Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи сарбозони пойгоҳи 201 ба 9000 нафар хоҳад расид


Фармондеҳи пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон гуфт, шумораи сарбозони ин пойгоҳ дар панҷ соли оянда ба 9000 нафар хоҳад расид.

Генерал-майор Евгений Тубол, фармондеҳи пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон гуфт, шумораи сарбозони ин пойгоҳ дар панҷ соли оянда ба 9000 нафар хоҳад расид.

Изҳороти ӯ дар ҳоле садо дод, ки гурӯҳи кории Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ (СПАД) рӯзи 2 апрел аз ҷузвутомҳои пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон дидан мекард. Фармондеҳи пойгоҳ ҳамчунин хабар дод, ки дар ҳоли ҳозир дар ин қисми ҳарбии Русия дар Тоҷикистон 5900 нафар хидмат мекунанд ва он 1000 адад техникаи ҳарбӣ дорад. Вай ишора намуд, ки сарбозони пойгоҳ пурра аз тариқи шартномавӣ интихоб ба ин ҷо фирифтсода шудаанд.

Генерал-майор Тубол бо такия ба қарори нави ҳукумати Русия дар бораи таъиси Легиони хориҷӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русия гуфт, ин қисми ҳарбӣ аз ҳисоби хориҷиёне таъсис хоҳад ёфт, ки дар Русия истиқомат мекунанд ва онҳо дар қаламрави Русия хидмат хоҳанд кард. “Дар пойгоҳ шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд,” – афзуд Тубол.

Ба гуфтаи ӯ, бино бар нақшаи рушди пойгоҳ то соли 2020 ҳамчунин нав кардани техникаи ҳарбии он дар назар дошта шудааст.

“Дар ҳоли ҳозир аз нав муҷаҳҳаз кардани пойгоҳ бо намунаҳои нави силоҳ идома дорад. Дар чаҳормоҳаи дуввум қаторҳои техникаи нав аз қаламрави се кишваре хоҳанд гузашт, ки узви СПАД ҳастанд. Биноан, мушкиле дар таъмини пойгоҳ пеш нахоҳад омад. Ягона мушкил ин аст, ки масъалаҳо дер ҳал мешаванд, вале интиқоли борҳо ва транзит хуб ҷараён дорад. Техника ҳам ба воситаи роҳи ҳавоӣ ва ҳам оҳан идома мекунад. Ҳамаи ин расман эълон мешавад ва ҳукумати Тоҷикистон хабар дорад, ки чӣ, чӣ қадар ва барои кадом вазифаҳо оварда мешавад,” – гуфт Тубол.

Вай илова намуд, ки техникаи феълии пойгоҳ навсозӣ ва ба тарафи Тоҷикистон дода мешавад. Барои ин корхонаҳои сайёри тармими техникаи ҳарбӣ сохта хоҳад шуд.

Дидор аз пойгоҳи 201-и Русия
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:26 0:00

Фармондеҳи пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон гуфт, ки тибқи ҳамин нақша ҳамчунин сохтмони иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла мактаби ибтидоӣ, боғчаи кӯдакон ва чаҳор бинои истиқоматии ҳар кадом дорои 196 манзил барои хидматчиёни шартномавӣ ва афсарону прапоршикҳо дар назар аст.

Тубол афзуд, вазифаи асосии пойгоҳ таъмини амнияти миллии Русия ва ҳампаймонҳои он дар Осиёи Марказӣ, мусоидат ба нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон «ба зидди таҷовуз аз қаламрави Афғонистон», ҳифзи иншооти муҳими давлатӣ ва ҳарбӣ дар кишвари мизбон, «таъмини қабули ҷузвутомҳои Русия дар ҳудуди Тоҷикистон ҳангоми ҳалли ҳолатҳои бӯҳронӣ ва амалиёти муштарак дар ҳайати гурӯҳи якҷояи нерӯҳои мусаллаҳи Федератсюни Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аст».

Вай таъкид намуд, ки дар ҳолати сар задани вазъи бӯҳронӣ пойгоҳи ҳарбӣ дар чаҳорчӯби СПАД ва ҳайати Нерӯҳои зудамал вазифаҳои ҳарбиро дар дохили Тоҷикистон таҳти фармони раҳбари гурӯҳи якҷояи нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон иҷро хоҳад кард.

Тубол хабар дод, ки пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон ба нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар омода кардани кадрҳо мусоидат хоҳад кард. Дар чаҳорчӯби созишномаи имзошуда солона дар пойгоҳ барои артиши Тоҷикистон 1000 мутахассис – ронандаи танк, хидматчиёни нерӯҳои зиддиҳавоӣ, робита ва ғайра таълим дода мешаванд.

Пойгоҳи 201-и артиши Русия дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи хориҷии нирӯҳои хушкигарди артиши он кишвар ба шумор меравад. Воҳидҳои ин пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа ҷойгир буда, соли 2012, бо имзои як қарордод замони ҳузури он дар Тоҷикистон то соли 2042 тамдид шуд.

XS
SM
MD
LG