Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафтиши созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон шурӯъ шуд


Акса аз бойгонӣ: ҳамоише дар масъалаи шиканҷа дар Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои ҷамъиятӣ ташкил шудааст
Акса аз бойгонӣ: ҳамоише дар масъалаи шиканҷа дар Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои ҷамъиятӣ ташкил шудааст

Мақомоти давлатӣ дар Тоҷикистон ба тафтиши фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ, бахусус фаъолони ҳуқуқи башар дар ин кишвар пардохтанд.

Мақомоти давлатӣ дар Тоҷикистон ба тафтиши фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ, бахусус фаъолони ҳуқуқи башар дар ин кишвар пардохтанд.

Масъулони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар мегӯянд, тафтиши мазкур беш аз як моҳ ба ин сӯ аз тарафи Вазорати адлия, Додситонии кулл ва Кумитаи андоз ҷараён дорад.

Санҷишҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳамагӣ се ҳафта пеш порлумони Тоҷикистон тарҳи нави “Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ”-ро қабул кард.

Шоира Давлатова, масъули созмони иҷтимоии “Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон” рӯзи панҷшанбеи 2-уми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ташкилоти онҳо аз моҳи қабл мавриди санҷиши Раёсати андози шаҳри Душанбе қарор гирфтааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки, ба гуфтаи хонум Давлатова, то кунун чунин “тафтиши нақшавӣ” ва он ҳам бар асоси дархости Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гузаронида намешуд. “Мо пайваста ба Вазорати адлия, Кумитаи андози ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Кумитаи омор ҳисобот месупоридем, аммо бори аввал аст, ки андозсупориямон санҷида мешавад.Албатта тибқи Кодекси андоз чунин санҷишҳо пешбинӣ шудаанд. Вақте аз мо ҳисобот талаб карданд, ба мо фаҳмонданд, ки ин санҷиш аз рӯи нақша аст, ҳатто асоси санҷиш мактубест, ки аз Кумитаи амният омдааст ва онро ба мо нишон доданд. Муносибат ҳам бо мо хеле хуб буд, аз ин хотир мо нигароние надорем, аммо натиҷаи санҷиш чӣ хоҳад буд ва ба мо чӣ ҷавоб мегӯянд ҳанӯз маълум нест”, гуфт Шоира Давлатова.

Шоира Давлатова мегӯяд, ташкилоти онҳо асосан аз ҷониби Бунёди Сорос ва бунёди амрикоии NED маблағгузорӣ мешавад ва онҳо то моҳи июни соли ҷорӣ андозҳои худро комилан пардохт кардаанд.

Аз Кумитаи андоз ба ин созмон гуфтанд, ки дар мавриди натиҷаи санҷиш ба таври хаттӣ хабар хоҳанд дод.

Нигина Баҳриева, раҳбари бунёди ҷамъиятии “Нота бене” низ мегӯяд, ҳанӯз дар моҳи май аз ҷониби Кумитаи андоз барои гузаронидани санҷиш огоҳнома гирифтанд, вале бинобар он ки як моҳ инҷониб дар сафари хидматӣ аст, тафтиш ба таъхир гузошта шудааст.

Вале ин мусоҳиби мо гуфт, то ҷое ӯ иттилоъ дорад, теъдоде аз созмонҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби Додситонии кулл таҳти санҷишанд.

Ба гуфтаи Баҳриева, то имрӯз мақомот асосан созмонҳои ғайридавлатии минтақавиро тафтиш мекарданд: “Санҷиши додситонӣ аз лиҳози назорати умумӣ гузаронида мешавад. Онҳо як миқдор санадҳои муайянро талаб мекунанд, масъулини созмонҳо нусхаи ин санадҳоро ба онҳо месупоранд. Додситонӣ дар сурати муайян кардани ягон камбудӣ барои рафъи онҳо ба созмонҳо мӯҳлат медиҳад. Ҳоло дар бештари созмонҳо чунин тафтиш гузашт ва мисле, ки ягон иштибоҳи ҷиддӣ пайдо нашуд. Вале Кумиати андоз ҳанӯз натиҷаҳои худро эълон накардааст”, гуфт Нигина Баҳриева.

Хонум Баҳриева гуфт, ки, додситонӣ тамоми санадҳои марбут ба фаъолияти созмонро мавриди санҷиш қарор медиҳад - шурӯъ аз оинномаи созмон, иҷозатномаи фаъолият ва сабт, маълумотнома оиди санҷиши ахири андоз, ҳисоботе, ки ба Вазорати адлия пешниҳод шудааст, китоби даромаду баромади санадҳо ва ҳатто маълумотнома дар бораи бехатарии сӯхтор.

Зимнан, гуфтугузорҳо дар мавриди таҳти санҷиши махсуси мақомот қарор гирифтани созмонҳои фаъоли ҳифзи ҳуқуқи башар ним моҳи пеш низ дар нишасти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Душанбе, ки як соли фаъолияташро дар Тоҷикистон натиҷагирӣ ва нақшаҳоро барои соли оянда муаррифӣ кард, матраҳ шуда буд.

Аз ҷумла Галина Деревенченко, таҳлилгари мустақили ҳуқуқи башар аз САҲА дархост кард, ки барои гузаронидани нишасти муштараки созмонҳои иҷтимоӣ бо мақомоти давлати Тоҷикистон мусоидат кунад.

Зеро, ба гуфтаи ин таҳлилгар, дар ҳоле ки ин созмонҳо “агент” набуда танҳо ба манфиати кишвар фаъолият мекунанд, маълум нест, ки ин санҷишҳо ба кадом ҳадаф гузаронида мешаванд.

“Дар ҳоле, ки чунин санҷишҳо аз тарафи Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва мақомоти қудратӣ махсус нисбати созмонҳои фаъоли ҳуқуқи башар ва зидди шиканҷа авҷ мегирад, шояд вақти он расидааст, ки дар ин замина муколамае сурат бигирад ва фаҳмонда шавад, ки чаро чунин амал пиёда мешавад. То ҳанӯз маълум нест, ки ин ба тағйиру иловаҳо ба қонун вобастагӣ дорад ё чизи дигар, ҳарчанд созмонҳо бо тағйироте, ки ворид шудааст ҳеҷ мухолифат надоранд. Аммо тавре мушоҳида мешавад, ин санҷишҳо дар баъзе маврид ба хотири ҷамъоварии иттилоот анҷом мешавад. Зеро натанҳо санадҳо тафтиш мешавад, балки баъзан дар бораи фаъолияти созмон, маблағ ва ҳадафи лоиҳаҳое ки амалӣ мешаванд ва ҳамчунин дар бораи созмонҳои дигаре, ки бештар фаъолият нишон медиҳанд, сӯҳбатҳо мекунанд”, - гуфт хонум Деревенченко.

Аммо Қурбоналӣ Бобоев, сардори Раёсати сабти номи созмонҳои ҷамъиятӣ ва аҳзоби сиёсии Вазорати адлияи Тоҷикистон, ки дар ин нишаст ширкат дошт ба иддаои хонум Деревенченко гуфт, дар ҳоле, ки созмонҳои иҷтимоӣ аз ҳукумати Тоҷикистон шаффофиятро тақозо мекунанд, ҳадаф аз ин санҷишҳо низ танҳо муайян кардани шаффофияти кори ин созмонҳост.

Ба гуфтаи ҷаноби Бобоев, соли гузашта 30 дарсади ин созмонҳо ҳисобот пешниҳод карданд ва маълум гардид, ки ба ин ниҳодҳо маблағи 4,5 миллиард сомонӣ ворид шудааст.

Қурбоналӣ Бобоев гуфт, ки ин маблағ барои Тоҷикистон аз се як ҳиссаи буҷаи кишварро ташкил медиҳад ва зарур аст маълум шавад, ки ин маблағ бо кадом роҳ дарёфт шудаву бо кадом мақсад сарф шудааст. “Мо ҳеҷ ташкилоти ҷамъиятиро агент ҳисоб намекунем. Мақсад аз ин санҷиш, ки ҳукумат шояд ба Вазорати адлия ва ё ягон мақомоти дигар вогузор мекунад, ҳамин аст, ки, фаразан, ҳамин миқдор пул барои сохтмони роҳ дар як деҳаи дурудаст ҷудо шудааст ва оё воқеан ин пул дар ҳамон ҷо сарф шудааст ё ба дигар ҷо меравад. Мақсад танҳо ҳамин аст на чизи дигар”, таъкид кард Бобоев.

Нигарониҳо дар бораи таҳти санҷиш қарор гирифтани фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ дар ҳолест, ки ҳанӯз чанд вақти пеш таҳлилгарон ҳангоми пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба қонуни “Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” тарҳи ин қонунро нусхаи қонуни Русия дар бораи “Агентҳои хориҷӣ” унвон карданд ва гуфтанд, ки таъкиди ҳукумат бар сари шаффофияти манобеи молии созмонҳо ба хотири маҳдуд кардани фаъолияти онҳост.

Бино ба иттилои ахири Вазорати адлияи Тоҷикистон, дар кишвар 2602 созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла, намояндагиҳои 191 созмони хориҷиву байналмилалӣ фаъолият доранд. Ин созмонҳо дар бахшҳои гуногун - аз тиб гирифта то матбуоту ҳуқуқи башар бо грант ё сармояи хориҷӣ фаъолият мекунанд.

XS
SM
MD
LG