Ҷумъа, Октябр 31, 2014

Тоҷикистон

Сеяки тоҷикистониҳо Рӯзи Валентинро ҷашн мегиранд

Пажӯҳиши тозаи Маркази иҷтимоии "Зеркало" мушаххас кардааст, ки 59 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон аз Рӯзи Валентин огаҳӣ доранд.

Қаҳрамон Бақозода, раиси Маркази таҳқиқдотии иҷтимоии "Зеркало" рӯзи 11-уми феврал зимни натиҷагирӣ аз назарсанҷии ин созмон ба радиои Озодӣ гуфт, ки «ин пурсиш дар миёни 1000 нафар одамони касбу кори гуногун дар манотиқи гуногуни кишвар тайи ҳафтаҳои охир анҷом дода шуд.»

Ба гуфтаи ҷаноби Бақозода, ин пурсиш маълум кардааст, ки дар Тоҷикистон аз мардҳо дида, бештари занон аз Рӯзи Валентина хабар доранд. Зеро тибқи пурсиши «Зеркало» 62 дарсади занон ва 56 дарсади мардҳо аз огаҳӣ доштани худ дар бораи Рӯзи Валентин изҳори назар карданд.

Дар пурсиш ба суоли он ки Рӯзи Валентинро ҷашн мегиред? 69 дарсад ҷавоби рад додаанд ва танҳо 31 нафар гуфтаанд, ки ин рӯзро таҷлил мекунанд.

Пурсиши мазкур нишон додааст, ки дар миёни минтақаҳои Тоҷикистон аз ҳама бештар дар вилояти Суғд 64 дарсади мардумаш аз Рӯзи Валентин огоҳӣ доранд. Дар Душанбе, вилоятҳои Хатлон ва Бадахшон камтар аз ҳар 10 пурсидашуда 6 нафар посух додаст, ки Рӯзи Валентинро медонад.

Ҳамчунин дар пайи ин пурсиш маълум шудааст, ки 41 дарсади пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки дар ин рӯз ба наздиконашон туҳфа мекунанд ва 31 дарсади дигар гуфтаанд, ки Рӯзи Валентинро чун идҳои маъмулӣ таҷлил хоҳанд кард. 

x
"Рӯзи ошиқон" ба зиндагиии ҷавонони Тоҷикистон ҳамагӣ чанд сол пеш ворид шудааст. Агар 10 сол пеш иди ошиқонро танҳо "ҷавонони шаҳрӣ" ҷашн мегирифтанд, ҳоло донишҷӯёну хонаводаҳои ҷавон низ ба сафи онҳо ҳамроҳ шудаанд. Ин дар ҳолест, ки бархе аз ҷавонон ин идро қабул надоранд, аммо коршиносон мегӯянд, ҳаёти ҷавонон ба чунин як иди махсуси ҳиссиёти онҳо эҳтиёҷ дорад. Дар расонаҳои ахбори ом баҳсҳое ба миён омада буд, ки расми тӯҳфа ба дилдодагон як ҷузъи иди Наврӯз бошад, аммо ин ақида ҳам баён мегашт, ки дар кишвар Рӯзи Лайлӣ ва Маҷнун таъсис ёбад.

Дар сартосари дунё рӯзи "Валентин" бо харҷи зиёд таҷлил мешавад. Масалан, соли 2012 дар Амрико харҷи умумии аҳолӣ дар ин ид бештар аз 17 миллиард долларро ташкил додааст.  Маъшуқон дар он ҷо ба якдигар бештар туҳфаҳои гаронарзиш тақдим мекунанд. Дар Тоҷикистон бошад, ҷавонон рӯзи ошиқонро бо арзиши на камтар аз 15 доллар ҷашн мегиранд. Яъне, бо як даста гули садбарг, корти табрикӣ ва тӯҳфаи хотирмон. Ҷавонони доро ҳамроҳи маъшуқаи худ ба тафреҳгоҳҳо мераванд.

Аммо дар Тоҷикистон мухолифони ҷашни рӯзи Валентин ё рӯзи ошиқон низ кам нестанд. Афроди мазҳабӣ мегӯянд, аксар сокинони Тоҷикистон аз таърихи ин ид хабар надоранд. Ба қавли онҳо, агар ҷавонони тоҷик аз хусусияти динӣ доштани рӯзи ошиқон огоҳ шаванд, аз ҷашнгирии он даст хоҳанд кашид. Таьрихи ин ид ба давраҳои аввали масеҳият бармегардад бармегардад ва ба номи роҳиби насронӣ Валентини Муқаддас пайванд дорад, ки бо фармони императори Рим Клавдийи 2 барои даъвати динӣ дар байни ҷавонон ба қатл маҳкум шуд.

Рӯзи қатли ӯ -- 14-уми феврал дертар аз тарафи калисои масеҳӣ қонунӣ гардид. Бо мурури солҳо саргузашти Валентин ба устураи ишқ табдил ёфт. Бино бар яке аз ривоятҳо император Клавдий шахсе унвон мешавад, ки намехост, сарбозонаш оиладор шаванд, зеро он гоҳ хуб нахоҳанд ҷангид ва Валентин, баръакс ба ошиқон дилсӯзӣ мекарду ба таври пинҳонӣ издивоҷи онҳоро созмон медод.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
 Пешӣ    
Ном: Шам
12.02.2014 00:18
Магар хамон кавми Валентину Иванову балову бадтар идхои моро чашн мегиранд, ки шумо ба онхо пайрави мекунед??? Боре дидаед,ки онхо иди рамазону курбон чашн гиранд??? Иди занону валентину ва гайра хамаш як сафсата каме нест!!! Барои модарону хохарони мо бояд хама руз ид бошад, барои модарону хамсаронро шарт нест, ки дар як сол як бор тухфае такдим кунему, бечорагон боз то соли дигар дар интизори тухфа ва ё кадрдони мо нигарон бошанд!!!

Ном: Mila аз: Dushanbe
12.02.2014 01:40
Salom, dar injo baze komentho durust ast, masalan Ali gapi durust nawishtaast... Ehtiromi in hardu nawjawon bojad ba jo owarda shawad, mumkin onho namedonand, ki aksi onho dar in sayt guzoshta shudaast. "Ba har hol khele zebo, hawasam omad"
Charo ki in ruzro jash nagirem? Kase oshiqu mashuq hast marhamat metawonand jakdigarro dar in ruzi oshiqon khursand namoyand, wa mekhostam dinro ba in mawzu omekhta nakuned!

Ном: умар аз: россии
12.02.2014 10:04
Худо хукуматдори моро инсоф тиа ки мардума монан ба масчидхо раван

Ном: карим аз: сангисиех
12.02.2014 14:15
Баподар Али ! Шояд хохарон агар хичоб мепушиданд,эхтиеч ба хира кардани руяшон набуд.Хонум Mila мегуяд, чаро ин рузро чашн нагирем? Аз у мепурсам чаро Рождество Христово,Пасхаи Бузург ва гайраро чашн нагирем? Ва инро бо дин омехта накунем?
Дар посух

Ном: Mila аз: Dushanbe
13.02.2014 06:49
Muhtaram Karim, ruzi oshiqon "Valentines Day" in idro sodda qabul kuned. Nawobasta az din, hama oshiq shudanash mumkin wa in du idi digarero, ki shumo nomgir karded inash ba oshikon hej rost nameoyad, lekin kase ki khohad jashn giriftan, marhamat, muhim hamin ki ba ozodii onho kase khalaldor naboshad!

Ном: KuLoBi аз: KULOB_2700
14.02.2014 01:07
Аму болода аму бародр рост гуфт Аллох тавфик ва Худотарсиша боз хам аз инда зиёда гардона. Чиба Чахони гайри дино як бор Рамазони шарф ё Курбон намеган неки мо мардми бесаводи нодидаи кшлоки вори ай паси Чохилият кадам мезанем БАРОДАРО ВА ХОХАРО ами руза чашн нагирен кори накнен ки дар пешгохи Аллох Таъоло аз номи инсонхои гунахкор сар боло кнен охи аму амеркансов европоиё механдан ба холмон ки мо чашни увора мегирем в уво ай мора нее ббинем олами куффор чи накшахо мекаша барои Ислом ва Мусулмонои азиз
Аллох хаматона да хифзу амон ва аз Имон хорич нагардонатон Аллоху акбар

Ном: Барак аз: Обама
14.02.2014 01:10
Ээээ айбай э мардми мусулмон шмо кчо мерен ба и холтон гапои мо одамои рахгумзадаву гумроха нагирен Мусулмонен да Мусулмонитон сахт махкам бестен калатона кор бфармонен агане хамаи дшманотона хрсанд мекнен ба и беаклитон
БО ЭХТИРОМ BARAK OBAMA FROM VASHINGTON AMERICA
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
 Пешӣ    

Назари Шумо чист?

Бойгонии назарсанҷӣ

Писандидаҳо

Тамос бо Радиои Озодӣ

Агар хабаре доред ё мехоҳед, масъалаеро дар миён гузоред, бо имейли Tajik@rferl.org ё телефони интернетии ozodi.skype бо мо дар тамос шавед. Ҳамчунин телефонҳои мо дар хидмати Шумо:

Дар Душанбе:          988 65 94 63               988 65 94 64            985 63 83 56
Дар Прага:               420 725 03 79 43   
Skype Me™! Add me to Skype