Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳияи рӯйхати занони ҳиҷобпӯш


Дар пойтахти Узбакистон рӯйхати занону духтарони ҳиҷобпӯшро тартиб медиҳанд.

Ба гуфтаи як манбаи бахши узбакии Радиои Озодӣ, масъулони масоили фарҳангиву маърифатии кумитаҳои маҳаллаҳо дар дастикам ду ноҳияи шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон ба таҳияи рӯйхати занони диндоре, ки ҳиҷоби исломӣ мепӯшанд, пардохтаанд. Ба гуфтаи манбаи Озодӣ, таҳияи чунин рӯйхат дар ноҳияҳои Мирзо Улуғбек ва Шайхонтохури Тошканд мушоҳида шудааст.

Дар муроҷиатномае, ки аз номи як сокини ноҳияи Шайхонтохур ба бахши узбакии Радиои Озодӣ ирсол шудааст, омадааст: “Ба қарибӣ хешовандони моро даъват карданд. Як зан, ки дар кумитаи маҳалла масъули масоили фарҳангиву маърифатист ва ҳиҷоби исломиро хеле бад мебинад, аз занон хост, ки ҳиҷоб напӯшанд ва зери санаде, ки онҳоро аз пӯшидани чунин либос ҳушдор медиҳад, имзо гузоранд. Мисли ҳамеша даъват шуд, ки ҳиҷоб напӯшед. Гуфтанд, ки агар занони мо ҳиҷоб пӯшанд, минуси кори онҳо мешавад.”

Муаллиф мегӯяд, ки ӯро ҳамроҳ бо модари пираш ба кумитаи маҳалла даъват кардаанд, вале модараш ба ҳушдори мақомот, ки занони узбак бояд рӯймолро аз пушт банданд, гӯш надодааст ва ҳиҷобашро накашидааст. Дар ниҳоят масъулон аз ин зан хостаанд, зери санаде имзо бигузорад, ки дар он ду бора аз қонунҳои манъи пӯшидани либоси мазҳабӣ дар Узбакистон иқтибос шуда буд.

Сухан дар бораи моддаи 14-уми қонун “Дар бораи озодии мазҳаб ва созмонҳои динӣ” ва моддаи 184-уми Кодекси ҷавобгарии маъмурии Узбакистон меравад.

Моддаи 14-уми қонуни дин, ки ҳанӯз соли 1998 қабул шудааст, мегӯяд: “Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо либоси мазҳабӣ ҳузур доштани шаҳрванди Ҷумҳурии Узбакистон (ба истиснои ходимони созмонҳои динӣ) иҷозат дода намешавад.”

Қисми якуми моддаи 184-уми Кодекси ҷавобгарии маъмурии Узбакистон барои пӯшидани либоси мазҳабӣ, аз ҷумла ҳиҷоб, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ муҷозот таъйин кардааст: “Барои ҳузури шаҳрвандони Узбакистон (ба истиснои ходимони созмонҳои динӣ) бо либоси мазҳабӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷарима ба маблағи аз 5 то 10 маоши ҳадди ақал ваё ҳабси маъмурӣ ба муддати то 15 рӯз пешбинӣ шудааст.”

Гуфта мешавад, мақомоти маҳаллӣ дар Узбакистон исми занонеро, ки бо вуҷуди ҳушдори онҳо дар бораи манъи пӯшидани ҳиҷоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз сатри аврат даст намекашанд, ба рӯйхати вижае шомил мекунанд, ки “Рӯйхати занону духтароне, ки қоидаҳои пӯшидани либосро риоя намекунанд” ном дорад. Аз занону духтароне, ки аз сатр даст намекашанд, тақозо мешавад, то зери санадҳо имзо ҳам гузоранд.

Занони ҳиҷобпӯш бояд зери ин санад имзо кунанд
Занони ҳиҷобпӯш бояд зери ин санад имзо кунанд

Як масъули масоили фарҳангиву маърифатӣ дар кумитаи маҳаллаи Сайрами ноҳияи Мирзо Улуғбек дар сӯҳбат бо бахши узбакии Радиои Озодӣ ҷамъоварии имзоҳои занони ҳиҷобпӯш ва бурдани корҳои “фаҳмондадиҳӣ” бо чунин занҳоро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, аз занони ҳиҷобпӯш талаб мешавад, ки “рӯймоли худро тибқи анъанаҳои милли узбакӣ аз пушт бибанданд.” Вале ин масъули кумитаи маҳалла аз посух ба ин суол, ки сарнавишти заноне ки аз ҳиҷоб даст намекашанд, чӣ хоҳад шуд?, худдорӣ кард.

Сурат Икромов, як ҳомии ҳуқуқи инсон аз шаҳри Тошканд низ дар сӯҳбат бо Озодӣ хабарҳо дар бораи ҷамъоварии имзоҳои занони ҳиҷобпӯшро тасдиқ кард. Икромов гуфт, ҳанӯз дар бораи кадом мавриди фишор ё таъқиби чунин занҳо гузориш нашудааст.

Сурат Икромов мегӯяд, мақомоти маҳаллӣ рӯйхати занону духтарони ҳиҷобпӯшро баъди ниҳоӣ шуданаш ба мақомоти умури дохилаи Узбакистон месупоранд: “Мо иттилоъ дорем, ки занҳои ҳиҷобпӯшро ба кумитаҳои маҳаллаҳо даъват мекунанд. Онҳоро даъват мекунанд, номашонро ба рӯйхат шомил мекунанд ва ҳушгдор медиҳанд. Баъди ин ҳисобот дар бораи вуҷуди занони ҳиҷобпӯш ба мақомоти болоӣ фиристода мешавад. Ин ҳама дар чорчӯби маъракаи мубориза бо созмони тундрави “Давлати исломӣ” анҷом мешавад.

Аммо ҳомиёни ҳуқуқ дар пушти ҳар зани ҳиҷобпӯш дидани сояи “Давлати исломӣ”-ро як воҳима меноманд. Онҳо мегӯянд, дар солҳои охир дар пасманзари афзоиши таваҷҷӯҳи аҳолӣ ба дин ва боло рафтани сатҳи мазҳабишавии ҷомиа ҳазорон зан дар Узбакистон ҳиҷобпӯш шудаанд, вале ин ба маъное нест, ки ҳамаи онҳо ифротӣ бошанд.

Дар ҳафтаи гузашта дар бораи ба додситонии Узбакистон даъват шудани духтарони донишҷӯе, ки дар саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳиҷоб акс гирифтаву ба сомонаҳои мазҳабӣ сар задаанд, гузориш шуда буд. Ба дунбол, барои донишҷӯёни коллеҷҳои омӯзгорӣ ва тиббии Тошканд, коллеҷи саноативу иқтисодӣ ва коллеҷи нақлиёту хидматрасонӣ дар ноҳияи Паркенти пойтахти Узбакистон дар мавзӯи “зиёни тундгароии мазҳабӣ дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет” дарсҳои вижае ҳам доир карданд.

XS
SM
MD
LG