Ҷумъа, Октябр 31, 2014

Тоҷикистон

Сеяки тоҷикистониҳо Рӯзи Валентинро ҷашн мегиранд

Пажӯҳиши тозаи Маркази иҷтимоии "Зеркало" мушаххас кардааст, ки 59 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон аз Рӯзи Валентин огаҳӣ доранд.

Қаҳрамон Бақозода, раиси Маркази таҳқиқдотии иҷтимоии "Зеркало" рӯзи 11-уми феврал зимни натиҷагирӣ аз назарсанҷии ин созмон ба радиои Озодӣ гуфт, ки «ин пурсиш дар миёни 1000 нафар одамони касбу кори гуногун дар манотиқи гуногуни кишвар тайи ҳафтаҳои охир анҷом дода шуд.»

Ба гуфтаи ҷаноби Бақозода, ин пурсиш маълум кардааст, ки дар Тоҷикистон аз мардҳо дида, бештари занон аз Рӯзи Валентина хабар доранд. Зеро тибқи пурсиши «Зеркало» 62 дарсади занон ва 56 дарсади мардҳо аз огаҳӣ доштани худ дар бораи Рӯзи Валентин изҳори назар карданд.

Дар пурсиш ба суоли он ки Рӯзи Валентинро ҷашн мегиред? 69 дарсад ҷавоби рад додаанд ва танҳо 31 нафар гуфтаанд, ки ин рӯзро таҷлил мекунанд.

Пурсиши мазкур нишон додааст, ки дар миёни минтақаҳои Тоҷикистон аз ҳама бештар дар вилояти Суғд 64 дарсади мардумаш аз Рӯзи Валентин огоҳӣ доранд. Дар Душанбе, вилоятҳои Хатлон ва Бадахшон камтар аз ҳар 10 пурсидашуда 6 нафар посух додаст, ки Рӯзи Валентинро медонад.

Ҳамчунин дар пайи ин пурсиш маълум шудааст, ки 41 дарсади пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки дар ин рӯз ба наздиконашон туҳфа мекунанд ва 31 дарсади дигар гуфтаанд, ки Рӯзи Валентинро чун идҳои маъмулӣ таҷлил хоҳанд кард. 

x
"Рӯзи ошиқон" ба зиндагиии ҷавонони Тоҷикистон ҳамагӣ чанд сол пеш ворид шудааст. Агар 10 сол пеш иди ошиқонро танҳо "ҷавонони шаҳрӣ" ҷашн мегирифтанд, ҳоло донишҷӯёну хонаводаҳои ҷавон низ ба сафи онҳо ҳамроҳ шудаанд. Ин дар ҳолест, ки бархе аз ҷавонон ин идро қабул надоранд, аммо коршиносон мегӯянд, ҳаёти ҷавонон ба чунин як иди махсуси ҳиссиёти онҳо эҳтиёҷ дорад. Дар расонаҳои ахбори ом баҳсҳое ба миён омада буд, ки расми тӯҳфа ба дилдодагон як ҷузъи иди Наврӯз бошад, аммо ин ақида ҳам баён мегашт, ки дар кишвар Рӯзи Лайлӣ ва Маҷнун таъсис ёбад.

Дар сартосари дунё рӯзи "Валентин" бо харҷи зиёд таҷлил мешавад. Масалан, соли 2012 дар Амрико харҷи умумии аҳолӣ дар ин ид бештар аз 17 миллиард долларро ташкил додааст.  Маъшуқон дар он ҷо ба якдигар бештар туҳфаҳои гаронарзиш тақдим мекунанд. Дар Тоҷикистон бошад, ҷавонон рӯзи ошиқонро бо арзиши на камтар аз 15 доллар ҷашн мегиранд. Яъне, бо як даста гули садбарг, корти табрикӣ ва тӯҳфаи хотирмон. Ҷавонони доро ҳамроҳи маъшуқаи худ ба тафреҳгоҳҳо мераванд.

Аммо дар Тоҷикистон мухолифони ҷашни рӯзи Валентин ё рӯзи ошиқон низ кам нестанд. Афроди мазҳабӣ мегӯянд, аксар сокинони Тоҷикистон аз таърихи ин ид хабар надоранд. Ба қавли онҳо, агар ҷавонони тоҷик аз хусусияти динӣ доштани рӯзи ошиқон огоҳ шаванд, аз ҷашнгирии он даст хоҳанд кашид. Таьрихи ин ид ба давраҳои аввали масеҳият бармегардад бармегардад ва ба номи роҳиби насронӣ Валентини Муқаддас пайванд дорад, ки бо фармони императори Рим Клавдийи 2 барои даъвати динӣ дар байни ҷавонон ба қатл маҳкум шуд.

Рӯзи қатли ӯ -- 14-уми феврал дертар аз тарафи калисои масеҳӣ қонунӣ гардид. Бо мурури солҳо саргузашти Валентин ба устураи ишқ табдил ёфт. Бино бар яке аз ривоятҳо император Клавдий шахсе унвон мешавад, ки намехост, сарбозонаш оиладор шаванд, зеро он гоҳ хуб нахоҳанд ҷангид ва Валентин, баръакс ба ошиқон дилсӯзӣ мекарду ба таври пинҳонӣ издивоҷи онҳоро созмон медод.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
    Баъдӣ 
Ном: Ali аз: Jopon
11.02.2014 16:49
Ozodi az shumo khohishi ziyod doram vaqte aksi yak dukhtar ro bo bisare dar maqolahoyaton istifoda mebared chehrai dukhtarro kame khira kuned ki shakhsi dida nashinosadash. Namekhoham barodari in dukhtar hamin aksro binadu dar khijolat aftad, Avvalo Alloh bar khoharoni mo imoni komil dihad.
Khohishi ziyod doram!
Дар посух

Ном: Шрек аз: Олам
11.02.2014 19:37
тарафдорат хастам бародар. Бисер хуб мешуд озоди аксхои духтаронеро ки бе ичозати онхо мемонад каме хира карда гузорад.
Дар посух

Ном: Ali аз: Jopon
11.02.2014 19:41
Barodar in Khohisham bud ki ijro kunan na inki injo nashr kunand, ammo afsus gumon mekunam nakhohand ijro kard!

Ном: Мухаммади
11.02.2014 17:30
Вокеъан, агар ҷавонони тоҷик ки будани Валентинро медонистанд, аз тачлили ин рӯз даст мекашиданд.

Ном: Савдоӣ
11.02.2014 17:41
Авалан ки ин чиз аз фаҳанги мо нест.
Ин на иди ошиқон асту на иди маъшуқон. Иди ошиқу маъшуқ лаҳзаи канори ҳам буданаст.
Ин "ид" дар фарҳанги рус чизе беш аз баҳонае барои расидани мақсадҳои шаҳвонӣ нест.
Озодӣ, обруреҳӣ накунед, аз ин навъ информасичҳо худдорӣ кунед.

Ном: фархор аз: казоко
11.02.2014 18:33
Паёмбар саллаллоху алайхи ва саллам фармудаанд: "Касе худро ба кавме монанд созад, пас у аз чумлаи онон мебошад". Иншоаллох дар рузхои оянда таърихи пайдоиш ва хукми онро баён хохем кард! ТАРИХЧАИ ИДИ ВАЛЕНТИН Дар бораи пайдоиши ин ид якчанд киссахо вучуд доранд, ки машхуртарини онхоро зикр мекунем. Дар ибтидо, ин идро румиёни кадим хангоме, ки бутпараст буданд, чашн мегирифтанд. Ба эътикоди онхо, муассиси шахри Рум Ромалёсро гурге шир дода, ба у куввату акли расо бахшида буд. Ин ходисаро румиён хар сол дар нимаи мохи феврал чашн мегирифтанд. Дар рузи 14-уми феврал онхо як саг ва як бузро кушта, хуни онро бар тани як писар ва як духтари сохибчамол молида, сипас хунро бо шир мешустанд. Ин ду чавон бо чавонони дигар ба кучахои шахр баромада, хар шахсе, ки аз пешашон мебаромад, онро бо китъаи пусте зада, уро хунолуд мекарданд. Ба эътикоди онхо зарбаи китъаи пуст онхоро аз бефарзанди шифо мебахшад. Дар ин бора ривоятхои зиёде аст, иншоаллох дар рузхои оянда, ривоятхои дигари онро зикр хохем кард!

Ном: гайри фанатик аз: Точикистон
11.02.2014 20:00
Ман аслан тарафдори чашнгирии рузи валентина нестам, аммо бархе аз шархнависон ба ифрот рох медиханд ва дини исломро бо хамин чиз хам махлут менамоянд.Мухтарам Али агар духтар нахохад дасти писарро намедорад!Мухаммади ва савдои мардумро ба гумрохи набаред, акалан ба википедиа даромада баъд шарх нависед! Мухтарам Фархор Шумо рафта ба чашмони мардуми бесавод хок пошед.

Дар посух

Ном: Muhammadjon аз: dushanbe
11.02.2014 22:31
100% rozi man ba gapi shumo......yak ruzi digar dar Tojikiston va yo umuman dar Osiyoi Markazi kaid karda shavadu JASHN girifta shavad xele xub meshud. In ruzro nomashro ANTIFANATIK mondan darkor va dar in ruz biguzor surudxoni va otkritkahoi tabrikoti ba odamoni RAVSHANFIKR va Ziyoiyone, ki bar ziddi in besavodho mejangand, firistoda shavad. fanatikho .....Islomi Buzurg ham az shumo bezor hast 100 bor ne 1000 bor ne 100000000 bor bezor hast

Ном: Назар аз: Муминобод
11.02.2014 20:12
Ман бо ин мақола розӣ нестам. Омори тахминӣ аст. Дар деҳаи ман ҳамагӣ аз 3000 нафар 4 ё 5 аз ин рузи ошиқони масеҳикеш хабар доранд.

Ном: KuLoBi аз: KULOB_2700
11.02.2014 20:36
Бародаро ва хохаро ва тамоми мардми Азизу Мухтараму Шарифи Точикистони Точдор. Мурочиати мо як гурух донишчуёни шахри Рус ба шумо чунин аст:
Ин руза ами мардми Урус "ДЕНЬ СВЕТОГО ВАЛЕНТИНА" меган ак хдтон приставит кнен тахлил тарчумаш кнен СВЕТОГО гуфта иё одами пок бузурга меган даже ба номи ами Светой Валентин ЦЕРКОВЬ (ХРАМ) ибодатгохи уруси астай и ИБОРА вапшета ба ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМАМ халал мета Хеч вахт и руза чашн нагирен ба суи Аллох панох талаб кнен ай ами руз и руз бадбахтии калон миёра ба сари Апаву Хохарони мо бо маъшукаашон якчо мешаван рузи ОШИКОН гуфта ба корои гайри ИСЛОМИ даст мезана АСТАХФИРУЛЛОХ

Ном: Бедил Хакимов аз: Дашти махтоби
11.02.2014 20:37
дар имруз магар модарат тавалуд шудааст ки чашн мегири е падарат харом аст

Ном: МИСТЕР аз: Бин
11.02.2014 20:37
накнен и руза кайд уболи вазнинай ПЕРЕД АЛЛАХОМ Отвечаете Народ Мусульманский
Аллах благославит вас

Ном: Хусрав аз: СПб
11.02.2014 22:23
Мо хохем ё нахохем дар ин дунёи глобали одату маданияти гарб ба расму одатхои мо таъсири худро мерасонанд. Хозир давраи озодии фикру рафтор шудааст ва на мулло ва на вазири фархангу маърифат пеши ин корхо шуда наметавонад.
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
    Баъдӣ 

Назари Шумо чист?

Бойгонии назарсанҷӣ

Писандидаҳо

Тамос бо Радиои Озодӣ

Агар хабаре доред ё мехоҳед, масъалаеро дар миён гузоред, бо имейли Tajik@rferl.org ё телефони интернетии ozodi.skype бо мо дар тамос шавед. Ҳамчунин телефонҳои мо дар хидмати Шумо:

Дар Душанбе:          988 65 94 63               988 65 94 64            985 63 83 56
Дар Прага:               420 725 03 79 43   
Skype Me™! Add me to Skype