Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кешкруд - ёқуте дар тоҷи Ориёно


Рӯзӣ Аҳмадов - донишманди тоҷик дар идомаи ин ривоят меафзояд, ки «он париро бардоштаанд, ба як ҷавони ҳузарб никоҳ карданд ва аз он ду тан насли зиёди зебову хубрӯй ба дунё омад. Ва ба ёди он паридухтар деҳаро «Ғелон» ном карданд»
Чу бо одамӣ унс гирад парӣ,
Нагӯяд парӣ ҷуз ба лафзи дарӣ!

Мардумшиносон мегӯянд, воқеан ҳам сокинони Ғелони Шаҳрисабз, ё Кеши аҳди Қадим, ки тибқи ривоёт, ин воқеъаи нодир дар ҳамин мавзеъ гӯё ба вуқӯъ пайвастааст, хеле зебоанд ва ба тоҷикӣ ҳарф мезананд.
Тоҷикони Кешкрӯд, водие, ки дар таркиби хеш садсолаҳо аз авроқи фарҳангу таърихи миллатро ғунҷонидааст, сарзамине, ки бо Нахшаб, Насаф, Косон, Ғелон, Шаҳрисабз маъруфу маҳбуб аст. Водие дар Вароруд, ки дар қаламрави он мавзеъҳое бо номҳои шоирона - Варгозана, Оби канда, Сеоб, Ошиқон, Ҷавзо, Чунгурак, Аспи Духтар ҷойгир шудаанд.
Ва ҳадди ахир фарҳанги зеҳнии мардум, эҷодиёти шифоҳӣ ва фолклори ин сарзамин, ки тибқи иттилоъи мардумшиносон шиносномаи миллат аст, моломол аз шеъру рубоӣ, дубайтиву тарона, чистону фардбайт, тағаззулу достонҳост.
Рӯзӣ Аҳмадов, ки дар мавриди пажӯҳиши эҷодиёти шифоҳии Кешкрӯд аз се баёз кор гирифтааст, мегӯяд, замони ахир маҳз гавҳари зеҳнии миллат, ки дар симои фолклор ҳувайдост, муаррифии миллати тоҷик дар ин сарзамин будааст. Ва аз ин миён эҷодиёти шифоҳӣ дар симои қиссаву нақлу ривоёт ва афсонаҳо вижагии махсус дорад.
Ва аммо чун дар дигар мавзеъҳои тоҷикнишин дар ин ҷо низ нақши муҳимтарро рубоӣ ва дубайтӣ дорад. Ба гуфтаи мардумшиносон, рубоиёти Кешкрӯд монандие ба абёти водии Зарафшони Тоҷикистон дорад.
Аз сӯи дигар рубоиву дубайтии мардуми Кешкрӯд, то ҳанӯз дар таркиби хеш гавҳари асили Ориёноро мепарваранд ва то ҳанӯз аз онҳо бӯи Бухорову Самарқанд мерасад.
Пажӯҳиши эҷодиёти шифоии Кешкруд аз солҳои 20-и асри гузашта шурӯъ шудааст. Ҳанӯз Абдулғанӣ Мирзоев (воқеан, як тан аз фарзандони саршиноси ҳамин марзу бум, ки дар таърихи адабиёти тоҷик аз рисолоти нодир кор гирифтааст) нахустин мақолоти худро роҷеъ ба фарҳанги зеҳнии ин мардум дар нимаи аввали асри бист нашр кардааст. Шурӯъ аз соли 1956 дар ин мавзӯъ устод Рӯзӣ Аҳмадов, баъдан Рашид Қодиров, Салоҳиддин Фатҳуллоев ва боқӣ кор бурдаанд. Забонишиноси гурҷӣ Тсеретели роҷеъ ба гӯӣиши тоҷикзабонони арабтабори Кешкрӯд аз як рисолаи илмӣ кор гирифтааст. Воқеан ҳам, гӯӣиши ин мардум вижагии хос дорад. Рӯзӣ Аҳмад мегӯяд, лаҳҷаи ин мардум наздикие ба шеваи Самарқанд ва Хуросони Ирон дорад.
Фарҳанги зеҳнии мардумро бештар чистону тезгӯякҳо муаррифӣ мекунанд. Мардумшиносон мегӯянд, ин ду жанри фолклорӣ, ки аз гаҳвора тӯи гӯши атфол садо медиҳанд, дар тӯли зиндагонӣ ба кадом қавму миллият мансуб будани ӯро дар оянда рушан мекунанд:

Бегона вафо агар кунад, хеши ман аст,
Хеше, ки ҷафо кунад ар, дарвеши ман аст.
Меше, ки маро шох занад гурги ман аст
Гурге, ки маро шир диҳад меши ман аст,


Кешкрӯд ҷафоҳои таърих, балоҳои осмонӣ, тохтутозу лашкаркашиҳо, қатлу тороҷеро аз сар гузаронидааст, ки таърих гувоҳ, кам мардуме мард бо ин ҳама шикасту рехту бизану бигир метавонист фарҳанги зотӣ, асолати хеш ва ҳуввияти худро эман дорад. Ва аммо таронаи як кампирак, нолаи як ошиқ, гиряи як марди каъиб, хурӯши ҷавонмарди маҳиб, нишоти гулдухтарак, лабханди болиғае, суруди шӯридае, қиссаи Момои Симурғ, латифаи хоҷаи Насриддин, ривоёти мӯсафеде, ҳаҷву мутоябаи ошӯбсаре, ки дар маҷмӯъ ҳамаи ину онро ном фарҳанги зеҳнии миллат аст, ин сарзамину ин мардумро дар муқобили чашмзахми замонаву балоҳои осмонӣ ҳифз кардаву барои миллати тоҷик эмин нигоҳ доштаанд!
XS
SM
MD
LG