Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши генерали тоҷик ба овехтани парчами Қирғизистон дар Овчӣ-Қалъача


Раёсати марзбонии Суғд амали сарҳадбонҳои қирғизро дар мавриди овехтани парчами кишварашон дар болои хонаи тоҷикони ҷамоати Овчӣ-Қалъача “амали барқасдона” донист.

Раёсати нерӯҳои марзбонӣ дар вилояти Суғд овехтани парчами Қирғизистон дар болои хонаи ду сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз сӯи марзбонҳои қирғизро "амали барқасдона" номид. Генерал Муҳаммад Ҷаъфаров, сардори раёсати нерӯҳои марзбонӣ дар Суғд, 8 феврал ба Озодӣ гуфт, ки ҳоло барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала бо марзбонҳои қирғиз музокира оғоз шудааст.

Ӯ гуфт, "ҳанӯз мушаххас нашудааст, ки деҳаи Овчӣ-Қалъача пурра ба Тоҷикистон тааллуқ дорад ё ба Қирғизистон. Аз ин рӯ, онҳо метавонистанд парчами худро дар болои мактаб зананд, аммо чаро ба болои манзили сокинони Тоҷикистон задаанд? Мо то ҳол ҷавоби ин суолро нагирифтем."

Генерал Ҷаъфаров мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир дар робита ба ин масъала музокираи раёсатҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон оғоз шудааст ва масъалаи мазкур баррасӣ хоҳад шуд. Ӯ афзуд, то замони аломатгузории деҳаи Овчӣ-Қалъача ҳеч тараф даъвои ба худ таалуқ додани онро надорад.

Аммо дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон рӯзи 8 феврал дар як иттилоияи расмӣ гуфт, марзбонони қирғиз парчами ин кишварро дар боми манзиле насб кардаанд, ки ба як шаҳрванди Қирғизистон тааллуқ дорад ва соҳибаш ин манзилро муваққатан ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷора додааст. Ба гуфтаи марзбонони қирғиз, ин манзил дар ҳудуди рустои Мақсати ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд ҷойгир шудааст, на дар ҳудуди ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи Тоҷикистон. Ба иддаои ин ниҳод, бар асоси харитаи солҳои 1958-1959, ин манзил қаламрави Қирғизистон аст.

Тақрибан 30-40 марзбони қирғиз рӯзи 6 феврал вориди хоки Тоҷикистон шуда, дар болои манзили зисти Муҳаммадалӣ Абдулвалиев ва Абдуғаффор Ҷалолов - сокинони ҷамоати Овчи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - парчами кишварашонро насб кардаанд. Шоҳидони айнӣ рӯзи 7 феврал дар сӯҳбат бо Озодӣ дар бораи ин ҳодиса хабар дода ва гуфтанд, ки марзбонҳои қирғиз иддао кардаанд, манзили Муҳаммадалӣ Абдувалиев дар хоки Қирғизистон аст ва соҳибаш бояд онро холӣ кунад.

Сокинони маҳалли наздимарзӣ мегӯянд, сарҳадбонҳои қирғиз, инчунин, ба хонаи сокини дигари Овчи Қалъача Абдуғаффор Ҷалолов, ки дар назди обанбори ин маҳал зиндагӣ мекунад, нимарӯзи 6 феврал парчам насб кардаанд.

Эргаш Ҷӯраев, раиси ҷамоати Овчи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, низ дар сӯҳбат бо Озодӣ рӯй додани ин ҳодисаро тасдиқ кард ва гуфт, ки барои ҳалли ин мушкил, шомгоҳи рӯзи гузашта бо раиси ҷамоати Қулунду Қувватбек Сулаймонов мулоқот ва сӯҳбат анҷом додааст. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, мақомоти маҳаллии қирғиз ҳам пойфишорӣ доранд, ки ин қитъаи замин ба Қирғизстон тааллуқ дорад ва ин масъала бояд дар сатҳи мақомоти баландпояи ду кишвар ҳал шавад.

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз нисф зиёдаш аломатгузорӣ нашудааст, сари чанд вақт моҷароҳое барои дастрасӣ ба обу замин ва чарогоҳҳо бармехезад. Дар солҳои гузашта дар чандин чунин ихтилофҳо чандин нафар кушта шуд ва даҳҳо нафар аз ҳарду тараф маҷрӯҳ гардиданд.

XS
SM
MD
LG