Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯли сунъии Бадахшон бузургу хатарнок шудааст


Ин кӯли хурд, ки рӯзи 16-уми июл ба вуҷуд омад, батадриҷ бузургтар мешавад.
Ин кӯли хурд, ки рӯзи 16-уми июл ба вуҷуд омад, батадриҷ бузургтар мешавад.

Ба тахмини мутахассисон, дар ин кӯл аз 7 то 20 миллион метри мукааб об ҷамъ шудааст ва дар сурати рахна шудан эҳтимолан ҳазорон манзилро дар хатар гузорад.

Бо гузашти як моҳи расо аз пайдо шудани кӯли сунъӣ дар яке аз шохаҳои рӯдхонаи Ғунд дар Бадахшон, сатҳи оби он аз 20 сантиметр ҳам зиёдтар шудааст ва хатари рахна шудани он то рафт меафзояд. Мутахассисони Тоҷикистон ҳанӯз дақиқ накардаанд, ки дар кӯл чӣ қадар об ҷамъ шудааст ва дар сурати рахна шуданаш, чӣ теъдоде аз рустоҳову аҳолӣ осеб мебинанд.

Айни замон кумиссиёни махсуси ҳукуматӣ ҳамроҳ бо созмонҳои байналмилалии имдодӣ кӯшиш доранд оқибатҳои эҳтимолии рахна шудани кӯл ва хатари он барои аҳолиро муайян кунад. Шодмон Ҳоҷибеков, директори иҷроияи FOCUS, созмони хайрияи байналмилалӣ, ки дар рафъи оқибатҳои селу обхезӣ кӯмак мекунад, рӯзи 17-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, қарор аст, то охири моҳи август, мутахассисони рус, умқи кӯл, сатҳи об ва фишори он ба сарбандро муайян кунанд:

“Дар масъалаи кӯл ҳар кас ҳар фарзия дорад. Баъзеҳо мегӯянд, дар он 7 миллион метри мукааб об аст, баъзеҳо мегӯянд, ки аз 12 то 14 миллион метри мукааб ва баъзеҳо мегӯянд, ки дар дохил 20 миллион метри мукааб об ҷамъ шудааст. Ин фарзияҳо, ки олимону мутахассисон бо формулаҳои гуногун сохтаанд, ягон асоси расмӣ ва илмӣ надоранд. Аз ҳамин лиҳоз мо бо Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав (МГУ) дар тамос шудем ва дар нақша аст, ки дар ҳафтаҳои ахири моҳи ҷорӣ мо мутахассисонро ҷалб мекунем ва онҳо ташхиси батиметрии кӯлро мегузаронанд”.

(Ташхиси батиметрӣ омӯзиши умқу миқдори об, ҷойҳои осебпазири сарбанд ва фишори мавҷуд ба сарбандро дар назар дорад. ) Лағжиши хок дар рустои Барсеми Шуғнон рӯзи 16-уми июл маҷрои як шохаи рӯдхонаи Ғундро баст ва як обанбори сунъиро офарид, ки рӯз бар рӯз бузургтар мешавад. Мутахассисон мегӯянд, азбаски сарбанди ин кӯли сунъӣ мустаҳкам нест, мумкин аст, таҳти таъсири заминларза, ё ҳодисаҳои дигар рахна шавад ва ҷони ҳазорон нафарро зери хатар гузорад.

“Олимон мегӯянд, ки садд ва ё дарбанде, ки ташкил шудааст, пойдор нест ва метавонад, дар натиҷаи ягон офати дигар, масалан заминҷунбӣ ё сели иловагӣ, ё таъсири омилҳои дигар рахна шавад. Аз ҳамин лиҳоз теъдоди зиёди хонаводаҳое, ки қад-қади дарёи Ғунд ва дарёи Панҷ сукунат доранд, метавонанд аз ҳамин чиз осеб бинанд“, - гуфт Шодмон Ҳоҷибеков.

Ба гуфтаи ӯ, то замоне, ки ҳаҷми оби кӯли сунъӣ муайян нашавад, миқёси эҳтимолии фалокат дар рустоҳои наздисоҳилиро маълум карда намешавад. Аммо кӯли то кунун беном дар шохаи рӯдхонаи Ғунд дар 16-километрии шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшони Кӯҳӣ ҷойгир аст ва дар наздикиву атрофи он бештар аз 30 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд.

Иттилои номукаммал дар бораи кӯл ҳамчунин имкон надодааст, ки корҳои барқарорсозӣ дар манотиқи офатзада сурат бигирад, зеро имкон дорад, ки дар сурати рахнаи кӯл, пулу роҳҳое, ки барқарор шудаанд, дигарбора аз байн раванд. Айни замон рустои Барсем, ки дар натиҷаи селу обхезӣ осеб дид, комилан аз дигар манотиқи кишвар бурида шудааст, зеро ягона пуле, ки онро бо маркази Бадахшону дигар ноҳияҳо васл мекард, аз байн рафтааст ва кӯмак ба мардуми онҷо танҳо бо чархбол имконпазир аст.

Ҳоло дар се рустои наздисоҳилӣ созмони Фокус бо кумаки созмонҳои дигари имдодӣ, системаи ҳушдор аз хатарро насб кардааст, ки дар сурати ба 37 сантиметр расидани сатҳи кӯли сунъӣ, ба кор медарояд ва ба сокинон ҳушдор медиҳад, ки ҳарчӣ зудтар хонаҳояҳояшонро тарк карда, ба ҷойҳои амну бехатар ва дур аз сел паноҳ баранд. Селу обхезӣ дар Вилояти Бадахшони Кӯҳӣ дар миёнаи моҳи июл дар ноҳияҳои Шуғнону Ванҷу Рӯшон, Ишкошим ва Мурғобу Дарвоз даҳҳо хонаро хароб кард ва 6 нафарро кушт. Дар маҷмӯъ 100 хона аз ҷумла 78 манзили истиқоматӣ комилан ва 22 хонаи дигар қисман вайрон шуданд. Роҳ ва чандин пул, хатҳои интиқоли нерӯи барқ аз байн рафт ва айни замон аъзои бештар аз 80 хонавода аз ноҳияи Шуғнон дар хаймаҳо зиндагӣ мекунанд ва мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, то моҳи ноябр бояд барои онҳо хонаи истиқоматӣ сохта шавад.

Баъди селу обхезиҳо дар моҳи июл ҳукумати Тоҷикистон вазъи фавқуллода эълон кард ва бо муроҷиат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, барои рафъи оқибатҳои фалокат 100 миллион доллар кӯмак кунанд. Маълум нест, то кунун чӣ қадар кумак барои рафъи паёмадҳои фалокат расидааст.

XS
SM
MD
LG