Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабнам Худойдодова озод шудааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, Шабнам Худойдодова, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз моҳи июн дар Беларус дар боздошт қарор дошт, рӯзи 22 феврал озод шудааст.

Шабнам Худойдодова, як шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон, ки бо дархости мақомоти ин кишвар дар Беларус дастгир шуда буд, баъди 8 моҳи боздошт раҳо ёфтааст.

Анастасия Лойко, намояндаи масъули “Вясна”, як созмони ҳомии ҳуқуқи башари Беларус, ки бо талаби ба Тоҷикистон истирдод накардани ин фаъоли сиёсӣ маъракаеро ба роҳ андохта буд, рӯзи 22 феврал ба Озодӣ гуфт, Шабнам Худойдодова зоҳиран соҳиби мақоми паноҳанда дар Беларус шудааст ва ӯро ба ҳамин далел озод кардаанд: “Ҳанӯз иттилои дақиқе дар бораи куҷо будани Шабнам дар дасти мо нест, вале инки ӯро озод кардаанд, аниқ аст.”

Роман Кисляк, намояндаи созмони "Вясна" дар Брест дар сӯҳбат бо Озодӣ низ хабари озодии Шабнам Худойдодоваро тасдиқ кард: "Шабнамро имрӯз дар ҳақиқат озод карданд. Ин ба маъноест, ки Беларус дархости паноҳандагии ӯро пазируфтааст. Ӯ феълан дар як макони амн қарор дорад, вале мо ба далелҳои амниятӣ маҳалли будубоши вайро ошкор карда наметавонем."

Беларус, тибқи қонунҳояш, тасмими худ дар бораи ироаи ҳаққи паноҳандагӣ ба ягон нафарро ошкор намекунад. ​

Созмони “Вясна” дар ибтидои моҳи феврал бо талаби ба Тоҷикистон истирдод накардани Шабнам Худойдодова маъракаи ҷамъоварии имзоҳо аз тариқи Интернетро оғоз карда буд. Ба ақидаи ҳомиёни ҳуқуқ, танҳо гуноҳи Шабнам Худойдодова ин аст, ки “дар шабакаи Фейсбук дар иртибот бо ҳаводиси ватанаш изҳори назар мекард.”

Шабнам Худойдодова озод шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:08 0:00
Линки мустақим

Шабнам Худойдодова, моҳи июни соли 2015 ҳангоми убури посгоҳи марзии Брест –Восточний дар марзи Беларусу Лаҳистон (Полша) дар қатори роҳи оҳан дастгир шуд. Ӯ, ки аз сӯи мақомоти Тоҷикистон таҳти ҷустуҷӯ қарор дошт, мехост ба яке аз кишварҳои аврупоӣ паноҳ барад, вале марзбонони Беларус исми ӯро дар рӯйхати афроди таҳти ҷустуҷӯ дида, дастгираш карданд.

Дар Тоҷикистон Шабнам Худойдодова бар асоси моддаи 306-уми Кодекси ҷиноӣ (даъватҳои оммавӣ барои табдили сохти конститутсионӣ) таъқиб мешавад. Мақомоти Душанбе ӯро аз тарафдорони созмони дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи 24” ва созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” – яке аз гурӯҳҳои муттаҳид ба “Гурӯҳи 24” мешуморанд. Гуфта мешавад, ки ӯ ҳангоми зиндагиаш дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия аз тариқи Интернет матолиби “Гурӯҳи 24” ва “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон”-ро нашр ва таблиғ мекард.

Шабнам Худойдодова билофосила баъди боздошташ дар Беларус бо дархости ҳаққи паноҳандагӣ ба дафтари Идораи паноҳандагони СММ дар Минск ариза дод.

“Гурӯҳи 24” ва “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон" аз созмонҳои мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон мебошанд. Ин ду созмон дар тобистон ва баҳори соли 2014 дар чанд шаҳри Русия ҷамъомадҳои муҳоҷирини тоҷик алайҳи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро ташкил карда, аз мардум хостанд, ки рӯзи 10 октябри ҳамон сол дар майдони марказии шаҳри Душанбе барои ширкат дар як эътирози зидди ҳукумат гирди ҳам биоянд.

Ин тазоҳурот доир нашуд, вале ба мавҷи таъқиби аъзо ва тарафдорони “Гурӯҳи 24” ва созмонҳои шарикаш оғоз гузошт. Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2010 фаъолияти "Гурӯҳи 24"-ро манъ кард ва онро ба рӯйхати созмонҳои ифротӣ шомил кард.

Умаралӣ Қувватов, раҳбари “Гурӯҳи 24” баъди ду талоши нокоми истирдодаш аз Иморот ва Туркия шаби 5 марти соли гузашта бар асари як сӯиқасд дар шаҳри Истамбул кушта шуд. Мақсуд Иброҳимов, раҳбари созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” ибтидо моҳи декабри соли 2014 дар шаҳри Маскав корд хӯрд ва дар моҳи январ ба таври мармуз ғайб зад. Танҳо дар тобистони соли 2015 мақомоти Тоҷикистон эътироф карданд, ки Иброҳимов дар Душанбест ва дар моҳи июн бо ҳукми додгоҳ ба 17 соли зиндон маҳкум шудааст.

Ба ҳисоби ҳомиёни ҳуқуқ, то имрӯз беш аз 20 нафар дар Тоҷикистон бар асоси моддаи 306-уми Кодекси ҷиноӣ, ки тарафдорони “Гурӯҳи 24”-ро асосан бар пояи ҳамин модда ба додгоҳ мекашонанд, маҳкум шудаанд. Танҳо дар Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ 12 нафар бо иттиҳоми тарафдорӣ аз “Гурӯҳи 24” ва “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” бо дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Собир Валиев
Собир Валиев

Аммо дар моҳҳои охир мақомоти Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ аз иҷрои дархости истирдоди тарафдорони “Гурӯҳи 24” ҳарчӣ бештар худдорӣ мекунанд. Собир Валиев, муовини раиси ин созмон, ки моҳи август дар Молдова дастгир шуд, моҳи сентябр озод гардид.

Дар моҳи сентябр Сулаймон Ҷобиров аз боздоштгоҳи Самара, моҳи ноябр Абдураҳим Восиев аз боздоштгоҳи рақами 4-уми шаҳри Маскав озод шуданд. Мақомоти Русия моҳи январ аз ҳамин боздоштгоҳи рақами 4 боз 2 тан аз тарафдорони “Гурӯҳи 24” – Соҳибназар Абдуназаров ва Меҳрубон Сатторов ва дар ибтидои моҳи феврал Тағоймурод Маҳмадиевро, ки низ бо айни иттиҳом як сол боз дар боздошт қарор дошт, озод карданд.

Бо раҳоии Шабнам Худойдодова, аз ҷамъи онҳое, ки бо гумони ҳамкорӣ бо “Гурӯҳи 24” ва бар асоси дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир шудаанд, танҳо як нафар – Фирӯзшоҳ Лоиқов - дар ҳамон боздоштгоҳи чоруми Маскав пушти панҷара боқӣ мемонад. Як сол мӯҳлати ҳадди аксари боздошти Лоиқов моҳи апрели соли ҷорӣ ба охир мерасад.

XS
SM
MD
LG