Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Қурби сомонӣ

TJS / 
USD
4.3669
TJS / 
EUR
5.8810
TJS / 
RUB
0.1447
TJS / 
KZT
0.0295
TJS / 
UZS
0.0028

Қурб дар ҳоли тағйир аст.

Вижагуфтор

Аҳли шиъа ва аҳли суннат дар Тоҷикистон

21.12.2007

Ислом, ки мазҳаби умда дар тамоми Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад, дар қарни ҳафтум тавассути арабҳо оварда шуд ва ҳоло ба бахши ҷудоинопазири фарҳанги тоҷикон табдил ёфтааст. Талошҳои мақомоти Шӯравӣ, ки намозгузориву ибодатро мамнӯъ карда ва мехостанд ҷомеаи Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақаро дунявӣ созад, асосан бенатиҷа анҷом ёфтанд. Баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ кишварҳои минтақа аз ҷумла Тоҷикистон шоҳиди эҳёи босуръат ва густурдаи Ислом шуд. Акнун дар масоҷиди Тоҷикистон, ки замони Шӯравӣ танҳо ҷойи пиронсолон буд, ҳоло шоҳиди ҳузури ҷавонони зиёд мешавед ва ҳангоми намози ҷумъа масҷиди марказии пойтахти Тоҷикистон барои ҳазорон нафар аз намозгузорон тангӣ мекунад.

Бахши аъзами мусулмонон дар Тоҷикистон суннимазҳабанд ва танҳо гурӯҳе хурде аз мазҳаби шиъа пайравӣ мекунанд. Ҳудуди 200 ҳазор нафар аз аҳолии вилояти Бадахшони Тоҷикистон пайрави шохаи исмоилияи мазҳаби шиъа ҳастанд, ки асри 10 ба Осиёи Марказӣ роҳ ёфтааст. Дигар мазҳабе, ки дар Тоҷикистон пайрави зиёд дорад, дини масеҳӣ аст, ҳарчанд пайравони он - русҳои православ баъди касби истиқлолияти Тоҷикистон ин кишварро тарк карданд. Дигар гурӯҳҳои хурди масеҳӣ ҳам ҳастанд, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд. Ҷамъияти кучаки яҳудиҳо низ дар ин кишвар ба сар мебаранд ва барои ибодат дар шаҳри Душанбе канисои хурде ҳам доранд. Пайравони мазҳаби баҳоия, зардуштӣ ва буддоӣ низ дар Тоҷикистон ҳастанд ва дар маҷмӯъ, ба гуфтаи мақомот дар кишвар беш аз 80 иттиҳодияи мазҳабӣ сабти ном шудааст. Ба қавли мақомот, аҳолии суннимазҳаби кишвар ба пайравони дигар мазҳабҳо ботаҳаммул муносибат мекунанд ва Тоҷикистон шоҳиди хушунатҳои мазҳабӣ нашудааст.  
Нақши ислом дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон мухталиф аст, барои баъзеҳо Ислом
Танҳо, 0, 001 дар Тоҷикистон даҳрӣ будаанд
аз муҳимтарин бахши фарҳанги онҳост, агарчӣ бархе аз сокинони кишвар худро чандон мазҳабӣ намешуморанд. Бар асоси гузориши ахири Вазорати умури хориҷаи Амрико роҷеъ ба озодиҳои мазҳабӣ дар ҷаҳон, 97 дар сади мардуми Тоҷикистон худро мусулмон меҳисобанд ва танҳо сифру аз сад як дар сад, даҳрӣ ва ё бедин будаанд.


Ҳамчунин як бахше аз пайравони дини Ислом ҳам ҳастанд, ки хусусан дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба динҳои дигар гароидаанд. Шумори чунин афроди табдили мазҳабкарда дар кишвар то 30 ҳазор нафар рақам зада мешавад. Афзоиши теьдоди созмонҳои даьваткунанда ё худ миссионерӣ, махсусан, дар поёни солҳои навадум ва оғози қарни бистум ҳамин тавр ба зиёд шудани шумори онҳое, ки тарки дини Ислом карда, ба мазоҳиби дигар мегароянд, бештар гардид ва нигарониҳоеро низ дар ҷомеа ба вуҷуд оварда буд. Дар маҷмӯъ, ҳудуди чиҳил дарсади аҳолии деҳот ва тақрибан даҳ дарсади аҳолии шаҳр мунтазам расму оини мусалмониро риъоя мекунанду халос.

 

Тасаннун ва ташшаюъ.

 

Аз 97 дарсади аҳолии мусулмони ин кишвар ҳамагӣ 7 дарсад пайрави мазҳаби шиъа ва боқимонда аҳли суннат мебошанд. Вале як қисмати хурде ҳам пайрави шохаи Исмоилия, яке аз риштаҳои мазҳаби шиъа ҳастанд, ки бештар дар вилояти Бадахшон ва қисман дар вилояти Хатлону шаҳри Душанбе ба сар мебаранд. Намояндагони риштаи дигари шиъа - исноъашариҳо ё тавре дар кишварҳои форсизабонон  дувоздаҳимома мегӯянд, хеле каманд.

Аҳли суннат дар Тоҷикистон аслан пайравони мазҳаби ҳанафианд, вале тайи солҳои ахир, аз ҷумла ба далели барои таҳсили динӣ зиёд ба кишварҳои мухталифи хориҷӣ рафтани толибилмон, пайравони мазоҳиби дигари суннӣ низ дар Тоҷикистон пайдо шудаанд ва акнун дар масоҷид мебинем, ки намозгузорон ҳар кадом ба шеваи мазҳаби худ адои намози ҷамоат мекунанд. 

Тоҷикистон то имрӯз саҳифаи хунолуди ихтилофи миёни шохаи тасаннун ва ташшаюъро ёд надорад. Аммо, гуфта мешавад, ҳанӯз ҳам мардуми шиъамазҳаб аз муносибат бо суннимазҳабон худро канор мегиранд. Онҳо худро ба авлоди ҳазрати Алӣ нисбат медиҳанд. Суннимазҳабон низ фақат дар мавриди издивоҷ бо духтарон ё писарони шиъамазҳаб, дақиқтараш шиъамазҳабони бадахшонӣ эҳтиёкорона рафтор мекунанд.

Саиданвар Шохуморов, тадқиқгари маркази ховаршиносии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, мегӯяд, замони Шӯравӣ иҷборан бадахшониҳоро бо кӯлобиҳо ба ҳам мепайвастанд, ки ин ҳадафи сиёсӣ дошт, на аз миён бурдани ҷузъитарин ихтилофи мазҳабӣ. Бо ин ҳама, оқои Шохуморов таъкид мекунад, ки ихтилофҳои шадиде миёни пайравони ду шохаи дини ислом, яъне сунниҳо ва шиъаҳо дар кишвар вуҷуд надорад:

«Дар миёни мусулмонҳои Тоҷикистон, бахусус, миёни суннимазҳабону шиъамазҳабони ин кишвар ихтилофи хосе вуҷуд надорад. Сабаби набудани ихтилоф Шӯравии динситез буд, ки намегузошт дар бораи дин ва мазоҳиби мухталиф андеша бикунанд. Ин натиҷаи таълимоти динситезии Шӯравии собиқ аст, ки таъсири он ҳанӯз аз мағзи насли он замон берун нарафтааст».

Ин пажӯҳишгари маркази ховаршиносии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ҳамчунин изҳор кард, ки шиъаҳои камшумор дар баробари пайравони зиёди аҳли суннат метавонанд ба мақомҳои баланди давлатӣ пазируфта шаванд ва ё дар дилхоҳ коргоҳ фаъолият кунанд. Ба назари ин ӯ, танҳо усули ибодат шиъаҳоро аз сунниҳо ҷудо мекардааст. Агар возеҳтар гӯем, аҳли суннат дар Тоҷикистон рӯзе панҷ маротиба намоз мегузоранд ва аҳли шиъа бошад, ҳамагӣ се бор. 



АЗ ИН СИЛСИЛА:

Адён дар Тоҷикистон



Дар ҳамин ҳол, Эшони Нуриддин, як рӯҳонии шинохта дар Тоҷикистон, ҳангоми баёни мавъизааш дар як навори видеоӣ гуфтааст, ки ҳам пайравони мазҳаби шиъа ва ҳам пайравони мазҳаби суннӣ мусулмонанд, аз ин рӯ набояд, миёни онҳо тафриқаандозӣ вуҷуд дошта бошад. Эшони Нуриддин аз мусулмонони Тоҷикистон даъват ба амал овардааст, ки пайрави мазҳаби шиъа ва ё суннат буданашон ба хайр, аммо пайрави мазҳабҳои нави ифротгаро, аз қабили акрамияву салафия ва гурӯҳҳои ифротгарои Ҳизбуттаҳрир ва Ҳаракати исломии Узбакистон набошанд:

«Аз ҷавонҳои мусулмон хоҳиш дорам, ки фирефтаи даъвати ҳизбҳо нашаванд, ки бештар аз номи Ислом баромад мекунанд. Вақте Шумо бо ақидаи ин ҳизбҳо ва аҳкоми фиқҳии ин ҳизбҳо ошно мешавед, дармеёбед, ки он бо мазҳаби аҳли суннат мутобиқат намекунад. Агар ҳизби исломӣ мехоҳед, пас Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон барои Шумо басандагӣ мекунад, як ҳизби қонунии исломӣ».

Ин дар ҳолест, ки ба қавли Исломиддини Файзалӣ, донандаи улуми исломӣ дар

Эшони Нуриддин: "Ҳам шиъаҳо ва ҳам сунниҳо мусулмонанд, аз ин рӯ набояд, миёни онҳо тафриқаандозӣ вуҷуд дошта бошад."

 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ин ҳизб дар миёни аҳли шиъаи Бадахшон низ ҳудуди 3 ҳазор аъзо дорад ва то ҳанӯз тарафгирии мазҳабӣ миёни аъзои суннимазҳаб ва шиъамазҳаби онҳо мушоҳида нашудааст. Оқои Файзалӣ афзуд, шиъмазҳабони Тоҷикистон масҷиди ҷудогона надоранд ва ҳамроҳ бо аҳли суннат намоз мегузоранд. Вай дар қиёс бо ихтилофҳои мазҳабии миёни шиъа ва суннии Ироқу Афғонистон ва Эрон муносибати шиъаву сунниҳои Тоҷикистонро мӯътадил арзёбӣ кард:

«Шиъаҳои Тоҷикистон солҳои мадид аст, ки дар шарқи ин кишвар маскунанд. Онҳо як равияи хоси худро доранд, ки муштаракоти мазҳабии онҳо аз шиъаҳои дигар хеле фарқ мекунад, аз ҷумла бо шиаъҳои исноъашариҳо. Яъне, инҳо як қавми хосе ҳастанд ва забони хоси худро низ доранд, бо вуҷуди он ки дар ҳисоби миллати тоҷик дохил мешаванд. То ҳадде, ки медонем, муносибатҳо миёни шиъаҳо ва сунниҳои Тоҷикистон муносибатҳои одӣ аст ва дар кишвар мо ҳанӯз ҷабҳагирии мазҳабӣ вуҷуд надорад».

Амрулло Низомов, таълимдидаи як мадрасаи Покистон, мегӯяд, ҷузъиёти ҷудогонае вуҷуд дорад, ки тафовути аҳли суннат аз аҳли шиъаро дар миён мегузорад. Оқои Низомов миёни шиъамазҳабон ва сунниҳо шикофии барзиёдеро намебинад ва онҳоро дар маҷмӯъ мусулмон мехонад.

Ҳамин тавр, 70 сол Шӯравӣ умуман динро маҳкум мекард, ихтилофҳои мавҷудаи то Шӯравиро дар Бухоро ва дар кишварҳои дигари ин қаламрав, ки миёни аҳли тасанунун ташшаюъ вуҷуд дошт, ҳамвор кард. Ҳоло дар Тоҷикистон таассуб ё суннигароӣ ва ё шиъагароӣ ба таври ҳассос вуҷуд надорад ва дар Қонунҳои ҷории ин кишвар, аз ҷумла дар қонуни дин низ авлавият ба ин ё ба он риштаи Ислом, яъне шиъа ва ё суннат дода нашудааст. Ҳам намояндагони аҳли суннат ва ҳам аҳли шиъа, ки аслан исмоилиён ҳастанд, танҳо аз ҳамзистии мазоҳиб сӯҳбат мекунанд.

Ин баҳс баста шудааст.
Comment Sorting
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 9
Ном: Abdul аз: London
21.12.2007 16:04
In padidai nek hast ki millati Musalmoni Tojik az ittihodi dini Islom difo mekunad va dar ayni hol ba bisyorfarhanigii on ehtirom meguzord. In zeboiyi Islom va nishoni poydorii millati Tojik hast. Ismoiliyon va ahli Sunnai torixi hamzistii osoishtai tuloni dorand va dar in mavqi hukumati Shuravi xelo muhim hast sarfi nazar az siyosati dinbezoriash. Itminomu xohishi man az barodaron va khoharoni Musalmoni Tojik in hast ki in anaani nekro idoma dihem va ba ighvogarihoi doxili va beruni ki mexohand dar miyoni mo judoyi andozan roh nadihem. Huvviyati Tojikii mo boyad az huvviyati mazhabiamon balandtar boshad. Xudo yoru madadgori shumo!

Ном: yakhya аз: dushanbe
21.12.2007 20:22
Asalomu alaykum ba hamai mardumi Tojikiston shumoro ba in idi muborak tabrik meguyam ammo dar davomi sukhanhoyam guftani hastam,ki shiaaho barodaroni mo nestan va nakhohem shudan .......

Ном: Олим
21.12.2007 20:52
Ба фикри ман ин хел гуфтан номумкин аст, ки дар Точикистон зиддият ва бадбини байни намояндагони ахли суннат ва исмоиьлиён вучуд надорад. Дар тули таьрих ва давраи хозира хам намояндагони ахли суннат исмоиълиёнро "кофир" гуфта бо ин рох таъкибот ва харгуна беадолати ва зулму шиканчаи зидди исмоъилиро "конуни" мекарданд. Ин зулм боиси он шуд ки дар авалли карни гузашта исмоълиёни Бадахшон аз хокимияти бародарони ахли суннат Бухориён безори чон шуда ба Руссхои масехи мурочиат карданд ки онхоро аз зери такиботи "бародарони" сунни озод кунанд. Хамаи инро гуфта бояд эътироф кард ки бадбини байни суннихо ва исмоълихо дар Точикистои характери тарафайн дорад ва яке аз мушкилихои мубрами ичтимоии чомеъаи точик хохад шуд.
Барои пешгирии ягон намуд задухурд байни ин ду гурух дар сатхи хукумати маркази ва махалли чорахои мушаххас ва амали андешида шаванд, бояд сараввал ин проблема аз тарафи ахли чомеъа пазируфта шавад ва ахли чомеаъ аз нозукихои ин масъала бохабар карда шавад, бояд аз синни мактаби дарсхо дар бораи ислом, хамчун як сивилизасия ки аз шохахои мухталифи гуногунфарханг иборат аст, ташкил карда шаванд, гуногунфархангии бояд пазируфта шавад, ва Бадахшонихо, Ягнобихо, дигар халкиятхои дорои забону фарханги чудогона хамчун акалият расми пазируфта шаванд, ва конунхои лозими ки кафолати хаку хукуки онхоро таъмин мекунанд,кабул карда шаванд. Ва ахиран хамзистии баробархукуки хамаи гурухои мазхаби ва етники бояд таргиб карда бо конунхои мушахасс ба рох монда шавад.

Ном: Ilhom
22.12.2007 00:47
havzistii mazhabi garavi poydorii milati Tojik ast.

Ном: Абдусамади Карим
22.12.2007 15:11
Ба номи Худо салом
ман хами хонандагони ин бахсро ба муносибати фарор расии Иди Курбон табрик ва тахният мегуям.
сухани бародар яке аз душанбе иштибох аст шиаён бародарони мо хастанд ва мо онхоро ба унвони фарди мусалмон кабул дорем агар мо нисбати ба онхо таасуби мазхаби дошта бошем ва онхо низ ба мо таасуби мазхаби дошта бошанд хамааш ба манфиати душманони Ислом аст душамнони Ислом тассуби мазхабиро аз тамоми мазохиб мехоханд барои нобудии накшахои душманон бояд хами мазохиб бо хам мутахид шаванд.

Ном: Саид аз: Хучанд
23.12.2007 12:56
Ассалому алайкум
мехостам дар мавриди тасаннун ва ташаййуъ сухан кардани нестам лекин мехостам диккати хонандаро ба фитнаи наве ки имруз чамъияти Точикистонро тахдид мекунад ба он чалб созам, ки ин хам бошад равияи нав бо номи САЛАФИЯ мебошад. ман пеш аз хама аз тарафдорони ин равия, агар инро равия гуфтан мумкин бошад, мурочиат карданиам, ки имруз Точикистони мо нав ба рохи мустакилият рохпаймуда истодааст ва мо мардуме мебошем, ки аз вартаи чанг хамаги 10 сол шуд ки халос шудем, бино бар ин аз Шумоёни гироми эхтиромона хохиш менамоям ки ин фитнаи навро ба сари мардуми точик наоред ва шумо албатта хуб медонед, ки мазхаби пешгирифтаи мо яъне мазхаби ханафия аз мазхабхои дурусти ахли суннат ва чамоат мебошад ва мо имруз ба равияи нав эхтиёч надорем ва боз як бори дигар аз Шумоён хохиш мекунам ки дари фитнаро накушоед, зеро паёмбар фармудаанд, ки касе дари фитна баста аст ва касе к4и дари фитнаро кушояд пас чояшро аз дузах таёр кунад гуфтаанд ва метарсам ки шумо аз чунин шахсон нашавед. Зеро ки ин амали Шумо сабаби ба сари мардуми мусалмони Точикистон ягон мушкилии наверо эчод кунад ва шумо хуб медонед, ки хукумати имрузаи Точикистон ба дину диндори чи гуна назар дорад ва барои несту нобуд кардани мардуми мутадайин доимо омода аст.
бо эхтиром як шахси барои дини мубини Ислом сузанда ва бародари мусалмони шумо

Ном: Чонибек аз: Dshanbe
23.12.2007 14:39
Дар ин гузориш дуруст гуфта шудааст, ки зохиран миёни ахли суннат ва ахли шиъа мухолифате пайдо нест. Аммо амикан назар афканем, дармеёбем, ки миёни ин ду фиркаи як дини ислом дар Точикистон мухолифатхои ислохнашаванда чой доранд. Бубинед, ахли суннат аз хамсари бо ахли шиъа каноргири мекунанд. Яъне, чи? Ба кавли ахли суннат агар касе бо мардуми ахли шиъа хамхобагиву хамсари бикунад, гуиё хафт пушташу авлодаш харом мешавад. Афзун бар ин, худи пайравони ахли шиъа низ харгиз хостори пайванди бо ахли суннатро надоранд. Онхо, нахуст худро аз кавми точикхо намедонанд, ва дуввум бо ахли суннат пайвандиро намепазиранд. Вале, дар мачмуъ мухолифати кави мавчуд нест, ки то ба куштор бирасонад, мисли чанги миёни суннихову шиъахо дар Ирок...

Ном: Zohir
24.12.2007 03:55
Gunoguniii mazhab

Ном: Zohir
24.12.2007 03:56
Gunogunii mazhabu farhang dar jomea yak nerui buzurg ast, ki hamesha sababi rushdu kamoli jomea megardad. Khudovand khud dar Qur'oni Sharif mefarmoyad: "Ei mardum mo shumoro mardu zan ofaridem va on goh ba millatho va firqahoi gunogun gardonidem, to ki yakdigarro bishinosed". Az in jo ba khulosae meoyem, ki gunogunii farhangiyu mazhabi az ruzi azal arzi vujud doshtast va khosti Khudovand budaast. Pas, charo mo onro ehtirom naguzorem va muqaddas nashumarem? Torikhi Islom khud guvohi muqaddasu zaruri budani gunoguniro sobit mesozad. Masalan, Khulafoi Ummavi dar Andalus (Isponiyo), Fotimiyon dar Misr, Abbosiyon dar Baghdod, Somoniyon dar Bukhoro va hokazo hamesha dar darbori khud donishmandoni dinu mazohibi mukhtalifro gird meovardand, ki onho dar samthoi mukhtalifi ilmu farhangi islomi sahmguzori mekardand. Torikh guvoh ast, ki ba'zan namoyandagoni ghayrimusulmon khizmathoi buzurgtare nisbat ba namoyandagoni musulmon dar rushdi tamadduni islomi kardaand. In qadrguzori az gunoguni bud, ki musulmonon dar tuli 800 sol dar Andalus (Ispaniya) dar hamzisti bo nasroniyonu yahudon hukmroni kardand. Akhiran, az tamomi barodaroni musulmoni Tojikiston khohish mekunam, ki hargiz gunogunii diniyu mazhabi va farhangiro hamchun yak omili za'fu notavonii jomea napazired, balki onro doiman qadr karda bayni hamdigar pulhoi hamdigarfahmiyu ittifoqro bunyod sozed.Tojikiston khonai kulli tojkistoniyon novobasta az aqoidi diniyu mazhabi, nazhod, zabon, baromadi ijtimoi va tafakkuri siyosi ast.

Ном: Abdulloh аз: Dushanbe
24.12.2007 16:43
salom bar khonandagon va mardumi musalmoni jahon
man khudam yak tojik va dar solhoi pesh hamchun musalmone ki khudro ahli sunnat va jamoat menomidam budam ammo ba.dho fahmidam ki hamin guruh khud hamon vahhobiyat ast ki dar tojikiston imruzho ba salafiyat yo da.vatiho shinokhta shudaand
in guruhho boyad boshad va nabudanash baroi peshrafti mo musalmonon zarar! ammo onchize ki ahamiyyat dorad inki mo boyad bo shinokht va tahqiqoti ilmi dunboli yake az mazohibro girifta ammo hejvaqt digaronro takfir va mushrik budani onhoro dunbol nakunem balki agar medonem gumrohand faqat bo ravishhoe ki khudi rasuli khudo va sahobagon doshtaand onhoro davat kunem!
nishon dodani islom bo ravishi toliboni va bin lodan khatost bar zarari islom va hamintavr ravishi digar guruhhoe ki hamdigarro mekushand ammo dushmani asosi sarbaland va tafriqa andokhta hukumat dorad
inshoalloh mardumi tojik bo payravi az olimon va agar khud metavonand bo tahqiqi khud har dinu har mazhabero qabul kardand digaronro az khud dur nakunand
eshoni nuriddin yake az olimoni zamonai tojikiston ast ki boyad payravii onro doshta boshem ammo agar khatoe dorad ba khubi va zaboni narm ba u birasonem u ham boyad gush kunad to kambudash kamtar shavad
khudoro shukr ki mardumi mo ham dunboli in bahsho shudaand ki agar bahsi ilmi shavad oyandae khub dorem!
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 9
Ҳаҷми матн - +

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил