Ҷумъа, Июл 25, 2014

Манотиқи нашаротӣ: / Ояндасоз

Shon Mc: "Дар рэпҳоям дашноми қабеҳ нест"

Исми Shon Mc (Шаҳбоз ороишдиҳандаи нутқ) ё Шаҳбоз Шарипов дар миёни дӯстдорони мусиқии рэпи тоҷик, маъруфияти ҳарчӣ бештар касб мекунад.

Шаҳбоз Шарипов.
Шаҳбоз Шарипов.
Шаҳбоз Шарипов 22 сол дорад, ва донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аст. Рэпсароӣ ин шуғли ягонаи ӯ нест. Шаҳбоз дар маркази матбуоти вазорати дифои кишвар ба ҳайси танзимгар фаъолият дорад.
 
Шаҳбоз мегӯяд, ӯ бештар дар рэпҳои худ нақши як ҷавони камбизоатро иҷро мекунад ва ғолибан барои мардуме мехонад, ки зиндагии пур аз мушкилу дард доранд. Аз ҷумла барои маълулон, ятимон, маҳбусон ва ғарибиву ошиқӣ. Шаҳбоз ахиран меҳмони барномаи "Ояндасоз" шуд ва суолҳои мо дар робита ба рэпи тоҷикӣ  ва  зиндагии худаш посух гуфт. Суоли нахуст ҳам ин буд, ки ворид шудан ба майдон пуррақобати рэп барои Шаҳбоз чӣ мушкилот дошт?
 
Шаҳбоз: -«Аз соли 2008 ҳамроҳи дӯстон рэпсароӣ мекардем, аммо на дар саҳнаҳои калон ва ё студияҳо, дар шароити хона ва бо мусиқиҳои кӯҳна рэп омода мекардем. Фақат як корро метавонистем, матн менавиштем. Вале ҳамин рэпи мо аз телефон ба телефон гузашта шунавандаи зиёд пайдо кард ва ҳамин тавр ба саҳнаҳои калонтар ҳам ворид шудем. Ҳоло ҷавонони тоҷик дар дохилу хориҷи кишвар гӯш мекунанд рэпи маро ва аз ин хеле хушбахтам».
 
Озодӣ: Зимнан мухлисони шумо ҳам бештар дар бораи як фарқияти шумо мегӯянд, ки матни рэпҳои шумо дар ҳамон лаҳзаи иҷро метавонад эҷод шавад. Яъне дар ҳар мавзӯе, ки аз шумо хоҳиш мешавад метавонед ҳамон лаҳза матне барои як рэп дар шакли фристайл эҷод кунед? Дуруст аст?
 
Шаҳбоз: -«Дуруст. Медонед, дарсе, ки ман дар мактаб онро хуб мехондам, ин  адабиёт буд, шояд ҳамин бошад сабаб ё шояд ин ҳам як истеъдод аст. Ба ман қиссаи ягон касро нақл мекунанд ва бо пайи ҳам чидани калимаҳо як рэп мехонам. Баъзан баъди гӯш кардани он рэп худам ҳам бовар намекунам, ки ин матни ман аст.»
 
Озодӣ: Шаҳбоз дар рэпҳоятон шумо бештар аз маҳбас ёдовар мешавед ё дар бораи маҳбусон мехонед. Оё ин ба зиндагии шахсии худатон ягон робитае дорад?
 
Шаҳбоз:  -«Медонам, овозаҳо ҳаст, ки ман дар маҳбас шиштаам, вале ин ҳама хато аст. Ҳайёти маҳбусон пур аз дард аст ва ман бештар кӯшиш мекунам дар рэпҳои худ дар нақши онҳо ворид шуда зиндагиашонро тасвир кунам. Мақсади ман ин аст, ки шӯнавандаи ин суруд ҳам худро дар ҳолати қаҳрамони ман тассавур кунад ва мушкили онҳоро дарк намоянд. Масалан ман модари фаришта дорам, аммо дар  як суруд ятимам, дар як рэпи дигар маълул ва ҳамин хел дар нақшҳои мухталиф. Ба наздикӣ як албоми наве пешниҳоди мухлисон месозам бо номи «Ноумед нестам». Яъне бо вуҷуди мушкилоту дарди зиёд қаҳрамонҳои сурудҳои ман ноумед нестанд. Масалан як рэпи ман аз зиндагии як кӯдаки маълул қисса мекунад, ки орзӯйи футболбоз шуданро дорад. Аз пушти тиреза бозии футболро тамошо карда мегӯяд:

Гол, калимае, ки аз ма шунидаш намеша,
И калима увора хурсанд мекна, мара мекша.

 
Вале боз дар охир мегӯяд, ноумед нест. Умуман ин ҳайёт ҳаст, кӣ медонад, фардо мумкин як муъҷиза шаваду зиндагии онҳо ҳам тағйир ёбад, барои ҳамин набояд дилшикаста шуд.»



Озодӣ: Шаҳбоз дар консерти ахиратон чӣ ҳодиса иттифоқ афтода буд. Аз рӯйи шуниди мо компютери шумо бо тамоми таронаҳоятон ғайб зад дуруст?
 
Шаҳбоз: -«Медонед чӣ хел шуд? Рӯзи 29-уми декабр бо дастгирии Бахтиёр ё «Ғарибшо Компания» мо консерт ташкил кардем. Омодагии хуб дида будем, барои мухлисон як тӯҳфаи 800 доллара омода кардем. Толори консертӣ пур аз одам шуд, ин аввалин бор буд, ки дар консети ман ин қадар одам ҷамъ омад. Бисёр хурсанд будам. Дар ҳамон лаҳзае, ки ман бояд ба саҳна ворид мешудам, дидем, ки ноутбук бо диски таронаҳо шикаста мондагӣ ва болояш як навишта аст, ки ин консерт бояд нашавад. Қариб дил зад. Чанд ҳазор мухлис аз даст мерафт. Аммо боз худро ба даст гирифтему пеши мухлисон омадем ва  бо вуҷуди ин ки консерт 1 соат дертар оғоз шуд, ва бо истифода аз телефон гузашт, аммо хеле хуб гузашт, бе ягон ҷангу ҷанҷол. Одатан рэп- консертҳо бо ҷанҷолу хархашаҳо анҷом меёбанд. Ман аз мухлисонам хеле миннатдорам, ки маро дастгирӣ карданд он лаҳза ва аз ҳамаи онҳо бахшиш мепурсам.»
 
Озодӣ: Кӣ будаст сабабгори аслии ин ҳодиса, нафаҳмидед?
 
Шаҳбоз: -«Не, ростӣ гап ва мо аз пайи ҷустҷӯйи онҳо ҳам нестем. Баъд дар як рэп гуфтем, ки: 

Бахшиш душманҳо, ки намондм ба мақсад бирасед,
О чӣ баҷо мешен ҳичка шумора намекова,
Ягон рӯз тоқитона меғалта, сари калтон метова.»

 
Озодӣ: Шаҳбоз фикр мекунед мухлисони шумо киҳоянд? Ҷавонон аз чанд то чандсолаҳо бештар?
 
Шаҳбоз: -«Ростӣ, дақиқ гуфта наметавонам, аммо масалан медонам, ки дар як маҳаллаи шаҳр як кӯдак аст, ҳоло 1 сола ҳам нест, апааш бисёр таронаҳои маро гуш мекардааст, ҳамин кӯдак фақат бо як таронаи ман ором ва хоб мекардааст. Ин кӯдакро ҳам ман метавонам мухлиси худ гӯям ва афроди калонсол ҳам ҳастанд дар миёни онҳо.»
 
Озодӣ: Барои шумо дар таҳияи таронаву клипҳо, ки кӯмак мекунад, кӯмаки молӣ?
 
Шаҳбоз: Ҳеҷ кас кӯмак намерасонад ва аз даромади худи рэпсароиву консертҳо, харҷҳоямро мепушонам.
 
Озодӣ: Бо рэпсароҳои дигар чӣ муносибате доред?
 
Шаҳбоз: Бо рэпсарҳои маъруф муносибати хуб дорем. Аммо дар маҷмӯъ ҳоло вазъият чандон хуб нест. Нафарони зиёде ҳаст, ки маълум нест, онҳо кӣ ҳастанд, аммо тавассути рэп дашномҳои зиёд мекунанд. Инҳо рэпсаро не, як сояи холӣ ҳастанд баройи ман, кӣ ҳастанд, аммо дида намешаванд.»
 
Озодӣ: Аз ҷониби масъулон чӣ хел қабул мешавад рэпҳои шумо. Пештар мақомот ба ин навъи мусиқӣ чандон назари хуб надоштанд ва хонандаҳои ин навъи мусиқӣ ба саҳнаҳои калонтар роҳ намеёфтанд.  
 
Шаҳбоз: -«Ростӣ 3 консерт доштам ман ва ҳама консертҳоям бе ҷанҷол орому хуб анҷом ёфтанд дар рэпҳоям ҳам дашноми қабеҳ нест, барои ҳамин ба ман то ҳол ягон эрод нагирифтаанд.»
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 4
Ном: точ аз: точик
24.01.2014 18:31
Шонмссссс ...хамиям ном шуду хами точико девона шуден е фанатик намефахмам.............хамашро дар назар надорам

Ном: Точик
24.01.2014 18:57
Ед гиред мадданияту маърифати сурудхонданро аз точики ба номуси Бадахшони Довуди Пажмон. Рахмат ба падару модараш,ки чунин фарзандро тарбия кардаанд.

Ном: Тамошобин аз: Душанбе
24.01.2014 19:31
Агар одатан консертхои "репсароён" бо чангу чанчол ба охир мерасада бошад, магар ташкил ва гузаронидани чунин консертхо ба тарбияи наврасон ва чавонон ягон манфиат меоварда бошад.

Ном: Артист аз: Душанбе
24.01.2014 19:36
Ин одамро ман пура гуш кардам бисёр бе маъни одамай.барои чи инкадар рекламаш мекунед.

Ном: Саша аз: Питер
24.01.2014 20:47
Брат Шахбоз мо дар консерто иштирок накарда будем чунки дар карибием аммо концертотона тарики интернет тамошо кардем бисёр хуб гушаштагияй Худованд барор тия дар хар кортон... !!! Аммо зик нашен одамои бахил ба максадшон намерасан !!!! Аз номи мо бачахакои Гариби ба студияи Чадидон салом )))))

Ном: Garib bacha аз: Rassiya
24.01.2014 21:03
Шон мс брат гапи гох хел одамода зик наша ихо ай минтакаи шабакаи фаолят пас мондаги

Ном: Orzubeg
24.01.2014 22:11
шахбоз.ту дар бораи кампютер чикадар маълумот дори.чунки баъзе инсонхо туро бисер.таъриф.мекунанд илтимос дархамин бора чавоб гуед

Ном: Беном
24.01.2014 22:21
Шахбоз.номи падару модарат чист шумо.ягон бародар ака е додар доред ? падару модаратон зиндаанд? бахшиш сахт нараса бо

Ном: Фарход аз: Кулоб
24.01.2014 22:52
брат.шумо.дар бораи развилка ягон.реп баровардаги.хастед.?чунки ман аз кулоб хастам мухлиси шумо

Ном: Бародар аз: Кулоб
25.01.2014 03:20
Бародарони азиз. Охир ин рэп моли гарб аст ва ин рэпхонхо аз илму маърифат фарсаххо дур хастанд. Шахбоз дуруг мегуяд, ки дар матнхоям алфози кабехро рох намедихам. Хамин гуфтааш, ки "дар охир фаромуш накн гуфтани fuck love-а" магар харфи бад нест? Ман шукр донандаи хуби забони англиси хастам ва дар шабакахои ичтимои, чавонон(бештари маврид наврасон) ба банда матнхои хамин рэпхонхои бемаданиятро, ки чо-чое аз з.англиси истифода кардаанду худашон хам мазмуну мухтавои он иборотро дуруст намефахманд, тарики нома ирсол намуда, хохиши тарчума кардан мекунанд. Ба Худо касам шарм медорам, ки он чумла ё хати бемазмуну саршор аз дашномро тарчума кунам ва аксаран ба номахо посух намедихам.
Рэпсароён аз он ки мафкураи чавононро бо матнхои фачашон чун захр ифлос менамоянд, бехтараш даст бардоранд аз ин харзагуихо ва ресмони илму маорифро бо дандонхояшон мухкам бидоранд. Дар ин сурат нафъашон ба чомеа мерасад ва ё ба худи эшон. Бо итминон мегуям рэпро чавонхое гуш мекунанд, ки синашон зери 18 аст ва саводи казои надоранд, чун ба макотиби оли дохил шуда, илм омухтанд, нафраташон ба рэп ва ин харзагуйхо зиёд мешавад. Худ мушохида кунед, ки кадом кишри чомеа имруз дар телефон, комоютер, дукон ва мошинаш рэп гуш мекунад? Албатта, аксаран наврасон ва гох-гохе хамон чавононе, ки то 25 сола хастанду хатту савод надоранд. Хаминро хуб мушохида кунед, бо гуфтахоям хамовоз хохед шуд.
Хулоса, замоне расида, ки мардуми точик ин санъати гайрро ба сатили ахлот партояд, бо сарояндахояш. Чунки вируси мудхиши насли чавон махз рэпу рэпсароён мебошанд. Озоди, бетараф бош ва чоп кун.
Назарҳо. Сафҳаи аз 4

Писандидатаринҳо

Бойгонии назарсанҷӣ

Ба мо аксу видео фиристед

Хонандаи азиз! Ба мо аксҳои зебо ва видеоҳои ҷолиб фиристед ва онҳоро ҳазорон нафар хоҳанд дид. Фиристодан хеле осон аст. Ба ин сафҳа равед ва 2 дақиқа вақт сарф кунед.