Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Суботро дар Тоҷикистон тарс аз ҷанг ва таҳдиди Узбакистон нигоҳ медорад"


Як созмони мӯътабари таҳқиқотии Русия Тоҷикистонро дар рейтинги ҷаззобияти кишварҳои Осиёи Марказӣ барои сармоягузорони хориҷӣ дар мақоми аз ҳамаи пойин ҷой додааст.

Созмони таҳқиқотии Minchenko consulting дар гузориши муфассале, ки рӯзи 17 декабр таҳти унвони “Оценка политических рисков для зарубежных инвесторов в странах Центральной Азии: Сравнительный анализ” (“Арзёбии хатарҳои сиёсӣ барои сармоягузорони хориҷӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ: Таҳлили қиёсӣ”) нашр кард, Тоҷикистонро дар байни 5 кишвари минтақа дар пойинтарини 5-ум ҷой кардааст.

Тоҷикистон дар ин рейтинг дар мақоми аз ҳамаи пойин омадааст. Муаллифон ин кишвари фақиртарини пасошӯравиро як кишвари рӯбарӯ ба рискҳои хеле баланди дохиливу хориҷӣ ва дорои зербинои ниҳоят заиф барои таъсиси корхонаҳо тасвир мекунанд. Гузориш мегӯяд, қонунгузории иқтисодии Тоҷикистон либералӣ нест ва низоми додгоҳиаш низ ношаффоф ва бесубот боқӣ мемонад. Ду омили дигаре, ки боиси тасвири манфии Тоҷикистон дар рейтинги Minchenko consulting шудааст, яке аз ҳисоби муҳоҷирони кории тоҷик ба кишвар рехтани маблағи баробари қариб нисфи маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ва дувумӣ саҳми зиёди тиҷорати маводи мухаддир будааст. Омили охир, ба бовари муҳаққиқони рус, боиси афзоиши ҷиноятҳои созмонёфта ва ҳам фасод мешавад.

Гузориш мегӯяд, "ба президент Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуд, ки баъди ҷанги шаҳрвандӣ вазъиятро каме ба эътидол биорад. Ин аз ҳисоби тамаркузи фишангҳои назорат ва раҳбарӣ ибтидо дар дасти "клани Кӯлоб" ва сипас дар дастони шахсан президент ва хушовандони наздику ёрони мӯътамадаш ба даст омад. Омилҳои мусбат барои тамаркузи қудрат синни нисбатан ҷавони президент( соли таваллуди ӯ 1952 аст) ва вуҷуди хонаводаи бузург буд, ки истиқрори "назорати хонаводагӣ" бар кишварро барояш осон кард."

Ба ақидаи муаллифон, ҳукумати марказӣ дар ҳоли ҳозир тавассути нирӯ вазъро дар тамоми қаламрави кишвар зери назорат дорад, вале Тоҷикистон ба як силсила мушкилоти ҷиддии дохилӣ ҳам рӯбарӯст, ки дар ин маврид аз ҷумла вобастагии хеле шадиди кишвар ба пули муҳоҷирон, саҳми баланди қочоқи маводи мухаддир, ихтилофи байни кланҳои минтақавӣ, ки то ҳол чун дар намунаи ҳаводиси як сол пеши Бадахшон, ба рӯёрӯиҳои хунин мепечанд, ном бурда мешаванд.

Гузориш меафзояд: "Бар изофа, хатарҳои беруна рискҳои дохилиро тақвият медиҳанд. Танҳо чизе, ки суботро дар Тоҷикистон нигоҳ медорад, ба ҷуз аз кумаки бозигарони беруна, бахусус Русия ва Чин, вуҷуди таҳдид аз сӯи Узбакистон ва тарси хеле зиёди чӣ мардум ва чӣ элитаҳо аз эҳтимоли такрори ҷанги шаҳрвандист." Ҳамин тарс, ба гуфтаи муаллифон, ҳамаро аз иқдомоти тунд ба зидди якдигар дар Тоҷикистон нигоҳ медорад.

Ин маркази таҳқиқотии Русия рейтинги ҷаззобияти давлатҳои Осиёи Марказӣ барои сармоягузорони хориҷиро бар асоси 5 омили калидӣ – хатарҳои дохиливу хориҷӣ ба суботи режимҳои ҳоким, хатарҳои мавҷуд дар роҳи рушди соҳаҳои асосии иқтисоди ин кишварҳо, то куҷо либералӣ будани қонунгузорӣ , шаффофият ва то куҷо собит будани қоидаҳои бозӣ дар арсаҳои тиҷориву сармоягузории кишварҳои Осиёи Марказӣ - тартиб додааст.

Minchenko consulting дар ин рейтинг бар пояи ҳамаи ин 5 нишондоди калидӣ дар мақоми аввал Қазоқистонро гузошта, менависад, хатарҳои дохилӣ дар кишвар то ҳадди ақал коҳиш ёфта, як тавозуни собит байни элитаҳои асосии бозигар таҳти раҳбарии ҳокими ивазнашавандаи ин кишвар Нурсултон Назарбоев ҳосил шудааст. Бино бар ин гузориш, Қазоқистон ба фарқ аз Туркманистон, ки дар банди сохторҳои қабилавӣ дармондааст, ё Узбакистону Тоҷикистон, ки пойбанди минтақагароӣ мондаастˆяк роҳи модернизатсияи сиёсиро пеш гирифтааст. Аммо то ҳол маълум нашудани вориси тахти Назарбоеви 73-сола, ки синнаш ҳам ба ҷое расидааст, аз як сӯ, ва эҳтимоли сар боло кардани исломиҳои пинҳонкору корпартоиҳои коргарон ва афзоиши ҷинояткориву қочоқи маводи мухаддир аз рискҳое ҳастанд, ки сармоягузори хориҷӣ бояд зимни вуруд ба бозори Қазоқистон аз он фаромӯш накунад.

Бо ин вуҷуд, Minchenko consulting бар асоси омори СММ менависад, Қазоқистон дар соли 2012 тавонист 1,6 миллиард доллар сармояи хориҷиро ҷалб кунад. Ин рақам аз ҷамъи сармояи ҷалбкардаи 4 кишвари дигари минтақа 3 маротиба (!!!) бештар буда, барои мисол, аз сармояи бадастовардаи Туркманистон 5 маротиба ва аз Узбакистон 12 маротиба бештар аст.

Евгений Минченко гуфтааст, пайвастани Тоҷикистону Қирғизистон ба Иттиҳоди гумрукӣ низ наметавонад вазъи онҳоро беҳтар кунад, балки чунин иқдом як риски ҷиддие барои худи Иттиҳоди гумрукӣ хоҳад шуд. Муаллифон вуҷуди низомҳои худкома, аз назари ҷомиа пинҳон анҷом шудани умури сиёсиро як чизи хос барои тамоми минтақа хонда, дар намунаи Тоҷикистону Қирғизистон ба заъфи ниҳодҳои давлатӣ низ таъкид кардаанд. Гузоришгарон мегӯянд, аксари муҳаққиқон Тоҷикистону Қирғизистонро дар раддабандиҳои худ дар радифи кишварҳои дар роҳ ба сӯи нокомӣ ном мебаранд. Дар рейтинги хатарҳои дохилӣ ба суботи режимҳои ҳокими минтақа Тоҷикистон ҷои 4-ум ва Қирғизистон 5-умро гирифтаанд ва собиттарин низом боз ҳам режими Назарбоев унвон шудааст.

Гузориш мегӯяд, таҳдидҳои хориҷии хоси тамоми Осиёи Марказӣ бармегардад ба хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон то поёни соли 2014, эҳтимоли бозгашти бесуботӣ ба ин қаламрав ва ҳатто бурузи низоъҳо байни кишварҳои ин гӯша, бахусус бо таваҷҷӯҳ ба идомаи муҳосираи нақлиётиву энергетикии Тоҷикистон аз сӯи Узбакистон. Риски геополитикии мабнӣх бар рақобати қудратҳои ҷаҳонӣ, назири Русия, Амрико ва Чину Иттиҳодияи Аврупо барои густариши нуфуз дар Осиёи Марказӣ як омили дигари хатарзо барои гузоштани сармоя дар иқтисоди ин минтақа ном бурда мешавад.

Фасод, ба гуфтаи муаллифон, як падидаи дигари хоси тамоми Осиёи Марказист. Ҳамаи 5 кишвари минтақа дар раддабандии созмони Transparency International дар зинаҳои поёнтарин дар канори кишварҳои Африқо ҷой гирифта, Freedom House аз 5 кишвари ин қаламрав танҳо Қазоқистону Қирғизистонро қисман озод ва Узбакистонро ноозод баҳо дода, Тоҷикистону Туркманистонро дар раддабандии охирин ҳатто мунъакис накардааст.

Minchenko consulting созмони таҳқиқотиест, ки аз сӯи Евгений Минченко, мудири кулли Пажӯҳишгоҳи байналмилалии ташхисҳои сиёсии Русия таъсис ёфтааст. Евгений Минченко рейтинги ҷаззобияти кишварҳои Осиёи Марказӣ барои сармоягузорони хориҷиро дар ҳамроҳӣ бо коршиносони саршиносе, чун Андрей Казантсев - мудири маркази таҳлилии МГИМО – Донишкадаи равобити байналмилалии Маскав – ва сиёсатшинос Кирилл Петров таҳия кардааст.
XS
SM
MD
LG