Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавони тоҷик “Макдоналдс”-ро ба додгоҳ кашид


Дилшод Бурҳонов, шаҳрванди Тоҷикистон ресторани "Макдоналдс" дар Маскавро ба додгоҳ кашидааст.
Дилшод Бурҳонов, шаҳрванди Тоҷикистон ресторани "Макдоналдс" дар Маскавро ба додгоҳ кашидааст.

Додгоҳи пойтахти Русия то як моҳи дигар даъвои як шаҳрванди Тоҷикистонро баррасӣ мекунад, ки аз намояндагии «Макдоналдс» дар Русия тақрибан як миллион рубли русӣ ҷуброни маънавӣ талаб дорад.

Дилшод Бурҳонов, сокини 34-солаи ноҳияи Исфара, мегӯяд, дар назди дари яке аз ресторанҳои «Макдоналдс» дар маркази Маскав пояшро сахт маҷрӯҳ кард ва дар ин ҳодиса ресторан гунаҳкор аст, чунки ба амнияти муштариёнаш беэътиноӣ кардааст. Додгоҳи Маскав даъвои шаҳрванди Тоҷикистонро рӯзи 14-уми июл ба барасӣ мегирад ва Дилшод дар мурофиа худаш аз ҳуқуқи хеш ҳимоят мекунад.

Дилшод Бурҳонов рӯзи 16-уми июн ба Радиои Озодӣ нақл кард, ки моҳи сентябри соли 2014 дар назди даромадгоҳи ресторани "Макдоналдс" дар кучаи Матвеевскаяи шаҳри Маскав пояш ба як оҳани баромада бархӯрда ва сахт зарб хӯрдаву варам кардааст. Ба гуфтаи Дилшод кормандони ресторан ба муроҷиати ӯ дар бораи хатарнок будани оҳан барои мизоҷон ва бахусус кӯдакон эътибор надодаанд ва барои муолиҷаи захми пояш ҳам ёрии аввалияи тиббӣ нарасондаанд.

Баъди ин Дилшод Бурҳонов маҷбур шудааст, ба шифохонае дар Маскав муроҷиат кунад ва мегӯяд, тамоми санадҳо ва далелҳои шайъиро барои собит кардани даъвояш дорад ва рӯзи 14-уми июл дар додгоҳ пешниҳод мекунад. Дилшод талаб дорад, ки «Макдоналдс» барои расонидани осеб ба сиҳатии ӯ, зери таъсири нурҳои рентгенӣ қарор гирифтан ва хатари сирояти бемориҳои сироятӣ ба ӯ 450 ҳазор рубл зарари модд, 450 ҳазор рубл барои зарарӣ маънавӣ, 99 ҳазор рубл харҷи додгоҳ ва дар маҷмӯъ 999 ҳазору 999 рубл бипардозад.

Дилшод Бурҳонов аввал аз ширкати «Москва-Макдоналдс» хостааст, баҳсро бе додгоҳ ҳал кунад ва ба ӯ барои осеб дидани пояшу чанд рӯз дард кашидан ва рӯзҳои кориро гум кардан ҷуброн пардозад, аммо посухи манфӣ гирифтааст. Дилшод Бурҳонов, ки худаш ҳуқуқшинос аст, баъд аз ин ба Додгоҳи ноҳияи Тверская, маҳалли ҳодиса муроҷиат кардааст. Аммо додгоҳи мазкур аввали имсол даъвои шаҳрванди Тоҷикистонро беасос дониста ва гуфтааст, ки далелҳои шаҳрванди Тоҷикистон барои ситонидани ҷуброн аз ширкати «Макдоналдс» кофӣ набуд ва аз ин рӯ рад карда шуд. Дилшод мегӯяд, ҳукм одилона набуд ва аз ин рӯ вай барои аз нав дидани даъвояш ба Додгоҳи шаҳри Маскав муроҷиат кард:

«Ман ҳақ ҳастам, ин кор шудааст, дар ҳақиқат ман ҷароҳат бардоштам. Ман ҳамаи инро бо тартиб ва аз рӯи қоида санад кардам, справка гирифтам. Ман сад дарсад ҳақ ҳастам. Коре, ки онҳо мекунанд, ғайриқонунӣ аст. Ман то охир меравам, чунки ман ҳақ ҳастам. Агар ман ҳақ намебудам, ин корро намекардам. Агар суди Маскав ҳам не гӯяд, ман ба Суди олии Русия менависам.»

Дилшод Бурҳонов рӯзи 16-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ширкати «Москва- Макдоналдс»-ро соли гузашта баъди он ба додгоҳ кашид, ки ба муроҷиати мустақими ӯ ҳамчун зарардида барои пардохти ҷуброни маънавӣ посухи рад доданд. Ба гуфтаи Дилшод Бурҳонов, баъди се рӯзи ҳодиса дар назди «Макдоналдс» кормандони ресторан ба ӯ занг зада пешниҳод кардаанд, ки барои ҷуброни амалкарди ноҷояшон ба ӯ наҳори бепул медиҳанд. Дилшод мегӯяд, худи ин узрхоҳии кормандони ресторан далели гуноҳи онҳост, ки ба амнияти мизоҷонашон беэътиноӣ кардаанд.

Ба додгоҳ кашидани тарабхона ва ё муассисаву корхонаҳо дар бисёре аз кишварҳо маъмулӣ аст, аммо даъвои додгоҳии шаҳрванди Тоҷикистон, алайҳи ширкати «Москва-Макдоналдс» ва талаби 1 миллион рубл ( баробар ба 20 ҳазор доллар) бори аввал аст. Дилшод Бурҳонов, ки бештар аз 10 сол аст, дар Русия зиндагӣ ва кор мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳақ дар тарафи ӯст ва ӯ то пирӯз омадани адолат аз роҳаш намегардад.

XS
SM
MD
LG