Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти як муҳоҷир дар навбати гирифтани патент


Ҷасади Комилҷон Эсанов, ки дар маркази байнидавлатии муҳоҷират дар Сахарово ба ҳалокат расид, ба сардхона интиқол ёфтааст. Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, иллати марги ӯро мушаххас хоҳанд кард.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ҷасади Комилҷон Эсанови 48-сола -- сокини шаҳри Панҷакент, ки шаби якшанбе ба душанбе дар маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират дар Сахарово ба ҳалокат расид, ба сардхона (морг)-и пажӯҳишгоҳи тиббии "Боткино" интиқол ёфтааст.

Ба қавли онҳо писари Эсанов низ ҳоло дар сардхона мебошад. Ҳоло бояд сабабҳои марги ин муҳоҷири корӣ мушаххас шавад.

Ин қазия соати яки шаби 6 апрел иттифоқ уфтодааст. Дар бораи марги Комилҷон Эсанов ба дипломатҳои тоҷик дар Маскав Николай Федосеев, раҳбари генералии маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират дар деҳаи Сахаровои Маскави Нав шахсан иттилоъ додааст. Саид Боев, масъули намояндагии вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав гуфт, Федосеев дар сӯҳбати телефонӣ бо Асрор Одинаев, раиси намояндагии вазорат хабар дод, ки муҳоҷири тоҷик дар дохили ин марказ даргузашт.

Ӯ гуфтааст, ки Комилҷон Эсанов ҳамроҳ бо писараш Мурод баъд аз супурдани ҳуҷҷат ва изи ангуштонаш барои таҳияи патенти корӣ ба утоқи махсуси шабгузаронии муҳоҷирон рафта, хостаанд шабро он ҷо рӯз карда, бо фаъол шудани ҳаракати метро баъд ба Маскав баргарданд. Дар ҳамин утоқ ҳоли Комилҷон Эсанов бад шуда, то омадани мошини ёрии таъҷилӣ ҷон медиҳад. Федосеев гуфтааст, ки мувофиқи қоидаҳои расмӣ, дар ҳолати марги нобаҳангоми шахс нахуст ин хабарро бояд сохторҳои дахлдор - ёрии тиббӣ, полис ва судмедэкспертиза тасдиқ ва баъдан ҷасад ба сардхона интиқол ёбад. Ҳанӯз сабаби марги муҳоҷири тоҷик маълум нест ва инро бояд ташхис дар дохили сардхона маълум кунад, гуфт Саид Боев дар сӯҳбат бо Озодӣ.

Ба иттилои ӯ, мақомоти тоҷик дар ин қазия ба хонаводаи Эсанов ёрии заруриро расонида, ҳамчунин дар интиқоли ҷасад ба Тоҷикистон ҳам мусоидат хоҳанд кард. Ба иттилои пешакӣ, Эсанов дар Маскав дар сохтмоне кор мекард.

Видеои кашокаши муҳоҷирон дар Сахарово:

Кашокаш дар Маркази муҳоҷирати Маскав
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00

Ҳалокати Комилҷон Эсанови 48-сола дар Маркази байнидавлатии муҳоҷират, ки дар деҳаи Сахарово дар Маскави Нав ҷойгир аст, вокунишҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардааст. Аммо пулису матбуоти расмии Русия то кунун дар бораи ҳалокати ин муҳоҷири тоҷик хабар надодаанд.

Як ҳамватани Комилҷон Эсанов - Дилшод гуфтааст, кормандони марказ сабти телефонии видео ва аксбардориро низ барои онҳо манъ кардаанд ва бинобар ин то ҳол аксҳои падараш, ки дар маркази кор бо муҳоҷирон ҷон дод, ба расонаҳо роҳ наёфтааст.

Дар бораи ҳалокати Комилҷон Эсанов субҳи барвақти 6 апрел Каримҷон Ёров -- раиси яке аз ҷамъиятҳои тоҷикон дар Русия ба Радиои Озодӣ хабар дода буд. Ӯ гуфт, Эсанови 48-сола, сокини шаҳри Панҷакент, ки соҳиби чор фарзанд будааст, баъд аз навбатпоии зиёд дар ҳавои сард ба ҷои гарм даромада, ҷон додааст. Ӯ гуфт, "Эсанов вақте бисёр дар берун меистад ва якбора ба гармӣ медарояд, дилаш қувват накарда, ҷон медиҳад."

Ҳалокати як муҳоҷири тоҷик дар маркази Сахарово дар ҳолест, ки дар аввали моҳи феврали соли ҷорӣ сафорати Қирғизистон дар Русия аз Маскав хоста буд, ба шеваи кори маркази байнидавлатии муҳоҷират дар Маскави Нав расидагӣ кунанд.

Дар нотаи сафорат ба номи Вазорати умури хориҷии Русия гуфта мешавад, “вақте консулҳои мо ба ин ҷо омаданд, танҳо барои қабули ибтидоии мушовирони марказ ва гирифтани барга барои супордани ҳуҷҷатҳо навбати бузурги зиёда аз 3000 шаҳрванд ба миён омада буд, ки ба шакли “морпаеч” танзим шудааст. Дар бошишгоҳ тӯда ва кашокаш ҷой дошт. Айни чунин вазъият дар дигар бошишгоҳҳои Маркази байнидавлатии муҳоҷират низ ба мушоҳида мерасад. Дар ин ҷо шаҳрвандон ҳаққи хидматро мепардозанд ва ҳуҷҷат месупоранд.”

Сафорати Қирғизистон дар Маскав изҳор доштааст, бино бар манзараҳое, ки консулҳои ин ниҳод дидаанд, метавон хулоса намуд, Маркази байнидавлатии муҳоҷират ба қабул ва хидмати мавҷи бузурги муҳоҷирони корӣ омода нест ва “ташкили кор аз тарафи кормандони он ба таври бояду шояд роҳандозӣ нашудааст”.

XS
SM
MD
LG