Панҷшанбе, Октябр 23, 2014

Манотиқи нашаротӣ: / Ояндасоз

Shon Mc: "Дар рэпҳоям дашноми қабеҳ нест"

Исми Shon Mc (Шаҳбоз ороишдиҳандаи нутқ) ё Шаҳбоз Шарипов дар миёни дӯстдорони мусиқии рэпи тоҷик, маъруфияти ҳарчӣ бештар касб мекунад.

Шаҳбоз Шарипов.
Шаҳбоз Шарипов.
Шаҳбоз Шарипов 22 сол дорад, ва донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аст. Рэпсароӣ ин шуғли ягонаи ӯ нест. Шаҳбоз дар маркази матбуоти вазорати дифои кишвар ба ҳайси танзимгар фаъолият дорад.
 
Шаҳбоз мегӯяд, ӯ бештар дар рэпҳои худ нақши як ҷавони камбизоатро иҷро мекунад ва ғолибан барои мардуме мехонад, ки зиндагии пур аз мушкилу дард доранд. Аз ҷумла барои маълулон, ятимон, маҳбусон ва ғарибиву ошиқӣ. Шаҳбоз ахиран меҳмони барномаи "Ояндасоз" шуд ва суолҳои мо дар робита ба рэпи тоҷикӣ  ва  зиндагии худаш посух гуфт. Суоли нахуст ҳам ин буд, ки ворид шудан ба майдон пуррақобати рэп барои Шаҳбоз чӣ мушкилот дошт?
 
Шаҳбоз: -«Аз соли 2008 ҳамроҳи дӯстон рэпсароӣ мекардем, аммо на дар саҳнаҳои калон ва ё студияҳо, дар шароити хона ва бо мусиқиҳои кӯҳна рэп омода мекардем. Фақат як корро метавонистем, матн менавиштем. Вале ҳамин рэпи мо аз телефон ба телефон гузашта шунавандаи зиёд пайдо кард ва ҳамин тавр ба саҳнаҳои калонтар ҳам ворид шудем. Ҳоло ҷавонони тоҷик дар дохилу хориҷи кишвар гӯш мекунанд рэпи маро ва аз ин хеле хушбахтам».
 
Озодӣ: Зимнан мухлисони шумо ҳам бештар дар бораи як фарқияти шумо мегӯянд, ки матни рэпҳои шумо дар ҳамон лаҳзаи иҷро метавонад эҷод шавад. Яъне дар ҳар мавзӯе, ки аз шумо хоҳиш мешавад метавонед ҳамон лаҳза матне барои як рэп дар шакли фристайл эҷод кунед? Дуруст аст?
 
Шаҳбоз: -«Дуруст. Медонед, дарсе, ки ман дар мактаб онро хуб мехондам, ин  адабиёт буд, шояд ҳамин бошад сабаб ё шояд ин ҳам як истеъдод аст. Ба ман қиссаи ягон касро нақл мекунанд ва бо пайи ҳам чидани калимаҳо як рэп мехонам. Баъзан баъди гӯш кардани он рэп худам ҳам бовар намекунам, ки ин матни ман аст.»
 
Озодӣ: Шаҳбоз дар рэпҳоятон шумо бештар аз маҳбас ёдовар мешавед ё дар бораи маҳбусон мехонед. Оё ин ба зиндагии шахсии худатон ягон робитае дорад?
 
Шаҳбоз:  -«Медонам, овозаҳо ҳаст, ки ман дар маҳбас шиштаам, вале ин ҳама хато аст. Ҳайёти маҳбусон пур аз дард аст ва ман бештар кӯшиш мекунам дар рэпҳои худ дар нақши онҳо ворид шуда зиндагиашонро тасвир кунам. Мақсади ман ин аст, ки шӯнавандаи ин суруд ҳам худро дар ҳолати қаҳрамони ман тассавур кунад ва мушкили онҳоро дарк намоянд. Масалан ман модари фаришта дорам, аммо дар  як суруд ятимам, дар як рэпи дигар маълул ва ҳамин хел дар нақшҳои мухталиф. Ба наздикӣ як албоми наве пешниҳоди мухлисон месозам бо номи «Ноумед нестам». Яъне бо вуҷуди мушкилоту дарди зиёд қаҳрамонҳои сурудҳои ман ноумед нестанд. Масалан як рэпи ман аз зиндагии як кӯдаки маълул қисса мекунад, ки орзӯйи футболбоз шуданро дорад. Аз пушти тиреза бозии футболро тамошо карда мегӯяд:

Гол, калимае, ки аз ма шунидаш намеша,
И калима увора хурсанд мекна, мара мекша.

 
Вале боз дар охир мегӯяд, ноумед нест. Умуман ин ҳайёт ҳаст, кӣ медонад, фардо мумкин як муъҷиза шаваду зиндагии онҳо ҳам тағйир ёбад, барои ҳамин набояд дилшикаста шуд.»



Озодӣ: Шаҳбоз дар консерти ахиратон чӣ ҳодиса иттифоқ афтода буд. Аз рӯйи шуниди мо компютери шумо бо тамоми таронаҳоятон ғайб зад дуруст?
 
Шаҳбоз: -«Медонед чӣ хел шуд? Рӯзи 29-уми декабр бо дастгирии Бахтиёр ё «Ғарибшо Компания» мо консерт ташкил кардем. Омодагии хуб дида будем, барои мухлисон як тӯҳфаи 800 доллара омода кардем. Толори консертӣ пур аз одам шуд, ин аввалин бор буд, ки дар консети ман ин қадар одам ҷамъ омад. Бисёр хурсанд будам. Дар ҳамон лаҳзае, ки ман бояд ба саҳна ворид мешудам, дидем, ки ноутбук бо диски таронаҳо шикаста мондагӣ ва болояш як навишта аст, ки ин консерт бояд нашавад. Қариб дил зад. Чанд ҳазор мухлис аз даст мерафт. Аммо боз худро ба даст гирифтему пеши мухлисон омадем ва  бо вуҷуди ин ки консерт 1 соат дертар оғоз шуд, ва бо истифода аз телефон гузашт, аммо хеле хуб гузашт, бе ягон ҷангу ҷанҷол. Одатан рэп- консертҳо бо ҷанҷолу хархашаҳо анҷом меёбанд. Ман аз мухлисонам хеле миннатдорам, ки маро дастгирӣ карданд он лаҳза ва аз ҳамаи онҳо бахшиш мепурсам.»
 
Озодӣ: Кӣ будаст сабабгори аслии ин ҳодиса, нафаҳмидед?
 
Шаҳбоз: -«Не, ростӣ гап ва мо аз пайи ҷустҷӯйи онҳо ҳам нестем. Баъд дар як рэп гуфтем, ки: 

Бахшиш душманҳо, ки намондм ба мақсад бирасед,
О чӣ баҷо мешен ҳичка шумора намекова,
Ягон рӯз тоқитона меғалта, сари калтон метова.»

 
Озодӣ: Шаҳбоз фикр мекунед мухлисони шумо киҳоянд? Ҷавонон аз чанд то чандсолаҳо бештар?
 
Шаҳбоз: -«Ростӣ, дақиқ гуфта наметавонам, аммо масалан медонам, ки дар як маҳаллаи шаҳр як кӯдак аст, ҳоло 1 сола ҳам нест, апааш бисёр таронаҳои маро гуш мекардааст, ҳамин кӯдак фақат бо як таронаи ман ором ва хоб мекардааст. Ин кӯдакро ҳам ман метавонам мухлиси худ гӯям ва афроди калонсол ҳам ҳастанд дар миёни онҳо.»
 
Озодӣ: Барои шумо дар таҳияи таронаву клипҳо, ки кӯмак мекунад, кӯмаки молӣ?
 
Шаҳбоз: Ҳеҷ кас кӯмак намерасонад ва аз даромади худи рэпсароиву консертҳо, харҷҳоямро мепушонам.
 
Озодӣ: Бо рэпсароҳои дигар чӣ муносибате доред?
 
Шаҳбоз: Бо рэпсарҳои маъруф муносибати хуб дорем. Аммо дар маҷмӯъ ҳоло вазъият чандон хуб нест. Нафарони зиёде ҳаст, ки маълум нест, онҳо кӣ ҳастанд, аммо тавассути рэп дашномҳои зиёд мекунанд. Инҳо рэпсаро не, як сояи холӣ ҳастанд баройи ман, кӣ ҳастанд, аммо дида намешаванд.»
 
Озодӣ: Аз ҷониби масъулон чӣ хел қабул мешавад рэпҳои шумо. Пештар мақомот ба ин навъи мусиқӣ чандон назари хуб надоштанд ва хонандаҳои ин навъи мусиқӣ ба саҳнаҳои калонтар роҳ намеёфтанд.  
 
Шаҳбоз: -«Ростӣ 3 консерт доштам ман ва ҳама консертҳоям бе ҷанҷол орому хуб анҷом ёфтанд дар рэпҳоям ҳам дашноми қабеҳ нест, барои ҳамин ба ман то ҳол ягон эрод нагирифтаанд.»
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 4
Ном: Абдулло аз: ваҳдат
25.01.2014 08:22
Инро ҳамроҳи мухлисҳош дар як толор чамъ карда як муллои чинброр оварда ҳамаша хондан даркор. Одами соқ инхел суруд на мехонаду на гуш мекунад.

Ном: Нангу номус аз: Душанбе
25.01.2014 09:34
Шаҳбоз, ин хонишҳои ту як сафсаттахонӣ аст, барои онро тарона гуфтан забони одамӣ намегардад. дигар ҳамин ёвахониатро бас куну ба ягон кори фоидаовар машғул шав.

Ном: Ормон аз: Душанбе
25.01.2014 11:23
Агар холи насли хозир хамин бошад, чанозаи забони модариро бояд рузе хонд... Забонро, фархангро мекушанд инхо бо репашон. Бояд тибки конун куллан манъ карда шавад хондани репу рок.

Ном: Mr SKAP аз: ДУШАНБЕ
25.01.2014 18:07
ШОН ХАМАВАКТ ЗИНДА БОШИ ахмият натее ки дхманот нисбати т чи мекнан. Т хамира дон ки да т дшмани кардан замоне мешава ки бо яккаси дага да вайо мекнан. Ма бугумта ки барои чи тьда Реперо дшмани мекнан барои ки тт (Да абада хела дшмани кардагии ) ина замонш омад ки да т дшмани кардестан. Зик нашавв хамаш 100меша

Ном: Jonfido аз: Vahdat
25.01.2014 20:53
Овозатон хаста набошад хечвакт акаи Шахбоз бисёр мехостам ,ки як трек дар мавзуи "Бе трам ма хушбахтм" сабт карда пешкаши мухлисонат мегардондед.

Ном: Точикзабон
26.01.2014 10:17
Озодичон ташаккури зиед.Лекин хондани ин чавон бар зарари забону миллати мост.Дар хонданияш ба гайр аз тахкири забони точики дигар чизе дида намешавад. На фархангу на хисси милливу на номус дар ин кас дида намешавад.

Аз тахкири забон модари дилам месузад.
Аз чавони бехабар аз забон дилам месузад.
Аз мухлиси бефахму дар толор нишаста,
Аз бетарафии забоншиносон дилам месузад.
Дар посух

Ном: Dilsuz аз: Dilsuziston
27.01.2014 16:51
Salom barodaroni duru nazdik nahod repsaroiro shumo dust dored xozir kadom kudakro namebini dar dast telefoni mobili dar rox rep gush karda rafta istodaast boz kiro gush mekunad shon mc ro ohir tu musalmon hasti az Allox nametarsi ki ba xud nomhoro memoni haifi rephoe ki dar borai modar va padar mehoni az bajoi tu maro dilam mesuzad baroi rephoyat shuda az masjidu az namoz az amri marufu nahi az munkar dur shudi az Hudovand bitars barodar

Ном: Шаха аз: ИШКАШИМ
27.01.2014 15:11
шон бегам бош дшманои к кансерта хостан вайрон кнан уно хечвакт ай т пеш намеран та 1ум мемонен

Ном: барс аз: аз саро
27.01.2014 18:02
ман туба мегум шон мс хушру мехони ман низ мухлиси репои ту ман репои туро дертар гуш кардам аслан хамин баха 84 бад нест бачахак сурудои хушру сароидааст лекин шон мс шахбоз сурудакои ту бо реалнианд

Ном: Ҷаҳонгир аз: Қурғонтеппа
27.01.2014 23:44
Неки ма шонда гапнадорм дар ҳақиқат реал репай респектуха шери нар.

Ном: ДОД аз: БЕФАРХАНГИ
28.01.2014 12:28
Биё чура ягон касби дигара пеша кун! Чи тавре ки Абдулло кайд кард, аз рэпсароии шумо чи фоида ба мардум? Дар дигар кишваро одамо ай илму техник харф мезанан, мо бошем то хануз овози тиллоиву, чакомаи гесуву, репу ва гайра. Шояд сарояндаги аз хама касби осонтар бошад дар Точикистон, ки кариб нисфи мардум сароянда шудаанд. Коре кардан лозим мардума аз бебарки, мухочирати ва гарибиву гуруснаги начот дод!!!!!!!!!!!!!!!
Назарҳо. Сафҳаи аз 4

Писандидатаринҳо

Бойгонии назарсанҷӣ

Ба мо аксу видео фиристед

Хонандаи азиз! Ба мо аксҳои зебо ва видеоҳои ҷолиб фиристед ва онҳоро ҳазорон нафар хоҳанд дид. Фиристодан хеле осон аст. Ба ин сафҳа равед ва 2 дақиқа вақт сарф кунед.