Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар сурати идомаи фишорҳо, паноҳандагии сиёсӣ талаб мекунем"


Вакилони дифоъ Исҳоқ Табаров(аз чап) ва Шӯҳрат Қудратов (аз рост).
Вакилони дифоъ Исҳоқ Табаров(аз чап) ва Шӯҳрат Қудратов (аз рост).

Вакилони Зайд Саидов бо хитоб ба СММ, созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва кишварҳои хориҷӣ хостаанд, ба қазияи ин соҳибкор ва вазъи ногувори вакилони дифои ӯ, аз ҷумла Фахриддин Зокиров расидагӣ кунанд.

Шӯҳрат Қудратов ва Исҳоқ Табаров бо пахши як изҳорот боздошти ҳамтои худ Фахриддин Зокировро амали тарҳрезишуда ва интиқомҷӯёнаи Оҷонсии мубориза бо фасод хонданд, ки ба гуфтаи онҳо, дар натиҷаи талоши ин вакилон ба ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандии Зайд Саидов ба вуқӯъ пайвастааст.

Ҷаноби Табаров мегӯяд, Оҷонсии мубориза бо фасод дар ҳоле Фахриддин Зокировро тибқи модди 247-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба аз худ кардани амвол муттаҳам мекунад, ки ин баҳс се сол ба ин сӯ дар Додгоҳи иқтисодӣ баррасӣ мешавад. Ӯ гуфт, «ин қазия се сол боз идома дорад ва аз ҷониби худи оҷонсӣ мавриди санҷиш қарор гирифта буд. Ба ҷуз аз ин, Додситони кулл низ оиди ин ҳодиса қарори дахлдорро қабул карда буд. Ин қазия ба қарзии бонкии ҳаҷман калон вобастагӣ дорад. Новобаст аз он ки дар ин ҷо сирф муносибатҳо шаҳрвандӣ ҷой доранд, мақомоти оҷонсӣ нисбати Зокиров парванди ҷиноятӣ оғоз карда, ӯро шаб боздошт намуданд.»

Исҳоқ Табаров ва Шӯҳрат Қудратов аз ифшои ҷузъиёти ин парванда ва овардани номи бонк худдорӣ карданд, вале як манбаи муътамад мегӯяд, гап сари қарзи 1 миллион доллари Фахриддин Зокиров меравад, ки чанд сол пеш гирифта, то ҳоло 600 ҳазор доллари онро пардохтааст. Ӯ барои гирифтани қарз амволашро ба гарав гузоштааст ва дар сурати напардохтани қарз бонк метавонад ин моликиятро мусодира намояд.

Дар ҳамин ҳол Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, як сабаби шиддатёбии аксуламали мақомоти давлатӣ ба фаъолияти адвокатии онҳо ба даврае рост омад, ки Оҷонсии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба “кашида гирифтани моликияти Зайд Саидову хешу пайвандону шарикони тиҷоратиаш” пардохтаанд. Фахриддин Зокиров, ки акнун дар ҳабс аст, ҳамчун вакили дифоъ маҳз бо ҳамин бахши ҳимоя аз ҳуқуқу манфиатҳои Зайд Саидов машғул буд.

Ӯ афзуд, «Оҷонсии мубориза бо фасод аз ваколатҳои худ берун баромада, алайҳи Зокиров парванди ҷиноятӣ боз кардаст. Ҳоло он ки тафтиши ин қазия ба ваколати додситонӣ дохил мешавад. Аз ин лиҳоз аз сӯи оҷонсӣ боздошт шудани Зокировро мо ҳамчун фишори навбатӣ дар нисбати худ ҳисоб мекунем.»

Вакилони Зайид Саидов афзоиши фишорро дар нисбати худ ба хусумати шахсии сарвари оҷонсӣ Абдулфаттоҳи Ғоиб рабт медиҳанд, Онҳо мегӯянд, баъди он ки ин вакилон раҳбари оҷонсиро барои таҳқиру туҳмат ба додгоҳ кашиданд ва аз ӯ зарари маънавиро талаб карданд, ба вазъи ногувор рӯ ба рӯ шуданд. Ин вакилон мегӯянд, дар сурати идома ёфтани ин фишорҳо онҳо маҷбуранд, барои дарёфти паноҳгоҳи сиёсӣ ба кишварҳои хориҷӣ муроҷиат кунанд.

Масъулони Оҷонсии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дархости радиои "Озодӣ"-ро бобати шарҳи изҳороти вакилон ва сабабҳои ҳабси вакил Фахриддин Зокиров радд карданд, вале интизор меравад, ин ниҳод мавзӯъҳои матраҳшударо дар як изҳорот шарҳ диҳад.

Худи Зайд Саидов боздошти яке аз вакилони мудофеъ Фахриддин Зокировро ба талоши мақомот барои ғасби амволи ӯву наздиконаш рабт дода, дар изҳороте, ки аз сӯи вакилонаш пахш шуд, гуфтааст, дар сурати идомаи фишор ба вакилонаш, ширкату талош дар муҳокимаи шаш парванда дар Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе даст мекашад.

Вай гуфтааст, ки ӯ мутмаин аст чунин муносибат як қасосгириии рӯирост нисбати ӯ ва наздиконаш аст ва бо ҳар восита дур кардани вакилон, ки барои бегуноҳии ӯ ва амволи бо роҳи қонунӣ ба даст овардааш кӯшиш доштанд.

Шӯҳрат Қудратов, Фахриддин Зокиров ва Исҳоқ Табаров аз Зайд Саидов - соҳибкори шинохта ва вазири собиқи саноати Тоҷикистон ҳимоят мекарданд. Саидови 54-сола моҳи майи соли 2013, як моҳ баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав боздошт ва моҳи декабр бо ҷароими сангине, чун ришвахорӣ, сӯиистифода аз мақом ва таҷовуз ба номус ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Худи Зайд Саидов ва вакилони тарафдоронаш таъқибу боздошт ва ҳукми ӯро сиёсӣ ва интиқоми мақомот барои азми сохтани ҳизби сиёсӣ мешуморанд.

Нишасти хабарии вакилони дифои Ф. Зокиров ва З. Саидов
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:14 0:00


Вакили мудофеи Зайд Саидов боздошт шудааст

Манобеи Озодӣ аз Душанбе хабар доданд, ки Фахриддин Зокиров, яке аз 3 вакили мудофеи Зайд Саидов боздошт шудааст. Манобеи Озодӣ аз пойтахти Тоҷикистон хабар доданд, ки Фахриддин Зокиров, яке аз 3 вакили мудофеъи соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидовро боздошт кардаанд. Яке аз нафарони наздик ба Фахриддин Зокиров, ки соати якуними шаби 7 март аз назди қароргоҳи марказии Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон бо Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, алайҳи Зокиров тибқи моддаи 247-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (қаллобӣ) парванда боз кардаву ӯро боздошт кардаанд.

Ба гуфтаи ин нафар, асли моҷаро ба як баҳси кӯҳнаи вакили мудофеъ бо як ниҳоди бонкӣ бармегардад, вале, меафзояд ҳамсӯҳбати мо, ин танҳо зоҳири кор аст ва аслан Фахриддин Зокиров барои фаъолиятҳояш дар роҳи дифоъ аз Зайд Саидов ва азми вакилони соҳибкор барои ба додгоҳ кашондани раиси Оҷонсии зиддифасод Абдуфаттоҳи Ғоиб таъқиб карда истодаанд. Наздикони Фахриддин Зокиров мегӯяд, ин иттиҳоми тӯҳмат аст дар интиқом ба даъвои додгоҳии вакилон.

Дар ин робита ба силсилаи таъқиботе ки ҳарсе вакили Зайд Саидов дар ин авохир таҳташ қарор гирифтаанд, таъкид мешавад. Интизор меравад, вакилони соҳибкор субҳи ҷумъа дар як нишасти хабарӣ дидгоҳи худ нисбат ба боздошти Фахриддин Зокировро баён кунанд.

Вакилони Саидов дар моҳи феврал шикоят карда буданд, ки баъди ироаи даъвои додгоҳӣ алайҳи раиси Оҷонсии зиддифасод паёмакҳои таҳдидомез гирифтаанд. Шӯҳрат Қудратов, вакили дигари Зайд Саидов ҳамин тавр, аз тафтиши аҳли хонааш аз сӯи нозири минтақавӣ, аксбардорӣ шудани кӯдаконаш дар рӯи ҳавлӣ аз тарафи ашхоси номаълум ва санҷиши мошинаш дар устохона ва мусодираи шумораи давлатии ин мошин аз тарафи маъмурони милиса шикоят карда буд.Аммо рӯзи 6 март, қабл аз боздошти Фахриддин Зокиров, вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар як матлаби вижа дар сомонааш даъвоҳои Шӯҳрат Қудратовро беасос номид. Оҷонсии зиддифасод низ қаблан гуфта буд, ки ба унвони як ниҳоди давлатӣ аз шеваҳое, чун таҳдид кор намегирад.

Аз чап ба рост: Табаров, Қудратов ва Зокиров
Аз чап ба рост: Табаров, Қудратов ва Зокиров
Шӯҳрат Қудратов, Фахриддин Зокиров ва Исҳоқ Табаров аз Зайд Саидов - соҳибкори шинохта ва вазири собиқи саноати Тоҷикистон ҳимоят мекарданд. Саидови 54-сола моҷи майи соли 2013, як моҳ баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав боздошт ва моҳи декабр бо ҷароими сангине, чун ришвахорӣ, сӯиистифода аз мақом ва таҷовуз ба номус ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Худи Зайд Саидов ва вакилони тарафдоронаш таъқибу боздошт ва ҳукми ӯро сиёсӣ ва интиқоми мақомот барои азми сохтани ҳизби сиёсӣ мешуморанд.

Вакили Зайд Саидов: ВКД аз ман гунаҳкор сохтан мехоҳад

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, иддаои вакили мудофеъ Шӯҳрат Қудратов дар бораи паёмакҳои таҳдидомез беасос аст. Қудратов мегӯяд, ки ӯ дар воқеъ чунин паёмак ё СМС гирифтааст.

Мошине, ки ба гуфтаи ВКД, аз Шӯҳрат Қудратов аст. Акс аз сомонаи ВКД Тоҷикистон
Мошине, ки ба гуфтаи ВКД, аз Шӯҳрат Қудратов аст. Акс аз сомонаи ВКД Тоҷикистон
Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъи Зайд Саидов мегӯяд, вазорати корҳои дохилӣ ба ҷои ҷустани гунаҳкор аз худи ӯ гунаҳкор месозад.Вакили мудофеъ дар мавриди паёмакҳои таҳдидомез гуфт, ки дар ҳақиқат ба телефонаш чунин паёмакҳо омада будаанд. Ҳарсе вакили Зайд Саидов дар моҳи феврал бо нашри як изҳороти расмӣ гуфта буданд, ки ба ҷони онҳо таҳдид мешавад ва аз ҷумла Шӯҳрат Қудратов ахиран аз рақами телефонии 915651308 бо чунин мазмун паёмак гирифтааст: “Гуш к т да серуз вакт рафта аризата ай суд гир набоша капат дуд кадагияй фикри хдта накни фикри гудакота к ки хамаша нигах дорем неки ай хад гзаронде таерита би ба кариби пеши хаму зайдт мере”.

Аммо вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон рӯзи 6 март дар сомонааш навишт, ки тафтиши иддаои вакили Зайд Саидов дар бораи гирифтани паёмакҳои таҳдидомез нишон дод, ки ин даъво воқеъият надоштааст. Дар хабари вазорат омадааст, "вобаста ба ворид шудани паёмакҳои (СМС) таҳдидомез ба телефони мобилии Қудратов Шӯхрат санҷиш гузаронида шуда, муайян карда шуд, ки тибқи маълумотномаи ширкати «Tcell» дар таърихи 25 феврали соли 2014 умуман ба рақамҳои телефони мобилии охирин ягон паёмак ворид нагардидааст."

Вазорати умури дохила ҳамин тавр, иддаои Шӯҳрат Қудратов дар бораи аксбардорӣ шудани фарзандонаш ва тафтиши манзили ӯ аз сӯи нозири минтақавиро низ беасос номидааст Ҳарчанд баъди чнад рӯзи он ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет аз номи афроде, ки намояндагони "фабрикаи ҷавоб" ном бурда мешаванд, аксҳои фарзандони Қудратов бо тафсирҳои таҳқиромез нашр шуд.

Вакили мудофеъ ҳамин тавр, иттиҳоми вазорати корҳои дохилиро, ки гӯё ӯ баъд аз садамаи нақлиётӣ аз ҷои ҳодиса ғайб задааст, рад мекунад. Шӯҳрат Қӯдратов рӯзи 6-уми март ба Озодӣ гуфт, ки пахши хабари ВКД дар ин бора «ғаразнок» аст. Ӯ мегӯяд, «дар ҳақиқат рӯзи 27-уми феврал садама рух дода буд. Лекин мо аз ҷои ҳодиса нагурехтем. Мо ним соат истодем, аммо ягон корманди бозрасии давлатии автомобилӣ наомад. Мо ронандаҳи миёни худ маслиҳат кардем. Он мошинеро, ки манн аз пасаш задам, бар ӯҳда гирифтам, ки таъмир мекунам. Нисбати ман ягон нафар даъво надошт ва мо аз ҷои ҳодиса рост ба устохона рафтем.»

Қудратов мегӯяд дар ҳоле ки вазорати корҳои дохилӣ сабаби ҳодисаро тафтиш накардааст, наметавонад вайро гунаҳкори ҳодиса ном барад: «Ҳоло тафтишот рафта истодааст. Садама рӯзи 27-уми феврал рух дод ва кормандони БДА рӯзи 3-юми март хабардор шуданд. Дар ҳоле ки ҳодиса тафтиш нашудааст, чигуна маро гунаҳкор медонанд? Ин аз он далолат мекунад, ки ВКД ннисбати ман ғараз дорад.»

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар хабари рӯзи 6 марташ дар посух ба иддаои Қудратов дар бораи тафтиши мошинаш дар устохона мегӯяд, "Қудратов Шӯҳрат рӯзи 27.02 соли 2014 тақрибан соати 17:00 ҳангоми идораи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс-180», рақами давлатиаш 90-35 ВЕ 01 дар кӯчаи А.Дониши шаҳри Душанбе қоидаи ҳаракати роҳро дағалона вайрон намуда, ба автомашинаи тамғаи «КИА» рақами давлатиаш 87-39 АТ 01, ки ба шаҳрванд Шукурова Н.М. ва автомашинаи тамғаи «Опел» рақами давлатиаш 96-25 ВК 01, ки ба шаҳрванд Холматов Б. тааллуқ доранд, бархӯрда, зарари молии соҳибмулконро ҷуброн накарда, онҳоро таҳқир намуда, бо баҳонаи гуногун аз ҷойи ҳодиса ғайб зада, автомашинаашро пинҳонӣ ба таъмир додааст." Вазорати умури дохила мегӯяд, таҳқиқи ин қазия идома дорад.

Шӯҳрат Қудратов
Шӯҳрат Қудратов
Шӯҳрат Қудратов рӯзи 1 март дар Фейсбук навишта буд, ки маъмурони милиса шумораи мошини ӯро, ки дар дасти усто буд, канда гирифтаанд. Вақте Қудратов барои таҳқиқи қазия ба устохона рафтааст, қариб худи ӯро ба шӯъбаи пулис баранд, вале ба гуфтаи вакили мудофеъ, дар ниҳоят ӯро раҳо кардаву аммо шумораи мошинашро барнагардондаанд.

Шӯҳрат Қудратов, аз аъзои фаъоли ҳизби мухолифи сотсиал-демократ ва аз вакилони мудофеъи шинохта дар Тоҷикистон аст, ки дар додгоҳҳо аз шахсиятҳое, чун Ёқуб Салимов, Зайд Саидов ва Диловаршоҳ Қосимов - нафари муҷрим дар қатли язнаи президенти Тоҷикистон Холмӯъмин Сафаров - дифоъ кардааст.
XS
SM
MD
LG