Пахши зинда

Ҳоло дар амвоҷ

Маҷаллаи шомгоҳӣ

Барномаи оянда

БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Қурби сомонӣ

TJS / 
USD
4.3669
TJS / 
EUR
5.8810
TJS / 
RUB
0.1447
TJS / 
KZT
0.0295
TJS / 
UZS
0.0028

Қурб дар ҳоли тағйир аст.

Баҳс

Саволи Шумо дар бораи сулҳ

Иброҳими Усмон, собиқ узви Кумисюни оштии миллии Тоҷикистон, муҳаққиқи раванди сулҳи Тоҷикистон.

22.06.2009

Ба ҳамаи пурсишҳо дар бораи сулҳи Тоҷикистон, профессор Иброҳими Усмон ба таври "online" посух медиҳад.

Лутфан пурсиши худро дар зер бинависед. Дар бораи сулҳи Тоҷикистон чиро донистан мехоҳед? Чӣ норӯшаниҳо дар миён ҳаст? Ба хидмати онҳое, ки ин сулҳро мумкин гардонданд, чӣ назар доред? Чӣ гуна мешавад, сулҳу суботу амниятро дар кишвар таҳким тақвият дод?

Мехоҳед, ҳоло саволатронро бинависед, намехоҳед, рӯзи 25-уми июн, аз соати 15:00 то 17:00 ба вақти Душанбе ин ҷоро боз кунед ва ба таври зинда дар сӯҳбат ширкат намоед. Мо интизори Шумо.

Ин баҳс баста шудааст.
Comment Sorting
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 5
Ном: Карим
22.06.2009 15:24
Устоди гироми мехостам акидаи шуморо дар мавриди:
халк ба вахдат расидааст аммо гурухои алохида ин вахдатро халалдор мекунанд ва вучуд доштани ин вахдати миллиро инкор медоранд.
Дар мавриди чунин акидахою чунин шахсон чи гуфтанихое доред?
Саломат бошед!
Дар посух

Ном: Иброҳими Усмон аз: Маскав
22.06.2009 15:24
Аввалан, ман, албатта, тамоми мардум тоҷик ва халқи Тоҷикистонро табрик мекунам. Ҳамон шакли сулҳ, ки мо имрӯз дорем, зиндагии оромонаро дар кишвари мо таъмин мекунад, осудагӣ ҳаст, оромӣ ҳаст -- ин сулҳ аст, яъне ҳамон чизи мумкин ба даст омад. Дар мавриди сулҳ ва ваҳдат бояд бигӯям, дар Тоҷикистон сулҳ ба миён омадааст. Сулҳ ин иродаи ду ҷониб аст, ки ба ҳам ҷанг намекунанд. Ва ман мушоҳида мекунам, ки ҳарду тараф кӯшиш мекунанд, ин сулҳро ҳифз кунанд. Ва мо ба суи ваҳдат ҳаракат дорем. Яъне дар одамон боқӣ намондани кадом шубҳа. Барои пурратар ҳал шудани он омилҳои зиёде заруранд. Агар сулҳ бо раъй ба даст меомада бошад, барои ваҳдат шиками сер ҳам даркор аст, ҷои кор ҳам ва ғайра . Ман гумон намекунам, гурӯҳи муташаккиле бошад, ки худро дар муқобили сулҳу ваҳдат қарор медиҳад . Шояд ҳанӯз пурра боварӣ надоранд, ҳамрайъии умумӣ ба вуҷуд омадаасту онҳо шубҳаҳо доранд. Ин гуна одамон ҳастанд.

Ном: Salim
22.06.2009 15:32
Sawoli man chuni hast ba oqoi Ibrohim Usmonow
Awwalan shukr wa sipos meguem Khudoro ki dar kishwari mo sulh omad. Suol chunin hast charo dar Tojikiston sulh shud wa kadom omilhoi dokhili wa khoriji tasir guzosht to du guruhi dargir bo ham sari mizi muzokira bishinan wa ba sozishnomai sulh imzo biguzoran?
Tashakur
Дар посух

Ном: Иброҳими Усмон аз: Маскав
22.06.2009 15:32
Ман гумон мекунам, ки ифтихори миллии мардуми Тоҷикистон ва талошҳо барои обод нигоҳ доштани Ватан аз омилҳои муҳими дохилӣ буданд. Аз тарафи дигар мардуми Тоҷикистон то ин воқеа то ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар дохили ватан зистанро унс гирифта буданд, ба он ки берун аз мамлакат ором зиндагӣ карда метавонанд, шубҳа доштанд ва бинобар ин ба вуҷуд омадани муҳоҷират ишқи ватанро сӯзонтар кард ва мардумро водошт ки ба ватан баргарданд. Ҳукумат ҳам эҳсос кард, ки то сулҳ набошад, ободӣ намешавад ва то мардум бознагарданд, пешрафт ҳам нест. Аз тарафи дигар барои ҳалли ин чиз Тоҷикистон аз ҳарду ҷониб ҳам мафкураҳои солим дошт сарфи назар аз хашмҳову қаҳрҳо дар ду тарафи афроде буданд, ки наздикиро мехостанд. Омилҳои хориҷӣ, албатта, ҳарду ҷониб дар берун пуштибонҳое доштанд ва ба ҳам омадани манфиати мутаккоҳои ҳарду ҷониб ба сулҳи Тоҷикистон муосидат кард, агар манфиати онҳо ба ҳам намеомад, шояд барои сулҳи Тоҷикистон мубориза намекарданд ва албатта, СММ дар Тоҷикистон як манбаеро дид, ки ба воситаи он метавонист, мавқеъи сулофаринии худро ҳимоят кунад ва аз ин мавқеият истифода ҳам бурд.

Ном: собик ддонишчу аз: душанбе
22.06.2009 15:42
Шумо ки яке аз мухолифони сарсахти оппозитсиюн ва шахси бовариноки Рахмон Набиев будед, дар дарсхоятон хам мукобили сулх харф мезадед, оё дар хайъати шумо чунин нафарони сарсахт ва мукобили сулх чандто буд.Фикр мекунед, бо вучуди он ки шумо мукобили созиш будед, ки шуморо мачбур кард то сулх кунед?
Дар посух

Ном: Иброҳими Усмон аз: Маскав
22.06.2009 15:42
Бародаре ки чунин суол гузоштаанд, намефаҳманд, ки чи гуфтан мехоҳанд. Агар ман мухолифи сулҳ мебудам, ҳеҷ вақт дар музокироти сулҳ иштирок намекардам. Он ки ман ба нерӯҳое ки зидди Раҳмон Набиев буданд, мухолиф будам, чизи дигар аст, гумон кардан, ки тарафдорони Раҳмон Набиев зидди сулҳ буданд ва тарафи муқробил сулҳпарвар буд, хатои мазҳ аст.
Аз тарафи дигар ман дар дарсҳоям як сабти телевизониро истифода мебарам. Муаллифаш худам ҳастам ва дар соли 1994 дар телевизиони кишвар пахш шуда буд. Ман онро дар ду ҳолат истифода мекунам, агартдарсам низоъшиносӣ бошад, онро нишон медиҳам, то шаклҳои таборузи низоъро фаҳмида тавонанд ва агар дарсам равоншиносии журналистӣ бошад, барои нишон додани роҳҳои таъсир ба мафкура ин наворро истифода мебарам. Агар касе дар ин кор равиши зидди сулҳро дидааст, хеле афсӯс мехӯрам, ки фаҳмишаш аз бинияш боло набудааст.

Ном: Камол аз: Хучанд
22.06.2009 15:54
Салом устод.Дохил кардани аьзои опозицион ба идораи хукумат ин муваккати буд?Чунки дар холи хозир нафаре аз опозицион 30%а дар хукумат намондааст
Дар посух

Ном: Иброҳими Усмон аз: Маскав
22.06.2009 15:54
Воқеан ин савол дар доираҳои гуногуни Тоҷикистон ҳатто ҳалқаҳои илмие, ки ба сулҳи Тоҷикистон сари кор доранд, зуд зуд марвиди баррасӣ қарор мегирад агар гуем ҳақиқатан ҳам дохил кардани оппозисюн ба ҳкукумт як амри муваққатӣ буд ғалат ҳам намешавад, зеро низомномаи Комиссиюни Оштии Миллӣ (КОМ), ки дар он масъалаи ислоҳоти 30%-а дар назар буд, амалҳоеро дар назар дошт, ки шурӯъи фаъолияти порлумон анҷом мегирифтанд. КОМ дар давраи гузар, яъне аз замони имзои ҳамаи протоколҳо, яъне Созишномаи умумӣ, то охири кораш дар тули 18 моҳ вазифаҳои худро иҷро мекунад ва яке аз онҳо татбиқи 30 дарсад буд. Чиро мо мехостем? Қабл аз он ки интихобоит порлумонӣ баргузор шавад, 30 дарсади ҳокимияти маҳаллӣ ва марказӣ ба дасти намояндагони оппозитсия бошад, то ки онҳо бо истифода аз ин намояндагони худ дар интихоботи нав иштирко кунанд ва бовар дошта ботшанд, ки манфиати онҳоро ин бародарони ичро карда метавонанд. Барои ҳамин талаб шуда буд, ки 25 дарсади намояндагони комсиюни марказии интихоботӣ аз оппозитсия шудунаш даркор аст. Ва зикр ҳам шуда буд, ки ҳамаи ин чорабинӣ бо ба анҷом расидани фаъолияти КОМ тамом мешавад. Фаъолияти КОМ 31-умии марти соли 2000 ба анҷом расид. Яъне ин дархост ва ин талабҳо анҷом ёфтанд. Вале ман як фикри дигар дорам дар ин маврид. Мо ба назар гирифтанамон даркор бдуд, ки дигар он гурӯҳи оппозсиюн ки мо дар борааш сухан мегуфтем, боқӣ намемонад. Киро ба сифати мухолиф ба ҳукумат шинондан даркор мешавад. ман умед доштам ва имрӯз ҳам умед дорам, ки намояндагони ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон, намояндагони ҳамаи ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон, ки қобилияти кор кардан доранд, қобилияти ба Ватан ягон ёрие расондан доранд, танҳо бо ҳамин нишонаашон бояд ба корҳо ва вазифа таъин карда мешуданд ва таъин карда шаванд. Ин чиз пурра иҷро шуд ё не, ин проблема ҳанӯз дар ҷоемаи мо гапу калочаҳои биёре ба вуҷуд оварда истодааст. Агар ба саҳифаҳои матбуоти озод, мтабуоти шахсии Тоҷикистон нигоҳ кунем, дар бораи мувофиқати кадрҳо ба вазифа шубҳаҳои зиёде баён карда мешавад. Албатта, ба манфиати сулҳ ва ризоияти миллӣ мебуд, агар ин назарҳо ба эътибор гирифта шаван. Соҳиби савол боз мепурсанд, оё имрӯз ягон нафаре за 30 фоиза дар ҳукеумат ҳаст ё не. Боз таъкид мекунам, ки ҳукумати имрӯза ба он вобастагӣ надорад, вале ҳастанд, одамоне ки аз ҳисоби 30-фоиза ба ҳукумат омада будандж ва имрӯз ҳам кор мекунанд. Ман ҳадди ақал сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Зокир Вазировро дар назар дорам ва устод Сатторзодаро дар назар дорам, ки дар ҳукумат кор мекунанд ва чанд нафар раисони ноҳияҳо ҳам корро идма доданд. вале мо аз паси ин дигар шуданамон даркор нест. Бубинед, Зайд Саидов чун ҳунарашро нишон дод, имрӯз фаъолона дар ҳаёти иҷтимоии Тоҷикистон кор мекуунад. Ман худо мегӯям, ки дастгирии ҳаимн навъ кадрҳо зиёдтар бошад.

Ном: Рашод аз: Душанбе
22.06.2009 16:06
Бо арзи эхтиром, ба хамаи он нафароне, ки ба Вахдат арч мегузоранд.
Чаноби Иброхим Усмонов, тавре маълум чангро ду тараф мекунанд. Берозигии чонибхо сулх ба миён намеояд. Вале имруз ду чониби собик даргир барои ба даст овардани сулх бештар аз пешвохои худашон харф мезананд. Ва чониби дигарро нодида мегиранд. Оё дар раванди сулхи Точикистон танхо Э. Ш. Рахмонов даст дошт, ё Нури хам сахме гузошта буд ва ё баръакс? Хамчун як чавони муосири точик сахми хардуи хамин ду нафарро нафахмидидам, ки дар чист. Дар чанг аст ё дар сулх?
Дар посух

Ном: Иброҳими Усмон аз: Маскав
22.06.2009 16:06
Чанд сол пеш ман бо як журналисти хуби Тоҷикистон Султон Ҳамадов мусоҳбиае доштам дар мавзуи сулҳ ва ҷанг ва унвонаш ҳам буд, ки як тараф соҳиби сулҳ шуда наметавонад. Ман ба он ақида мӯътақидам, ки худи сулҳ дар таркибаш ду тарафро дар назар дорад. Одам танҳо ба худаш сулҳ намекунад. Як тараф ҷангро сар карданаш мумкин , як тараф дар ҷанг ғолиб омаданаш мумкин, аммо барои сулҳ ду тараф даркор аст. Сулҳ байни ҳукумати Тоҷикистон ва нерӯҳои зидди ҳукумати Тоҷикистон ба амал омад. Пас дар сулҳ ҳам роҳбари Тоҷикистон ва ҳам роҳбари он нерӯҳое ки зидди ин ҳукумат қарор доштанд, саҳм доранд. Агар раванди сулҳ ба Раҳмонов ва Нурӣ вобаста намебуд, ё фарз кардем, ба Нурӣ вобаста намебуд, балки ба каси дигар вобаста мешуд, мо соҳибди ин хел сулҳ намешудем. Он сулҳе, ки мешуд, шояд дигархелтар мешуд. Хубтар мешуд ё бадтар ин гапи дигар. Ин сулҳе ки мо дорем, сулҳест, ки дар натиҷаи муоҳидаи Раҳмонов ва Нурӣ ба вуҷуд оамадааст. Ва халқи Тоҷикистон ва пайравони ҷаноби Нурӣ, ки низ халқи Тоҷикистон ҳастнад, ин сулҳро қабул карданд. Ман ҳам ба он фикр ҳастам, ки бояд вақте дар бораи сулҳ ҳарф мезананд, ин маъно ҳамеша ифода шавад. Ҷумлаи охирини ин бародар маро вомедорад, ки як чизи дигарро ҳам гӯям, воқеан ҷаноби Нурх дар ҷанг ҳам ба сифати раҳбар буданд. Ҳозир гап дар бораи он нест, ки ҷангро ки шурӯ ъ кард, гап дар бораи иштирок дар ҷанг. Вале дар бораи иштироки ҷаноби президент дар он ҷанг ҳамчун шахсияти пешбар ман ҳанӯз маводе пайдо накардам.

Ном: Garib
22.06.2009 17:33
1:Fitna andokhtan baddar az jang kardan ast!2:Tojikiston markazi tilloi osiyo!
Jangi grazhdanie, ki dar Tojikiston bud ba fikri shumo beshtar ba manfiati kujo bud Russiya, Uzbekiston yo,ki? Agar ba in suoli man purra javob gued bovari hosil mekunam, ki shumo injo baroi javonon omadaed, ki dar haqiqat ta'rikhi khudro durust fahmand gufta. Agar, ki ne shumo injo tanho nazari siyosi doredu khalos!
Дар посух

Ном: Иброҳими Усмон аз: Маскав
22.06.2009 17:33
Ман намедонам, ҷанги гражданӣ ба манфиати кӣ буд --Русия, Узбакистон ё Эрон, вале ман дақиқ медонам, ки он ба муқробили миллати тоҷик буд. Мо худамон зиндагямонро ба роҳ андозем, муносибати некамонро бо ҳамдигар дар дохили мамлакат мустаҳкам кунем, бегонагон ба мо халал расонда наметавонанд. Аз мост, ки бар мост. Онҳо фақат майли андаки моро қувват дода метавонанд. Моро бо силоҳ ба муқобили ҳамдигар даъват карда метавонанд, пул дода метавонанд, дар ҳама ҳолат агар мо нахоҳем, ҷанг намекунем.

Ном: Ahmad аз: Dushanbe
22.06.2009 18:15
charo taksimoti 30% hatto 10% ham ijro nashud(manzuram ba tavri boyadu shoyad va to okhir 10% ijro nashud)charo kasoneki afv shuda budand hanuz ham yo takib meshavand yo zindoni meshavand?
Дар посух

Ном: Иброҳими Усмон аз: Маскав
22.06.2009 18:15
Хуб, тақсимоти 30%-а аслан ин аз он намунаҳое ҳаст, ки нисбат ба дигар нишондиҳандаҳо бештар иҷро шуд. Бародари азиз Аҳмадҷон, шумо медонед, ки одамоне ки ба ин саҳмияи 30%-а ворид шуданд, иддае аз онҳо ба зудӣ фаромӯш карданд. ки аз ҷониби кӣ ин вазифаро гирифтанд. Шояд дар ҳангоми пешниҳод кардани кадрҳо кадом як омилҳои ғайрикасбие ҷой дошт, ки дар натиҷаи онҳо одамоне вазифа гирифтанд, ки на аз лиҳози касбӣ, на аз лиҳози сиёсӣ ва на аз лиҳози иҷтимоӣ лоиқ набуданд ва ҳамин худашро зоҳир кард. Албатта, гап дар бораи ҳамаи онҳо намеравад, балки иддае. Вале дар шароите ки он вақт оппозитсияи тоҷик дошт, мавқеъи ҳар яки онҳо барои татбиқи орзуҳои нерӯҳои оппозсиюн бисёр муҳим буд. Дар масъалаи зиндонӣ будани иддае аз онҳое ки дар муқовимати сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ иштирок карданд. На танҳо намояндагони нерӯҳои мухолифин, балки теъдоде аз намояндагони Фронти халқӣ ҳам дар ҳабс ҳастанд ва миёни онҳо номҳои шинохтае низ ҳаст. Афве, ки якуми августи соли 1997 эълон шуд ва афве, ки соли моҳи ноябри соли 1999 эълон шуд, чунин маъно надошт, ки ин одамҳо агар гуноҳ кунанд ҳам якумр аз ҷазо озод ҳастанд. балки маънояш ин буд, ки ҳар гуноҳе то рӯзи ба имзо расидани ни санади афв дар иртибот ба муқовиматҳои сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандй содир кардаанд, бахшида мешавад. Агар гуноҳи дигаре содир кунанд, минбаъд тибқи қонунҳо ҷазо мегиранд. Ва фикри ман ин -- Агар одамоне бошанд, ки воқеан барои муқовимати сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ ба маҳкама кашида шудаанд, ин нишони иҷро нашудани талаботе ҳаст, ки дар зери он ҳам сардори давлат имзо кардаанд ҳам вакилони Маҷлиси Олии Тоҷикиситон раъй додаанд.Вале агар собиқ размандагон ва собиқ фронтиҳо барои ҷиноятҳое гунаҳкор шуда бошанд, ки ба муқовимати сиёсӣ ва ҷанги гражданӣ дахл надоранд ва дар асри 21 содир кардаанд, пас ин ҳеҷ иртиботе ба созишномкаи сулҳ надорад.

Ном: Зафари аз: Душанбе
22.06.2009 18:16
Устод гироми шумо кадом газетахо мехонед?
Шумо кадом радио Точикистонро гуш мекунед?
Ва шумо кадом журналисти Точикистон макул аст барои чи?
Дар посух

Ном: Иброҳими Усмон аз: Маскав
22.06.2009 18:16
Савол ба мавзӯъ дахл надорад.

Ном: London аз: London
22.06.2009 18:45
Salom, Ustod.
Sabab dar chist, ki imruz a'zoyoni Ittihodi Mukholifini Tojik haqqi 30%-ai khud dar Hukumati Tojikistonro talab namekunand? Oyo in az tarsi hukumati Rahmon ast yo onho ham dar rezhimi Rahmon "hal" shuda raftaand?
Дар посух

Ном: Иброҳими Усмон аз: Маскав
22.06.2009 18:45
Ба ин савол ҷавоб додем, вале ин навъ савол баъди ин ҳам такрор мешавад, барои ҳамин такрор кардан мехоҳам, ки оппозисюне, ки солҳои 1992 - 1999 доштем, дигар нест. Давраи гузаре, ки соли 1997 то 2000 доштем, нест дигар. Мо ба сулҳ расидем. Ҳамаи мардуми Тоҷикистон танҳо як ном доранд -- шаҳрванди Тоҷикистон. Ва аз ҳамин нишона минбаъд бояд вазифа гиранд. Агар ин шахс дар ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ё худ ба сифати як шахсияти машҳури Тоҷикистон амал дошта бошад, ҳақ дорад барои соҳиби вазифа шуданаш талош кунад. Вале акнун он "квота" -- ҷойи таъиншуда мавҷуд нест ва ингуна ваъда ҳам, ки 30% якумрӣ ба гурӯҳе ҷудо мешуда бошад, дар ҳеҷ созишномае навишта нашудааст.

Ном: London аз: London
22.06.2009 18:49
Ba fikri shumo charo javonon imruz dar shaklgirii siyosati Tojikiston naqshi kuchak dorand? Sabab sathi pasti donishi siyosi doshtani onhost yo boz ham rezhimi totalitariyu avtoritarii Rahmon yo umuman beparvoi nisbati taqdiri khud?
Дар посух

Ном: Иброҳими Усмон аз: Маскав
22.06.2009 18:49
Ҷавонҳо аслан аз сиёсат пурра дур гуфтан, чандон ба ман маъқул нест. Онҳо ба ҳар ҳол дар сиёсат ҳастанд. Вале мутаассифона, сатҳи донишомӯзии имрӯзаи ҷавонон маро нигарон мекунад. Вақте ки ҷавон Фирдавсиро нахонда, дар бораи Фирдавсӣ, Бобоҷон Ғафуровро нахонда, дар бораи Бобоҷон Ғафуров, таърихи халқи тоҷикро нахонда, дар бораи халқи тоҷик, таърихи ҷангро нахонда, дар бораи ҷанг гап задан мезхоҳад ва ҳатман худашро ҳақ ҳисоб кардан мехоҳад, андеша кардан зарур мешавад, ки оё мо ба онҳо пурра такия карда метавонем ё не. Ман танҳо чизҳои гуманитариро ёд овардам, чунки ин ба ҷавонони имрӯзаи мо наздиктар аст. Дар бораи касбҳои ҳандаса, тибб ҷойи гап нест. Имрӯз ҳама иқтисоддон ё ҳуқуқшинос шудан мехоҳанд, Вале онро ҳам ғойибона хонданашро дӯст медоранд. Ба ин мафкура хидмати содиқона кардан ба Ватан ва миллатро ман камтар ба худ тасаввур мекунам.
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 5

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил