Ҷумъа, Апрел 18, 2014

Минтақаҳо

Толиб Айёмбеков: “Маро сиёҳ мекунанд”

Фармондеҳи қитъаи марзии ноҳияи Ишкошим дар робита бо ҳодисаи қатли генерал Абдулло Назаров ба саволҳои Озодӣ посух дод.

Намое аз деҳоти Бадахшон. Акс аз бойгонӣ.
Намое аз деҳоти Бадахшон. Акс аз бойгонӣ.
Ҳаҷми матн - +
Исми Толиб Айёмбеков, фармондеҳи қитъаи марзии ноҳияи Ишкошим дар робита бо ҳодисаи ахири куштори генерал Абдулло Назаров, раҳбари Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон сари забонҳо шуд. Тибқи баъзе хабарҳо, Айёмбеков нафарони муттаҳам дар куштори Назаровро паноҳ дода, аз ҳамкорӣ бо мақомоти сохторҳои интизомии Тоҷикистон саркашӣ мекунад. Худи Айёмбеков мегӯяд, ду нафар аз ширкатдорони ҳодисаи рӯзи шанбе, 21 июлро ба дасти органҳои тафтишот супурда, дар бораи маҳалли будубоши ду нафари дигар иттилое надорад.

Толиб Айёмбеков бародари Абдуламон Айёмбеков (маъруф бо лақаби Алёша-Горбун) аст, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз ҷониби нерӯҳои оппозитсиюн ҷангидааст. Бародараш дар охири соли 1994 дар 34-солагӣ дар Бадахшон кушта шуд.

Дар як сӯҳбати телефонӣ аз  Толиб Айёмбеков хостем, тафсилоти ҳодисаи куштори А.Назаровро нақл кунад.




 
Айёмбеков: Ин ҳодиса рӯзи шанбе рӯй дод. Ба ман хабар доданд, ки Назаровро куштанд. Гуфтанд, ки ӯро ба шифохона бурдаанд, мо ҳам он ҷо рафтем, одам бисёр буд. Касе мегуфт, ки ӯро парондаанд, дигарҳо мегуфтанд, ки ӯро корд задаанд. Баъд як духтурро дидам, ки гуфт, ки сараш хуншор буд ва эҳтимолан сараш зарбе хӯрдааст. Вақте бо бачаҳо  гап задам, гуфтанд, ки ӯро дар ҳолати вазнин оварданд, аммо баъд тамом шуд. Баъд рафтам дунболи бачаҳо, гуфтам, ки ҳодиса чӣ хел  шуд? Гуфтанд, ки чор бача дар беруни шаҳри Хоруғ дар ҷое истироҳат мекарданд. Вақте хостанд дубора ба Хоруғ баргарданд, аз пеши роҳашон як ҷипе омад, ки сохти Хитой аст. Одатан вай (Назаров) бо Уазик ва як ҷипи сафед мегашт. Хулоса, мошини ин ду гурӯҳ каме ба ҳамдигар расидааст. Ӯ (Назаров) аз мошин берун шуда ҷанҷол кардааст, гуфтааст, ки “шумо кӣ ҳастед, ки мошини маро мезанед?”. Ӯ бо либоси варзишӣ будааст ва худро муаррифӣ  накардааст. Бачаҳоро ҳақорат ҳам кардааст ва бачаҳо гуфтаанд, ки ин хел гап назан ва байнашон ҷанҷол сахт шудааст.  Вай гӯё пистолетро баровардааст, ки инро дида,  як нафар ӯро аз пушт задааст ва ӯ болои санг афтида аз ҳуш рафтааст. Инро дида, ду муҳофизаш  аз мошин баромада автоматро тайёр мекунанд ва ронанда фирор мекунад. Ин бачаҳо бо санг мезананд ва охрана ҳам автоматро партофта гурехтааст. Баъд онҳо бинанд, генерал намеҷунбад. Ронандаро фарёд карда гуфтаанд, ки зуд биёяд ва генералро ба шифохона баранд. Баъд ронанда муҳофизонро, ки фирор карда буданд, баргардонида, ҳамроҳ бо бачаҳо генералро ба шифохона бурданд. Ин гапи бачаҳоест, ки он ҷо буданд. Онҳо қасам хӯрданд, ки дар дасташон корд набуд.

Озодӣ: Онҳое, ки дар ин ҳодиса аз тарафи “бачаҳои Хоруғ” иштирок доштанд, чанд нафаранд ва онҳо дар куҷо ҳастанд? 

Айёмбеков: Онҳо чор нафар буданд, ду нафарашонро мо ба мақомот супурдем. Онҳо талаб доранд, ки ду нафари дигарро ҳам бидиҳем, аммо ба мо маълум нест, ки онҳо дар куҷо ҳастанд.

Озодӣ: Ин бачаҳо кормандони шӯъбаи марзбонӣ буданд?

Айёмбеков: Не, инҳо бачаҳо оддӣ буданд, сокинони Хоруғ.

Озодӣ: Баъзеҳо мегӯянд, ки ҳангоми рӯй додани ин ҳодиса гӯё генерал таҳти таъсири машрубот  буд, вале онҳое, ки ӯро мешиносанд, мегӯянд, ки вай як марди намозхон буду аслан алкоҳол наменӯшид.

Айёмбеков: Бале, ҳардуи мо намозхонем. Ин як подстава аст. Маро ба ин вазифа таъйин карданд ва ҳоло мехоҳанд, ки номи маро сиёҳ кунанд. Як ҳафта пеш мо бо ӯ вохӯрда будем, гуфт, ки мехоҳам барои ду-се рӯз Қайроққум равам. Баъди бозгашташ вохӯрдем, сӯҳбат кардем. Муносибатҳои мо хеле хуб буданд ва дар Хоруғ, бовар кунед, вай танҳо бо ман гап мезад. Ҳамаи ин сиёҳкориҳо кори боло аст.

Озодӣ: Чаро шумо бачаҳои дар ин кор дастдоштаро ҳимоят мекунед?

Айёмбеков: Ман онҳоро ҳимоя намекунам, мо рӯйхати онҳоро додем. Ду нафарашонро супурдем ва будубоши ду нафари дигарро намедонем. Ҳоло болои ман фишор зиёд мешавад. Ман мехоҳам, ки ба президенти муроҷиат кунам ва бифаҳмонам, ки чӣ мегузарад.

Озодӣ: Мегӯянд, ки ҳоло ба Хоруғ воҳидҳои низомии сохторҳои қудратӣ кашида шудаанд, ин рост аст?

Айёмбеков: Рост аст. Баталйони нерӯҳои зудамал, гвардияи перзидентӣ, ОМОН, Алфа, КГБ, ВКД – ҳама воҳидҳои низомӣ ин ҷо ҳастанд.  Мошину чархболҳо омадаанд. Намедонем, ки чӣ мехоҳанд. Мегӯянд, ки ба онҳо “командирҳо”даркоранд. Мо бо президент сӯҳбат карда будем, вай ба мо иҷозат дод, ки  бо тиҷорат машғул шавем, фақат бо маводи мухаддир ва силоҳ  сару кор надошта бошем. Мо ба президент муроҷиат кардем, аммо фикр мекунам, ки ин номаи мо то президент нарасидааст.

Озодӣ: Алфа кай омад?

Айёмбеков: Рӯзи шанбе ин ҳодиса шуд ва субҳ Алфа аллакай ин ҷо буд.

Озодӣ: Як саволи норӯшани дигар ин аст, ки оё чаро муҳофизони генерал ба ӯ дар он лаҳза кӯмак накарданд?

Айёмбеков: Ин савол барои мо ҳам матраҳ аст, ки чаро онҳо бо автомату тапонча мусаллаҳ буданду аммо генералро партофта аз ҷои ҳодиса фирор карданд.

Озодӣ: Ҳоло онҳо дар куҷо ҳастанд?

Айёмбеков: Онҳоро КГБ боздошт кардааст ва силоҳро ҳам мусодира карданд. Як пистолет буду як автомат.

Озодӣ: Дуруст аст, ки шумо ҳоло нирӯҳои ба Бадахшон кашидашударо чун таҳдид ба ҷони худ арзёбӣ мекунед?

Айёмбеков: Бале. Соате пеш ба ман занг зада гуфтанд, ки ба номи ту повестка омадааст, гуфтам, ки повестка бошад, ба адреси хонаи ман фиристед.

Озодӣ: Онҳо чӣ мехоҳанд?

Айёмбеков: Ман намедонам. Ман барои худам ҷавоб медиҳам. Маро сиёҳ мекунанд, ин тавтеа аст.

Озодӣ: Дар маркази вилоят, мегӯянд, ки мақомоти баландпоя аз Душанбе қарор доранд, шумо бо онҳо вохӯрдед?

Айёмбеков: Ман бо онҳо се рӯз пеш вохӯрдам, ин ҷо Шаҳбозов, Илолов, Маҳмадаминов, Навҷувонов омадаанд. Ҳар иттилое доштем, ба ихтиёрашон гузоштем. Ман гуфтам, ки воҳима накунед.

Озодӣ: Мегӯянд, ки рӯзи шанбе дар асл Назаров дар мулоқот бо шумо қарор
дошту баъди ин мулоқот мехост ба Хоруғ баргардад, ки ин кор шуд. Ин рост аст?


Айёмбеков: Вай дар Ишкошим набуд, вай дар Гармчашма буд, ман ба ӯ телефон кардам. Гап дар ин ки ба посгоҳи марзии Ишкошим намояндагони КГБ омада буданд, гапҳои пасту баланд гуфтанд. Ман ба генерал телефон кардам гуфтам, ки ҳамин ҳодиса шудааст, онҳо маро пас мезананд. Ман медонам, ки бо овози баланд гап задам. Гуфтам, ки метавонам ҳоло худам биёям, аммо генерал гуфт, набиё, ин як провокатсия аст. Фикр мекунам, ки сабти ин гуфтугӯро ҳам доранд. 

Озодӣ: Яъне ҳамон рӯз байни шумо даъвое бархост?

Айёмбеков: Ҳеҷ даъво набуд. Муносибатҳои мо бо генерал  хуб буд. Ӯ як профессонал, як варзишгар буд. Мо бо ӯ бисёр ҳамсӯҳбат шудаем. Ӯ мегуфт, дар Бадахшон мардум дигаргуна аст, гапро мефаҳманд.

Озодӣ: Бо сар задани ин ҳодиса, бисёриҳо мегӯянд, ки дар Бадахшон амалан дуҳукуматӣ асту нуфузи фармондеҳони собиқ назар ба ҳукумати расмӣ дар миёни мардум бештар аст.

Айёмбеков: Ҳамеша инро мегӯянд. Моро сиёҳ мекунанд. Дар ҳоле, ки ҳукумат, прокуратура ҳама ин ҷо ҳастанду кор мекунанд.

Озодӣ: Хости шумо чӣ аст? Шумо мехоҳед, ки ин қазия бо роҳи қонунӣ ҳал шавад.

Айёмбеков:  Бо роҳи сулҳомез.

Озодӣ: Ҳоло агар омада хостанд, ки шуморо боздошт кунанд, чӣ мекунед?

Айёмбеков:  Ҳеҷ кор намекунам. Касе дар Рамазон ҷангро шурӯъ кунад, ӯро худо  мезанад. Мо намехоҳем, ки касе бигӯяд, ки мо, помириҳо, дубора мехоҳем ҷангро шурӯъ кунем. Мо як бор ҷангро дидем. Бадахшон тоза роҳи худро ёфта истодааст. Мо мехоҳем, ки миллати мо тинҷ зиндагӣ кунад.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 5
    Баъдӣ 
Ном: Беном
23.07.2012 18:40
А бача и че хели гапай? кумондон як бор мега бачахо генерала нашнохта задаанд ва баъд мега, ки ба шоферуш гуфтаанд, биё ки холи генерал бад аст, беморхона баремаш. Ва сипас киро бовар меояд, ки афсари КГБ дар даст автомат дораду уро бо санг мезананд, автомата партофта мегурезад? Ва баъдтар генерал майори КГБ таппонча доштаасту кудаке уро аз пас бо санг зада мегалтонад? Афсонагуиро хам наметавони Толиббой! Вале як чизро равшан карди, ки кабл аз куштор бо генерали мархум перепалка доштайи. Ва хам хар 2 намоз мехзондаеду боз мегуи маст буд...
Дар посух

Ном: Беном
24.07.2012 04:32
Generala nashinoxtand, shofer gurexta mumkin 500 metr utaraftar intizor nishasta bud, bad shofera yofta guftand ki biyo bolnizash bar. V chem problema? Yagon gapi nelogichni naguft Tolib.
Oxraniko budand dar joi voqea, bigzor bayonot dihand (pesh az on ki az tarafi gurgoni borondida javobhoshon tayor karda shavand).
Дар посух

Ном: Сарваршо аз: Москва
24.07.2012 18:20
А кудак и чи бемаънегист? Ту чи ика доно боши ахранахо намурдаанд ку ошкоро аз тарики ТВ онхоро пурсед. Шумо тамоман накшаи дига дорен, мехохен хамаи нафарони номдореро ки як вактхо бо шумо хукуматихо мухолиф буданд кушта аз байн баред и фармони ЧО аст, ана барои хами любой кора мекунен темболи Толиб бародари Алёш ва боз хамон сулхи дуругакитон бо апазитсия исбот шудестай!!!!
Дар посух

Ном: БЕНОМ аз: БЕНОМОВ
26.07.2012 09:31
э беинсоф чихел фармони ЧО. айёмбеков толиб сафсатара фикр кардасту мантикаша не. Беакл набоши наход генерал дар даст тапончаву аз як лаънатии дар дасташ санг дошта тарсад. Рутона сиёх накнен бисер кора мекунеду бад худатона тоза хисоб кардани мешавед Толиб
Дар посух

Ном: Беном
25.07.2012 17:54
Во первых мы всего лыж прочитали диалог, что не чего не доказывает. было бы выложено видео .....Во вторых я не думаю что человек зная о последствиях шел бы на такой риск. Так что вопрос остается открытым !!!!!!!!


Ном: Беном
23.07.2012 18:42
Озодӣ: Ҳоло агар омада хостанд, ки шуморо боздошт кунанд, чӣ мекунед?
Озоди мехохи, ки Помир хам мисли Гарм шавад, ин чи маъно дорад ин саволатон? Монед чи коре мекунанд худашон кунанд. Хамин Мирзохуча Ахмадуфа хам хамин хел тела тела карде, ки агар хукумат биёя чи кор мекуни, у гаранг ам гуфт, чанг мекунем. Ана бгира оле чанг мекунем. Илтимос мардум хотира дорад в амедонад чи кор мекунед шумо.
Дар посух

Ном: Номдор аз: Беномхо
24.07.2012 07:39
Бале бародари азиз!!! Ин Озоди мехохад, ки Амрико дар тамоми чахон озод бошад. Ана барои хамин чунин "провокация"-хоро ба бор меорад. Вале, як чизро гуфтан даркор: Генералро Толибу бачахои вай мувофики накша аз байн бурдаанд. Чунки у сарсупурдаи халку миллат буд ва чунин сиёхкоронро чашми дидан надошт. Дар ин чо ба гайр Озоди кувваи сиёхи дигар хам аз хоричи кишвар даст дорад.
PS: Озоди! Агар озод боши нашр кун!

Ном: Чахон аз: РТ
23.07.2012 18:51
"Ин бачаҳо бо санг мезананд ва охрана ҳам автоматро партофта гурехтааст." - хандаи худи хамин одам намебиеяд сафсатаи гуфтагишда. Командирон фахмиданд, ки ахир навбати инхо хам омадааст, барои хамин дигар доду воя бардоштан Озодиву АП-да. Ба фикри ман, ин амалиёт бояд то охир давом кунад ва Хоругу Помир хатман аз шпанаву хулиганхои бангзадаи кучаги озод шавад.

Ном: Donishju аз: Olmon
23.07.2012 19:01
Yak jahon tashakkur Ozodi! Bisyor savolhoyi khub dodaend va albata ki khonanda alakay as matni hamin pursishno pay mebarad ki ba in hodisa kiho mashguland!!!
Дар посух

Ном: hairon аз: vairon
24.07.2012 11:54
mo haminisharo pai burdem ki in amaliyot az avval ba naqsha girifta shuda budu boyad bo yagon bahona qumondonhoi boqimondaro (tanho dar badaxshon boqi mondaand) sarkub kunand. kase bo yak tir yakchand foxtak zadanist.

Ном: Tojikbacha аз: Dushanbe
23.07.2012 19:11
Salom Radioi Ozodi iltimosi kalon chop kuned..Az hukumati Tojikiston hohish doram ki i Ayombekovro kati hamshahriosh dastgir karda jazoi baland tihand..Inho odamu odamgari nadorand,,Man shahsan hudam zidi kochokchioni novobasta ho az Kulobu Ho az badahshonu digaru digarash astam..Inho slishkomi bad guzarondan

Ном: Анис аз: Бадахшон
23.07.2012 19:56
Хукуматдорон худашон ин корро карданд, то кумандонхои Помирро сиех кунанд рост мегуяд вайро сиех мекунанд!!!
Ба дигар одамоне ки инчо навиштаанд гуфтаниям ки шумо суд нестед фахмидед!!! кори дурустро намедонеду сафсата мекунед!
Дар посух

Ном: Беном
23.07.2012 20:20
Садкат шавем ту аз хама кор бохабари, пушти чинояткоронро мегири инчо, боз шогирдои Толиби хлебзавод набоши?
Дар посух

Ном: аёомбеков аз: афганистан
24.07.2012 21:45
беном авал номта муаррифи кун . ва бад худат ай казия бо хуб бохабари ??
Дар посух

Ном: nozir аз: berun
24.07.2012 12:16
general guftaast ki falon joro "nakoleni mondamu, kulobro nakoleni mondamu badaxshonro ham nakoleni memonam".... mahz hamin general bud ki dar kulob baroi dastgir kardani suhrob langariev shahri kulobro xukshur andoxtu baroi dastgir kardani yak odam yakchand odami behunohro halok kard. general faromush kard ki har amal oqibat javob dorad. on ki kusht oqibat kushta shavad.....in qonuni zindagist, in sarqonun nest ki ivaz shavad....Xudoyo millatu davlati tojikro nigar dor!
Дар посух

Ном: файзуло аз: питер
26.07.2012 15:14
саломат бошед анис бародарони точики мо то хол равшанфикр нашудаанд афсус!!!!!!!!!!!!
Дар посух

Ном: Точик аз: Душанбе
29.07.2012 12:04
Аниси азиз, ин чо маълум аст ки хар хел хамун шпанаву калтаяку качаку ростаку тангчашму тангбин суханхои гуногуни бемантик менависад. он толиб гуфта истодааст-ку ки 4 нафарро супоридем, дигаронро намедонем, хайр донад надонад ин кор пурра кори прокуратура ва милитсия аст, аввал тафтишот гузронида шавад ба хулосахои дакик оянд, ин чангу ихтилоф баръакс вазъи тафтишотро хам печида кардааст, куввахои мусаллах аз шахр баровварда шавад, тафтишот пурра ба кор шуруъ карда хулосахояшро гуяд, шохидон хастанд, экспертиза хаст, ва хатман аз хорич комиссиюни холис даъват карда шавад. бародарон аз вазъияти асли ки пурра огох нестем чаро харфи кучагиву сиёхкунии хар касро ин чо мекунем, чунин рафтори мо гохо реаксияи баръакс медихад, шахсан ман ба чунин хулоса омадам.

Ном: Manuchehr Saidov аз: New York
23.07.2012 19:56
Салом ..!Генерал Назаров бехад шахси сахтгир буд вай хеч вахт ришваро Кабул намекард..Барои хамин душманонаш зийод буданд..Толиб аембеков ту синфи 1-ро 11 сол хондаги барин гап мезани.Дар гапхоят кибр,дуруг ва гайра вучуд дорад..Кормандони органхои дахлдор агар шумо фахмиш дошта бошед аз гапзании ин шахс малум
Дар посух

Ном: Баном аз: Америка
24.07.2012 00:27
Манучер Саидов туям бисёр воима накун кати генералут фамиди бачаи Померира куштан ягон кас гап зад не одамое ки вая куштан ози гаштестан кани хукумат кани кормандони органхои дахлдорут
Дар посух

Ном: Баном2 аз: US_TJK
24.07.2012 09:33
Ин таъсири глобализатсия кай ба Точикистону минтакахои он мерасида бошад а? Хеч аз махалгароиву кунчкови набаромадем да. Милёнхо дуллор харч намуда рох хам сохтему халки точик хеч якпорча нашуд гармиву кулобиву помериву сугди гуфта лашкари пароканда шудем.

Дар посух

Ном: Manuchehr Saidov аз: New York
24.07.2012 10:42
Avalash in shumo Kati Tolibcha Pahlavon madaniyati gapzanira yod gired, chiheli gap zani buday in fakat " vohima nakun".??Kibru bakhilira az bayn baren..Ammo ba66666d ba ta6rikhi guzashta nazar kunen ki General Nazarov Baroi Tojikistoni aziz chi hizmatho kardagist.!! Bad u pomirii kushtagi ki budast chi hizmat kardast??????
Дар посух

Ном: Салим аз: Душанбе
25.07.2012 12:52
Маоши генерал Агар 2 хазор долар бошад. Дар чанд мох метавон мошини Хамер харидан. Дар New York ришва намегиранд албат. А дарТочикистон ришва нагири ин убол хисоб мешавад.

Ном: Manuchehr Saidov аз: New York
23.07.2012 20:11
Dar ramazon jangro sar namekarded ????naboshad badi ramazaon sar mekarded...kormandoni organhoi dahldor agar fahmish doshta boshand gaphoi in wahs hudash jinoyati vaznin..in odam hudash kochokbar budagist va hamkori doshtaast ba kochokbarho..100% malum ast kori dasti hamin odam..Inshoalloh sahtarin jazora megirad.!!!
Дар посух

Ном: бадалшо аз: хоруг
23.07.2012 22:00
ин бандитхои мо професоналхои дурандешанд холо бубинед ки боз 200 зани бечораро 100$ медиханду ба майдон мебароранд барои мухофизати фарзандонашон.инхо гургхои борондидаанд махсусан айембековхо.алешаро ГРУ–и россия кафонд.инро хам кудак медонад.

Ном: Tojik
23.07.2012 20:13
Rahmat RO, aknun az suhbat hamagon pai burdand ki chi guna aqlu farosat ast ba in mard. Naqli kardaash az kampirhoi afsonagu kami nadorad.
Дар посух

Ном: Адигнр аз: щеоагеье
23.07.2012 22:46
аз ин пас касе ки бо кормндони амният чанг кардани шуд бо санг занад голиб мерояд зато автоматошона гирифта мегурезанд
Дар посух

Ном: Беном
24.07.2012 14:42
e baroi chi durug gap mezaned hamai in pravakacia ast

Ном: Tolib аз: Avast
23.07.2012 21:11
Мо намехоҳем, ки касе бигӯяд, ки мо, помириҳо, дубора мехоҳем ҷангро шурӯъ кунем>>>>> in zabon daroz boz az nomi xamai pomiriho harf mezadaast!! Sadkai xamun xamxorihoi Janobi Oli shaved!!
Дар посух

Ном: Икром аз: Душанбе
24.07.2012 12:29
Аз суханронии дуруги Толиб Аёнбеков маълум гашт, ки у дар ин ходиса алокаи бевосита дорад. Оиди муносибати нописандонаи ин шахс нисбати Хукумати кишвар хама маълумот доранд ва ин ходисаи ба вучуд омада Хукуматро водор мекунад, ки ин шахсро вобаста ба кирдораш чазои катъи дихад.
Дар посух

Ном: Дарвози аз: Дарвоз,Ишкошим
25.07.2012 12:11
интересна, и Айём Дарвозу Ишкошимро хам помири мехонад! Шугнон доим ба Дарвоз андози товон медод-ку ва то инкилоби рус дар холати чанги буданд. помирихо авал мезананду баъд бахшиш мепурсанд. тактикаи тарсондании точико. Миллатгароиеки дар помир аст дар олмон набуд.
Назарҳо. Сафҳаи аз 5
    Баъдӣ 

Назари Шумо чист?

Бойгонии назарсанҷӣ

Писандидаҳо

Тамос бо Радиои Озодӣ

Агар хабаре доред ё мехоҳед, масъалаеро дар миён гузоред, бо имейли Tajik@rferl.org ё телефони интернетии ozodi.skype бо мо дар тамос шавед. Ҳамчунин телефонҳои мо дар хидмати Шумо:

Дар Душанбе:          988 65 94 63               988 65 94 64            985 63 83 56
Дар Прага:               420 725 03 79 43   
Skype Me™! Add me to Skype