Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи нашри аксу мақолаҳои Хотамӣ дар расонаҳои Эрон


Муҳаммади Хотамӣ барои ду давра раиси ҷумҳури Эрон буд.
Муҳаммади Хотамӣ барои ду давра раиси ҷумҳури Эрон буд.

Дар Эрон нашри аксу мақолаҳои раиси ҷумҳури пешини он кишвар Муҳаммади Хотамӣ дар расонаҳо, мамнӯъ шудааст.

Мақомоти Эрон гуфтаанд, ки расонаҳо ҳақ надоранд, ки тасвирҳо ё мақолаҳои Муҳаммад Хотамӣ, раиси ҷумҳури он кишварро ба нашр расонанд ва дар ғайри он, бо онҳо бархӯрд хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузориҳои Эрон, Ғуломмуҳсин Муҳсинии Ажаӣ, сухангӯи қувваи қазоияи Эрон рӯзи душанбе дар посух ба суоле дар бораи дастури қувваи қазоияи он кишвар дар бораи "манъи ном ва тасвири раиси давлати ислоҳот" гуфтааст, "дар мавриди касоне, ки Шӯрои олии амнияти миллӣ дар мавриди онҳо тасмим гирифта ё қувваи қазоия онҳоро ба унвони сарони фитна медонад, қувваи қазоия метавонад дастуре бидиҳад."

Вай афзуд, "дар мавриди Муҳаммади Хотамӣ низ дастур дода шуд, ки расонаҳо ҳақ надоранд тасвир ё матлаби ӯро мунъакис ва мунтақил кунанд. Ин дастур ҳамчунон амал мекунад ва агар расонаҳо хилофи он амал кунанд, бо онҳо бархӯрд хоҳад шуд.". Бархе аз намояндагони муҳофизакорон қаблан дар парлумони Эрон аз вазири додгустарии хоста буданд, то Муҳаммад Хотамиро "мамнуъулхуруҷ, мамнуъултасвир ва мамнуъулбаён" эълон кунанд.

Пас аз интихоботи Эрон ва пирӯзии Ҳасани Рӯҳонӣ, бархе расонаҳои Эрон аз лағви мамнуъулхуруҷ шудани вай хабар доданд, аммо Ғуломмуҳсин Муҳсинии Ажаӣ қаблан гуфта буд, касоне дар ҷараёни фитнаи соли 2009 зулм карданд, тағйироте дар мавриди онҳо рух надода ва чизе наве сурат нагирифтааст.

Мамнӯъ кардани расонаҳо аз интишори акс ва мақолаҳои Муҳаммади Хотамӣ дар ҳоле аст, ки вай дар тӯли таърихи Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҳама бештар мавриди ҳимояти интихобкунандагон будааст. Оқои Хотамӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳури соли 1997 бо ба даст овардани беш аз 20 миллион раъй ва бо касби 13 миллион раъйи бештар аз Алиакбар Нотиқи Нурӣ, рақиби аслиаш, ба мақоми раёсати ҷумҳури Эрон расид. Вай чаҳор сол баъд низ бо ба даст овардани 21 миллион раъй, барои бори дувум, президенти Эрон интихоб шуд.

Пас аз интихоботи президентии пурсарусадо дар соли 2009, бархе афроди наздики раҳбари он кишвар Оятуллоҳ Хоманаӣ, дар рӯзномаҳо Муҳаммади Хотамиро барои ҳамкорӣ бо эътирозгарон ба натиҷаи интихобот, муттаҳам карданд. Муҳаммади Хотамӣ дар бархе роҳпаймоиҳои эътирозии соли 2009 ширкат кард ва дар бархе аз ин роҳпаймоиҳо аз тарафи нерӯҳои интизомӣ мавриди ҳамла қарор гирифт. Вай дар солҳои гузашта низ борҳо ба рафтори ҳукумат бо мӯътаризон ба натиҷаи интихоботи соли 2009 ва ҳабси хонагии Мирҳусайни Мусавӣ ва Маҳдӣ Каррубӣ, раҳбарони ҷунбиши "Сабз", эътироз карда буд.

XS
SM
MD
LG