Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорати Тоҷикистон: "Ҷангиҳои Донбасс" шаҳрванди Тоҷикистон нестанд (ВИДЕО)


Тоҷикон дар Донбасс
Тоҷикон дар Донбасс

Сафорати Тоҷикистон дар Украина мегӯяд, афроде, ки дар навори видеоии ҷудоихоҳони Украина сӯҳбат кардаанд, шаҳрванди Тоҷикистон нестанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Украина шаҳрванди Тоҷикистон будани ду нафареро, ки дар як навори видеоӣ аз ширкати худ дар ҷангҳои шарқи Украина ҳикоят кардаанд, рад мекунад. Дар як гуфтугӯи телефонӣ бо Радиои Озодӣ, намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Украина Хайрулло Толибов гуфт, дар натиҷаи пажӯҳиши диаспораҳои тоҷик дар вилояти Луҳански Украина маълум гаштааст, ки чунин афрод дар он ҷо зиндагӣ намекунанд ва рабте ба тоҷикон надоранд.

Бино бар гузориши маҷаллаи интернетии “36on.ru”, портали иттилооотии шаҳри Воронежи Русия, ду нафар гуфтаанд, ки аз Тоҷикистонанд ва дар шарқи Украина дар сафи ҷудоихоҳони рӯ ба Русия зидди нерӯҳои давлати Украина меҷанганд. Онҳо, ки худро Толиб ва "Муҷоҳид" номидаанд, ба хабарнигор Кирилл Нестеров гуфтаанд, ки дар минтақаи Луҳанск на зидди мардуми Украина, балки зидди амрикоиҳо ва барои шаъну шарафи Русия меҷанганд. Бо ишора ба он ки дар байни ҷудоихоҳони шарқи Украина намояндагони ҳамаи давлатҳои пасошӯравӣ ҳастанд, "Муҷоҳид" аз раисиҷумҳури Украина Порошенко сипосгузорӣ кардааст, ки “тамоми Иттиҳоди Шӯравиро зидди худ ба по хезонд ва муттаҳид кард.”

Шарики ӯ, Толиб, ки фармондеҳи гурӯҳи развдкаи 156 будааст, мегӯяд, дар Украина барои адолат меҷангад. Вай меафзояд, солҳост дар ин ҷо зиндагӣ мекунад ва шарикаш мегӯяд, ки бародараш бо аҳли оила дар ин ҷо мезистааст ва ӯ омадааст, то ин оила ва кӯдакони онҳоро ҳимоят кунад. Онҳо гуфтаанд, ки барои ширкат дар ҷанг пуле намегиранд ва силоҳу сарулибоси ҳарбии худро аз “укропҳо”, яъне украиниҳо ба даст овардаанд. Толиб мегӯяд, дар ҷанг дар кишварҳои зиёде ширкат кардааст, аммо ин маълумот махфист. Шарики ӯ ҳамаи вакилони порлумони Украинаро ҷосусони НАТО номида, гуфтаанд, ки на зидди мардум, балки зидди “меҳмонони нохонда” меҷанганд.

Хабарнигори маҷаллаи интернетии “36on.ru” Кирилл Нестеров навиштааст, ки ин гуфтугӯро рӯзи 4-уми декабр дар Луҳанск анҷом додааст. Сомонаи “36on.ru” мебошад. Намояндаи расмии ин шабака дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки ин навор дар наздикии шаҳри Луҳанск гирифта шудааст ва Кирилл Нестеров ҳоло дар ҳамин минтақа қарор дошта, робитаи телефонӣ бо ӯ номумкин аст.

Толиб ва "Муҷоҳид" таъкид кардаанд, ки онҳо мусулмонанд ва барои он зидди Амрико меҷанганд, ки ИМА дар кишварҳои мусулмон ҷангҳоеро барангехтааст. Онҳо Русияро кишвари бузург ва як абарқудрат мешуморанд ва меафзоянд, дар артиши Украина гурҷиҳо зидди онҳо меҷанганд.

Толиб мегӯяд, касоне, ки барои пул меҷанганд, террористанд. Ва онҳое, ки мусулмонанду дар нерӯҳои НАТО меҷанганд, мусулмон нестанд. "Муҷоҳид" мегӯяд:“Дар Қуръон гуфта нашудааст, ки мо имони худро фурӯшем. Ин одати славянӣ ва мусулмонӣ нест.”

Дар поёни гуфтугӯ Толиб мегӯяд, мусулмонон дар ин ҷанг зиёданд, аммо аз лиҳози сарулибос душворӣ мекашанд ва хуб мешуд, агар Русия аз ин ҷиҳат ба онҳо кӯмак мекард, то душманро аз ин сарзамин берун ронанд. Ҳарду ҳамсӯҳбати хабарнигор гуфтугӯро бо нидоҳои "Оллоҳу Акбар!" ба поён бурдаанд.

То ин вақт аз ширкати чеченҳо ва муҳоҷирони ӯзбак дар ҷангҳои Украина хабар дода мешуд, аммо бори аввал аст, ки як навори видеоӣ афроде мегӯянд, аз Тоҷикистонанд ва дар ҷангҳои шарқи Украина ширкат меварзанд. Нафари савум, ки дар паҳлуи онҳо нишастааст, гуфта мешавад аз Чеченистон аст.

XS
SM
MD
LG