Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табдили 50 масҷиди "ғайрирасмӣ" ба маркази фарҳангӣ


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Аз ин ба баъд аз масҷидҳое, ки фаъолияти ғайрирасмӣ доштанд, на садои азон, балки суруд ба гӯш хоҳад расид. Мақомоти ноҳияи Ҷомӣ мегӯянд, 50 масҷидро ба маркази фарҳангӣ табдил додаанд.

Мақомоти ҳукумати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар ҷануби Тоҷикистон, тасмим гирифтаанд, масҷидҳои ғайрирасмии мавҷуд дар ин ноҳияро ба марказҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ҳунарӣ табдил диҳанд.

Фахриддин Ғафуров, муовини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "50 масҷидеро, ки фаъолияти ғайриқонунӣ доштанд, ба марказиҳои фарҳангиву варзишӣ ва ҳунарӣ табдил додем, то ҷавонону сокинон тавонанд аз ин макон ба нафъи худ истифода баранд."

Ба қавли ин масъули ҳукумат, ин масҷидҳое будаанд, ки солҳои пеш бидуни иҷозаи Кумитаи замин сохта шуда ва, инчунин, иҷозати Кумитаи динро барои намозгузорӣ надоштаанд. Фахриддин Ғафуров афзуд, "дар ҳама ҷамоату деҳот бо мардум вохӯрӣ мешавад, ки танҳо он масҷидҳое, ки ғайрирасмӣ буданду заминҳои хирман буд ва онҷо чаҳор ё панҷ нафар намозгузор дошт, сохти фаъолияташонро дигар кунад. Масҷидҳои майда дар деҳот ҳастанд, ки сертификат ва иҷозати кумитаи динро надоранд."

Аз ҳукумати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гуфтанд, ин масҷидҳо баъд аз машварат бо сокинону намозгузорон ва бо дастури ҳукумат баста шудаанд. Ҳарчанд афроде ҳастанд, ки бастани ин масҷидҳо онҳоро нигарон кардааст. Бо он ки ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳашт ҷамоати деҳот дорад, аммо танҳо дар ҷамоати деҳоти "Калинин" панҷ масҷид ба хотири фаъолияти ғайрирасмӣ баста шудааст, ки дар маҷмуъ ҳудуди 700 намозгузор доштааст.

Раҳматулло Маҳмадуллоев, раиси ҷамоати "Калинин" дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз баста шудани масҷидҳо аксари мардум розӣ набудаанд, вале чун ин масҷидҳо ғайрирасмӣ фаъолият мекарданд, ба ин далел баста шудаанд. Ҷаноби Маҳмадалиев афзуд, "маҷлис гузаронда самтҳои фаъолияти онҳоро дигар кардем. Масалан, баъзеяшро маркази фарҳангию фароғатӣ ва баъзеяшро утоқи кории раиси шӯрои маҳаллаҳо ва ҷойҳои баргузории ҷашну маъракаҳо кардем. Ба зӯр одамҳоро розӣ кардем, чун кори осон набуд, хафа мешуданд."

Дар ҳамин ҳол, ҳарчанд иддае аз намозгузорони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки масҷидҳояшонро бастанд, аз тасмими ҳукумат нигаронӣ карданд, аммо аз сӯҳбати ошкоро бо мо худдорӣ намуданд. Зеро онҳо гуфтанд, дар сурати изҳори назар дар ин робита, барояшон мушкил эҷод хоҳад шуд.

Вале марди 60-солае, ки худро Назаралӣ муаррифӣ кард, мегӯяд, дар ин синну сол бояд роҳаш масҷид ва хона бошад, вале як ҳафтаи ахир дар танҳоӣ намоз гузошта аз хабарҳои охири деҳот ва ҷамоат, ки аз дигар намозгузорон мешунид, маҳрум мондааст.

Фатҳулло Юсупов, сархатиби масҷиди ҷомеи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба номи Салмони Форс дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз бастани масҷидҳои ғайриқонунӣ чизеро аз даст надодаанд. Чун ба таъкиди вай, солҳои ахир теъдоде сокинон ба муҳоҷирати корӣ рафта, шумораи намозгузорон дар ин масоҷид кам шудааст. Зимнан, дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо истиснои масҷидҳои басташуда, феълан ҳудуди 70 масҷиди расмӣ фаъолият дорад.

Бунёди масоҷид дар саросари кишвар баъд аз суқути Шӯравӣ оғоз ёфт ва теъдоди онҳо даҳҳо маротиб бештар аз аз мактабу мадрасаҳо шуд. Мардум бо усули ҳашар масҷид месохтанд ва аксари сармоядорон талош мекарданд, дар зодгоҳҳои худ масҷид бунёд кунанд. Мақомот равуои аз ҳад беши мардум, махсусан ҷавонон ба масҷидро як сабаби мазҳабӣ шудани ҷомеа арзёбӣ мекунанд. Чанд соли пеш мақомоти Тоҷикистон рафтани ҷавонони то 18-сола ба масҷидро манъ карданд.

Таҳлилгарон дар вилояти Хатлон мегӯянд, масҷидҳоро на ба хотири фаъолияти ғайрирасмӣ, балки ба хотири кам кардани нуфузи афроди мазҳабӣ дар ин вилоят бастаанд. Садриддин Қаландарзода, коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, бо бастани масҷидҳо наметавон аз мазҳабӣ шудани мардум ҷилавгирӣ кард, баръакс, бо ин амал мардумро бештар ба масҷид ва тоату ибодат водор ва онҳоро пинҳонкор мекунад.

Тибқи иттилои Идораи замини вилояти Хатлон, дар зарфи се соли охир ҳудуди 100 масҷид ба далели фаъолияти ғайрирасмӣ дар Хатлон баста шудааст. Феълан 1690 масҷиди панҷвақта дар вилояти Хатлон фаъолият мекунад ва 55 масҷиди дигар, ки ғайрирасмӣ будаанд, дар марҳилаи таҳияи ҳуҷҷатҳо қарор доранд.

XS
SM
MD
LG