Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Узбакистон пас аз 6 соли танаффус


Моҳи июни соли равон дар Тошканд бори аввал дар 6 соли охир ҷаласаи кумиссюни байнидавлатии робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон ва Узбакистон баргузор мешавад.

Расонаҳои наздик ба ҳукумати Узбакистон хабар доданд, ки моҳи июни соли равон дар Тошканд бори аввал дар 6 соли охир ҷаласаи кумиссюни байнидавлатии робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон ва Узбакистон баргузор мешавад. Бори охир нишасти ин ҳайати дуҷониба дар моҳи феврали соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷараён ёфт, аз он ба баъд дар кори ин созмон танаффуси тӯлонӣ ба миён афтод.

Дар моҳи январи соли равон ҳукумати Тоҷикистон барои эҳё ва беҳбуди равобити байни ду кившари ҳамсоя як қатор пешниҳодҳоро ба Тошканд фиристода буд, ки яке аз онҳо эҳёи хатти ҳавоӣ миёни Душанбе ва Тошканд ва ҳаракати автобусҳо дар байни шаҳру навоҳии ҳамсарҳад, сода кардани раводиди сафар барои шаҳрвандони ду кишвар ва монанди инҳо иборат буд.

Хабарҳои омодагӣ ба ҷаласаи кумиссюни байнидавлатии Тоҷикистон ва Узбакистон дар ҳоле нашр мешаванд, ки рӯзи 27 апрел нахустин бор дар наздик ба бист соли охир фармондеҳони нерӯҳои марзбонии ду кишвар дар Хуҷанд гуфтугӯ карданд ва санади таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаро ба имзо расонданд. Ҳамчунин дар маҷлисҳои қонунгузори ду кишвар ин андеша баррасӣ мешавад, ки бояд “Гурӯҳи дӯстии байнипорлумонӣ”-и Тоҷикистону Узбакистон таъсис ёбад. Гуфтушуниди эҳёи парвозҳо миёни Душанбеву Тошканд, бархӯрди нармтар бо наврасони марзшикан дар ноҳияи Носири Хусрав ва тағйири лаҳни матбуоти Ӯзбакистону Тоҷикистон дар баррасии равобити дутарафа низ аз нишонаҳои тағйир дар муносибатҳои байни ду ҳамсояанд.

То ҳоло танҳо ду ҷаласаи кумиссюни байнидавлатии робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон ва Узбакистон баргузор шудаанд, яке дар 22 августи соли 2002 дар Душанбе ва дигаре 18 феврали соли 2009 ҳамчунин дар пойтахти Тоҷикистон.

Муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбакистон танҳо пас аз сафари Ислом Каримов ва иштирокаш дар нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой, ки моҳи сентябри соли гузашта дар Душанбе доир шуд, рӯ ба нармиш пайдо овард. Ин равобит дар давраи эълони истиқлолияти ду кишвар дар соли 1991 ба ин сӯ на ҳамеша ҳамвор буд, аммо пас аз азми Тоҷикистон ба сохтани нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" вориди як марҳалаи сангин шуд. Сараввал Узбакистон дар равуои қаторҳои роҳи оҳани Тоҷикистон монеа гузошт ва баъдан боҷи транзитиро барои ҳамсояаш ба таври то 60 дарсад боло бурд.

Хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон тариқи қаламрави кишварҳои Осиёи Миёна рақобати Тоҷикистону Узбакистонро боз ҳам афзоиш дод. Узбакистон бо баҳонаи таркиш дар яке аз пулҳои қитъаи роҳи оҳани Ғалаба-Амузанг -- танҳо роҳи оҳан ба вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистонро тахриб намуд. Ин қитъаи роҳ Тоҷикистонро барои кишварҳои узви НАТО дар амри берун кашидани аслиҳаю таҷҳизоти ҳарбӣ пураҳамияттар мекард.

Дар натиҷаи ин, солиёни мухолифатҳо гардиши мол байни Тоҷикистону Узбакистон ба шиддат коҳиш ёфта, дар соли 2013 ҳамагӣ 4,6 миллион долларро ташкил дод. Барои муқоиса, тиҷорати Тоҷикистон бо ҳамсояи дигараш -- Афғонистони ҷангзада дар соли 2013 ба 174 миллион доллар расидааст. Яъне 40 маротиба бештар аз табодули молу коло байни Душанбеву Тошканд.

Бо оғози нармиш дар аввали соли 2015 гардиши мол байни ду давлат 11% боло рафт ва сафари шаҳрвандони Узбакистон ба Тоҷикистон низ афзоиш ёфта, танҳо дар се моҳи соли равон бештар аз 19 ҳазор шаҳрванди Ӯзбакистон ҳамчун сайёҳ вориди Тоҷикистон шудаанд, ки ин дар қиёс ба соли гузашта то чаҳор баробар бештар будааст.

XS
SM
MD
LG