Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қимати бесобиқаи як асари Пикассо


Як асари наққошии рассоми маъруф Пабло Пикассо дар музоядаи асарҳои санъати тасвирӣ бо қимати рекордӣ фурӯхта шуд. Ин асари Пикассо “Зани бараҳна, баргҳои сабз ва сина”, ки соли 1932 офарида шудааст, дар музоядаи Кристии Ню-Йорк бо қимати беш аз 106 миллион доллар ба фурӯш рафт.
Масъули музояда Кристофер Бёрдж ба хабарнигорон гуфт, ки "ин асар воқеъан ҳам нодиру нотакрор аст ва аммо бори аввал як наққошии қарни 20-ро бо чунин қимати бузург харидорӣ кардаанд". Аз ин пеш моҳи феврали соли равон асари пайкарасози бузург Алберто Ҷакометтӣ бо нархи 104 миллиону 300 ҳазор доллар фурӯхта шуда буд.
XS
SM
MD
LG