Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исмоил Талбаков: Умед аст, Ҳизби коммунист баста намешавад


Раҳбарияти Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз қатъи фаъолияти ҳамтоёни худ дар Қазоқистон нигаронӣ карда, вале ҳамзамон изҳори умед намуданд, ки чунин иттифоқ дар Тоҷикистон пеш нахоҳад омад.

Масъулони Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз сӯи як додгоҳе дар Алмаато баста шудани Ҳизби коммунисти Қазоқистонро маҳкум карда, ҳамзамон ибрози умедворӣ намуданд, ки ин гуна вазъият дар Тоҷикистон пеш нахоҳад омад. Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунист, рӯзи 17 август дар дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “иқдоми ҷониби Қазоқистон мантиқӣ нест. Зеро он чӣ онҳо асос кардаанд, яъне “зиддунақизаҳо дар шумораи аъзо” наметавонад далел барои баста шудани ҳизб гардад.”

Дар ҳоле ки ба таъкиди ҷаноби Талбаков, “манъи фаъолияти ҳизб фақат дар сурати қонуншиканӣ мешавад.”

Додгоҳе дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон фаъолияти Ҳизби коммунист дар ин кишварро боздоштааст. Ин ҳукм рӯзи 3 августи соли ҷорӣ эълон шуда, аммо ҳалномааш ҳамагӣ баъд аз даҳ рӯзи он ба дасти коммунистҳо расидааст. Толеубек Махиҷонов, котиби аввали Ҳизби коммунисти Қазоқистон ин ҳукми додгоҳро сиёсӣ медонад ва мегӯяд, ки барои ҳалли қазияаашон то Созмони Милали Муттаҳид муроҷиат хоҳанд кард.

“Дар ин додгоҳ ягон узви Ҳизби коммунист иштирок накардааст,” -- гуфт Толеубек Махиҷонов ва афзуд, ки басташавии ҳизби онҳо асосан дар пайи муроҷиати Вазорати адлияи Қазоқистон сурат гирифтааст. Баҳонаи манъи фаъолияти онҳо, ба гуфтаи ӯ, зиддунақизаҳо дар шумораи аъзои ҲКТ будааст. Махиҷонов мегӯяд, “мо дар бораи 58 ҳазор узви Ҳизби коммунист дар Қазоқистон гузориш додем. Аммо Вазорати адлия иддао дорад, ки тамоми аъзои мо ба 38 ҳазор баробар аст. Онҳо ин иттилоъро аз куҷо гирифтаанд? Дар ҳоел ки ҳеч кас аъзои моро дубора нашумурдааст ва ягон узви ҳизб низ дар бораи хориҷ шуданаш муроҷиат накардааст.”

Аммо муовини раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба баста шудани фаъолияти Ҳизби коммунист дар Қазоқистон мегӯяд, “ҳар чиро интизор шудан мумкин аст, аммо умед аст, Ҳизби коммунист дар Тоҷикистон баста намешавад.” Зеро ба гуфтаи Талбаков, “Ҳизби коммунист дар Тоҷикистон дар чорчӯби Қонуни Асосӣ ва қонунҳои кишвар фаъолияташро ба роҳ мондааст ва талош мекунад, то ба қонуншиканӣ роҳ надиҳад.”

Ин дар ҳолест, ки Исмоил Талбаков мегӯяд, “ҳоло ҳизби коммунист тибқи ойинномаи худ ҳар моҳ ду бор раёсат ё президиуми худро мегузаронад, қабул ба сафи ҳизб ҷараён дорад ва чорабиниҳои ҳизбӣ низ дар шаҳру ноҳияҳо сурат мегирад.”

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки аз замони Шӯравии пешин фаъол аст ва раҳбарии онро Шодӣ Шабдолов бар ӯҳда дорад, бо беш аз 45 ҳазор аъзо аз ҳизбҳои умда, пас аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ дониста мешавад.

Тибқи иттилои масъулони ҳизб, онҳо дар 63 шаҳру ноҳия созмонҳои ҳизбӣ доранд ва ҳамчунин созмонҳои комсомолӣ ва пионерии он низ то ҷое фаъол аст. Аммо ин ҳизб дар интихоботи парлумонии 1 марти имсол раъйи кофӣ барои ворид шудан ба Маҷлиси Намояндагонро ба даст наовард ва аз ду курсиаш дар палатаи поёнии парлумон маҳрум шуд.

Ҳоло он ки дар ҳайатҳои қаблии парлумон бо доштани ду ва зиёда вакил, Ҳизби коммунист аз ҳизбҳои фаъол ва ҳатто мухолиф ба сиёсатҳои ҳукумат пиндошта мешуд.

Мусоҳибаи видеоӣ бо Исмоил Талбаков инҷо бубинед

Коммунистони тоҷик бовар доранд, ки касе бастани ҳизбашон ҷуръат нахоҳад кард.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:18 0:00

XS
SM
MD
LG