсунови физик ҳастед? Ва агар оре, пас чӣ мешуд ба мақолаҳои пахшшудааи илмиатон линк медодед, мисоли дар slac.stanford.edu/spires, adsabs.harvard.edu/abstract_service Қаблан хеле муташаккирам.
Боз суоли дигар, кайҳоншиносӣ ин илми хеле васеъ аст, шумо дар кадом ҷабҳаи он кор мекунед? Ташаккур!
Дар посух

Ном: Акбари Турсон
21.07.2009 18:26
Ман ба ин савол посух додам. Танҳо инро илова карданам мумкин аст, ки масъалаи марказии кайҳоншиносӣ имрӯз -- робитаи дарунии ташаккули коинот ва таҳаввули коинот ва шароити рушди инсон дар замин як масъалаи куллии ҳозиразамон аст, ки аз рӯи принсипи антропӣ ба миён гузошта шудааст ва ҳоло тасмиме пеш омадааст, ки фалсафа онро ҳал кунад ва дар ҳамбастагӣ бо таърихи иҷтимоӣ ва таърихи биологӣ ва ҳоло байни инҳо як робитае барқарор мегардад, ки сатҳаш ҳанӯз равшан нест, аммо ба як навъ ҳамоиши соҳаҳои гуногуни илм шароит фароҳам меорад. Ин ҷо ҳам физик иштирок мекунад, ҳам сотсиолог, ҳам табиатшинос, ҳам фарҳангшинос ва ҳамоиш ё интегратсияи ин соҳаҳоро фалсафа бояд бар ӯҳда бигирад.

Ном: Бахром аз: Исфара
21.07.2009 19:19
Салом мухтарам Акбари Турсун ман барои Шумо пеш аз хама саломати хохонам,баьдан ба шумо мепурсам,ки дар Точикистони мо вокеаи равшанфикр вучуд дорад, чунки кишри ичтимои чомеьаи мо то хол пеш нарафта истодааст.Пеш аз хама барои чавонони мо равшанфикрхо,шахсиятхо лозиманд то хатогихои таьрихи такрор нашавад.Чавононро ба хар самт ............ба фарханги рушанфикрона пешбур мо чавонон дар колаби гуруххо набошем..Хуросон,Бухоро,Сомониен,тарбиятгари ммиллат ва чавон бошед.Умедхо..то дидор.
Дар посух

Ном: Акбари Турсон
21.07.2009 19:19
Бисёр ташаккур барои чунин орзуву омолу хушбиниҳо. Албатта, ман дар ин масъала як гуфтугӯи тӯлонӣ дорам бо рӯзноманигори варзида Дорои Дӯст, ки қариб 100 сафҳа аст ва ҳоло намедонам дар кадом расона нашр мешавад, яъне нақши рӯшанфикр дар ҷомеа, вазифаҳои маънавию ахлоқии зиёиён ва монанди инҳо. Ҷомии бузург гуфта буд: "Қуфлкушои ҳама дарҳост илм." Мо дар ибтидои асри 21 мебинем, ки қулфкушои ҳамаи дарҳо нест илм. Бисёр қулфҳоро мекушояд. аммо на ҳамаро. Адл, давлатдорӣ ба рушди ҷомеа бастагӣ дорад. Аҳмади Дониш гуфта буд, адл аз камоли ақл хезад. Яъне агар ақл ба камол расад, дар ҷомеа адл ҷорӣ мешавад. Камоли ақл ин хирад аст ва хирад ин ҳамбастагии ботинии ақл ва ахлоқ аст. Дар ин сурат мо метавонем, ба он ормонҳое, ки мардум аз рӯшанфикрон мунтазир аст, пешниҳод кунем. Мутаассифона, аз давраи шӯравӣ сар карда байни илм ва ахлоқ ҷудоӣ афтод. Сабаб ин буд, ки динро аз ҷомеа ҷудо кардан хостанд ва ин ихтилофи бузург, ҷудоии бузург байни фаъолиятҳои илмию ахлоқии мо ба миён омад. Агар идеали Инсони комилро дар миён гузорем, меҳвари асосияш ахлоқ хоҳад буд. То ахлоқ ба илм напайвандад, ончӣ мехоҳем, ба маънои куллияш ҷорӣ намешавад. Ашрофи ақлия ва ашрофи сиёсат бояд ба ҳам пайванданд ва ҳамин ашроф, ки тақдири ҷомеа дар дасти онҳост, бояд худашон барои ҷомеа намунаи ибрат бошанд.

Ном: Бузрук аз: Алмато
21.07.2009 21:55
Савол: Чи хукумати точикистон, ва хамаи точикони чахон метавон кард, ки максади пантюркистон - ассимиляция, е ки узбак гардонидани точикони Самарқанду Бухороро шикаст хурад?
Дар посух

Ном: Акбари Турсон
21.07.2009 21:55
Ин ҳам чанд ҷиҳат дорад. Якум ҷиҳат аз худи фарду шахсиятҳо вобастааст. Мо бояд дар сатҳи шахс бедор бошем ва барои ҳуқуқи худ мубориза бурда тавонем. Сониян: дар сатҳи ҷомеа, ки муташаккил бошад, созмонҳо дошта бошад. Ҳаракати шаҳрвандӣ бояд бошад. Ман, масалан, аз муташаккил будани яҳудиён дар Амрико ҳавасам меояд. Ҳазорон созмону муассиса доранд ва даст ба домани ҳукумат намезананду ба умеди давлат нестанд ва ҳуқуқи худро худ ҳимоят мекунанд. Бино бар ин аз ин бояд мардуми мо низ иборат гиранд. Мо агар интизор шавем, ки касе аз боло меояду вазъи тоҷикони Самарқанду Бухороро иваз мекунад, ғалат хоҳад буд. Бино бар ин агар мардум худашро шиносад, ҳуқуқашро дифоъ карда метавонад. Ман касеро ба шӯриш даъват намекунам, балки ба риояи қонунҳо, муташаккилӣ ва ҳимоят кардан аз ҳуқуқи худ даъват мекунам. Бояд ҳама чиз аз худшиносӣ сар шавад ва бояд ҳасад набошад, балки ҳавас бошад. Вазъи тоҷикон дар бархе аз манотиқи Узбакистон хуб нест, аммо аз берун чӣ метавон кард? Замони таҳияи тарҳи Қонуни забон ман як бандро ба он ворид карда будам, ки ҳимояи забони тоҷикӣ дар хориҷа буд. Ин талош дар рӯзгоре буд, ки ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Узбакистон барои эҳтироми ҳуқуқи мардуми ҳамтабори худ созишномаҳо ба имзо расонда буданд. Масалан, тибиқи яке аз онҳо Тоҷикистон мебоист, мактабҳои тоҷикии Узбакистон ва Узбакистон мактабҳои узбакии Тоҷикистонро бо китобу дастурамалҳои таълимӣ таъмин мекард. Лекин, бубинед, ҳоло чӣ шуда. Дар Узбакистон алифборо тағйир доданд, бо ҷорӣ кардани имтиҳони ягонаи сартосарӣ нуфузи факултаҳои тоҷикиро маҳдуд намуданд ва акнун чӣ гуна Тоҷикистон битавонад, ки мактабҳои тоҷикии Узбакистонро бо китоби дарсӣ таъмин кунад? Ҳамингуна дар риштаҳои дигар низ ташаббусҳои хуби дуҷониба мавҷуд буд, ки акнун фаромӯш шудаанд. Манзурам, як тафоҳуми байни кишварҳост, ки агар он бошад, мушкилиҳо ҳал хоҳанд шуд ва мақсад ин аст, ки ҳуқуқи шаҳрвандии, ман таъкид мекунам, ҳуқуқи шаҳрвандии тоҷикон дар Узбакистон ва узбакҳо дар Тоҷикистон ҳимоят шавад. Аксари ин масъалаҳо танҳо дар сатҳи давлатӣ ҳал шуда метавонад. Яъне дар сатҳи фардӣ -- худшиносӣ ва ҳимоят аз ҳаққи хештан ва дар сатҳи давлатӣ -- ҳамкорӣ ва тафоҳум.

Ном: Солим аз: Лондон
22.07.2009 05:54
Дуруд! Ман хохонам ки оиди, Ояндайи тоҷикон: «Пас, чӣ бояд кард, эй ақвоми Шарқ?» сухбати шуморо шунавам. Худо ёратон бод!
Дар посух

Ном: Акбари Турсон
22.07.2009 05:54
Ин албатта, як саволи бисёр куллист. Ин масъала бори аввал аз тарафи Аллома Муҳаммад Иқбол гузошта шудааст. Вақте ки вай дар Олмон рисолаи докторӣ навишт, таърихи Ғарбро омӯхт ва ҳамзамон ба сӯфия рӯ овард ва дид, ки чӣ тавр кишварҳои Ғарб ба рушди илму фанн ва иқтисодиёт ба қуллаҳои баланд расидаанд ва олами ислом ин қадар ақиб мондааст. Барои ҳамин аввал сабаби ақибуфтодагии Шарқзамин дар баробари Ғарбу Амрикоро баррасӣ кард. Набояд айбро ба дигарон гузошту худро мусичаи бегуноҳ гирифт. Мо аз ҷараёни рушд берун мондем ва ин сабабҳои зиёд дошт, вале айб дар худи мо низ буд. Бинобар ин ҳоло бояд дид, ки ба раванди рушди ҷаҳонӣ аз кадом роҳ ворид шавем. Яке аз чунин роҳҳоро гузаштагони мо дар тақлид дида буданд, аммо тақлид аввали кор аст ва минбаъд ақлу фаросат ва донишу таҷрибаи Шумо даркор аст, то тақлидро такмил дод ва онро коромад кард. Дареғ, мо дар кишвари худ аз тақлид фаротар нарафтаем. Аммо вақт интизори мо намешавад. Ҳоло ҳамчунин бояд бинем, ки дар мавҷҳои гилолуди ҷаҳонишавӣ чӣ кунем ва худвижагиҳои хешро чӣ гуна нигоҳ дорем. Албатта, ақидаҳои дигаре ҳам ҳаст, ки мо ҳама. чӣ шарқиву чӣ ғарбӣ, фарзанди Одам ҳастем ва бояд бештар наздик шавем. Аммо ҳоло дар дунё як ҷараёни акс ҳам ҳаст. Ҳифзи худвижагӣ ва рангорангӣ. Бо сабаби чунин гуногунрангӣ табиат рушд меёбад, пас чаро дар ҷомеаи инсонӣ ин чиз набошад. Ояндаро бояд бар пояи омӯхтаҳо, таҳлилҳо, илм, ахлоқ ва вазъи равандҳои ҷаҳонӣ тарҳрезӣ ва амалӣ кард.

Ном: Сафари Шарифи аз: Лос-Анджелес
22.07.2009 06:58
Салом Файласуф ва кайҳоншиноси муҳтарам!!!
Ман ба шумоён пеш аз сиҳату саломатии бараъло,ба ҳамаи мардуми Тоҷикистон ҳамчунин, бахту саодат, барору комёбиҳоро аз Худованди поку Таъолло таманно менамоям!!
Савол ба шумо чунин мебошад!
Ойё худи шумо ба Тоҷикистон нияти баргаштан доред ё на???
Ва кадом нақшаҳои илми-ро джори хоҳан менмоед???
Новобаста кадом фанне бошад. Ба саволҳо посухи мунтаззам мехоҳам гирам!!!! нишонаи имейли ман ин аст: Safari-non@mail.ru
Дар посух

Ном: Акбари Турсон
22.07.2009 06:58
Дуруд бар Шумо, Сафари Шарифӣ. Ташаккур барои орзуҳои нек ва суханони гарми Шумо. Банда ҳам ба Шумо ва дар симои Шумо ба ҳамаи ҳамватанон дар куҷои олам ки бошанд, саломатӣ, бахту саодат ва комёбиҳо орзу мекунам. Ба пурсиши Шумо дар бораи баргаштан ё барнагаштан ба Тоҷикистон аллакай посух додам ва фақат ҳаминро илова карданиям, ки василаҳои иртиботӣ ва мухобиротии имрӯза ба кас имкон медиҳад, ҳар куҷои олам ки бошад аз Ватани худ канда набошад ва бо ҳамватанон ҳамеша дар тамос бошад. Шогирдону дӯстонам, масалан, ҳар китоби наверо, ки дар Тоҷикистон чоп мешавад ва ё ҳар мақолаи муҳимме, ки он ҷо чоп мешавад, кӯмак мекунанд, то ба дасти ман мерасад ва мақолаву мусоҳибаҳои ман дар Тоҷикистон нашр мешаванд ва ҳамчунин аз тариқи Донишгоҳи Пенсилвания ман аз ҳамаи имтиёзҳои профессорӣ бархӯрдорам ва ба китобхонаи пурсарвати он дастрасӣ дошта, инчунин донишгоҳ маро ба 25 номгӯй маҷаллаҳои муҳими ҷаҳон обуна кардааст. Ман ин хел шароитро гумон аст, ки дар Тоҷикистон дошта метавонистам ва як сабаби дар Амрико истодану ба кори илмӣ машғул шудани ман ҳамин аст. Вале боз мегӯям, вақте ин корҳоро ба поён расондам, ба Ватани азизамон бармегардам.
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 8

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил