Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулрухсор: "Истиқлол шикаст, мо мешиканем"


 Гулрухсори Сафӣ, шоири саршиноси тоҷик.
Гулрухсори Сафӣ, шоири саршиноси тоҷик.

Гулрухсори Сафӣ, шоири саршиноси тоҷик истиқлоли Ватанро истиқлоли ҳар як инсон унвон кард ва гуфт, нигаҳ доштани он аз ба даст оварданаш муҳимтар аст.

Ин шоири маъруфу маҳбуб рӯзи душанбеи 9-уми сентябр дар паёме ба муносибати ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон ба радиои Озодӣ чунин ибрози назар кард:

Гулрухсор: Агар истиқлол бишканад..."
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:15 0:00
Линки мустақим


"Ман хиёл мекунам, ки барои одам, баъди ҳаёт бузургтарин чиз озодӣ аст. Озодӣ агар барои ҳар як шахс бузург бошад, барои миллат аз он бузургтар аст.

Истиқлол барои мо бисёр гарон ба даст омад. Ҳарчанд, ки дар аввал бисёр ба осонӣ гӯё, ки ҳадя карданд, барои мо ва барои дигар ҷумҳуриҳо.

Аммо барои мо бисёр мушкил ва бо фоҷеа ба даст омад ва умедворам, ки ҳамаи он дарсҳое, ки аз сари мо гузашт, ҳамаи он рӯзҳое, ки аз сари мо гузашт, барои мо таърихсоз бошанд, дарси зиндагӣ ҳам бошанд, дарсе бошанд, ки дар оянда мо дигар ба ин чизҳо роҳ надиҳем.

Истиқлол як вожае ҳаст, ки тамоми ҳастии инсонро дар худаш меғунҷонад. Истиқлол барои як сангу барои як хору барои як дарахт нест, балки Истиқлол барои инсон аст. Инсон агар набошад, Истиқлол зарурат ҳам надорад ва истиқлоле, ки мо дорем, имрӯз истиқлоле ҳаст, ки мисли як кудак аст, афтодаву хеста мехоҳад, ки мисли ҳама сари по рост истад, роҳ гардад, ягон амали хубе иҷро кунад, аммо ҳанӯз барои ин, қуввату қудрату малакаву таҷрибааш намерасад.

Мо гоҳе тундӣ мекунем, гоҳе тезӣ мекунем, гоҳе эрод мегирем аз як нафару ду нафар, ин тамоман нодуруст аст. Ба қавли худи ман:

Чист, истиқлол иззат доштан,
Бар диёри худ муҳаббат доштан.
Дар замини шӯҳрати озодагон,
Донаи меҳру муҳаббат коштан.

Ҳадяи Яздон биҳишти мо, Ватан,
Шаҳкитоби сарнавишти мо, Ватан.

Ман ин шеърро хеле барвақт гуфта будам. Аммо вақте, ки Зикрулло Ҳакимов, овозхони тоҷик ба ин оҳанг баст ва дар тӯли ин оҳанг як гиря аст ва саксафон, сурнае, ки дар разм навохта мешавад, дар ин тарона, ин саксафон гиря мекунад. Хаёл мекунам, ки аз Рустами Дастон ёд меорад то Аҳмадшоҳи Масъуд...

Ман мехоҳам бигуям, агар, ки Истиқлол барои ман ин қадар азиз намебуд, аз ҷониби худам ва аз ҷониби дӯстонам, ин қадар қурбониҳоро таҳаммул намекардам.

Чун истиқлоли Ватан, истиқлоли ҳар як инсон аст. Истиқлоли ҳар як инсон, имон аст, муҳаббат аст, ишқ аст...

Мо агар як гулеро калкан накунем, мо агар як шишаи тирезаро нашиканем, аз ҷаҳолат, мо агар як одами бегуноҳро мушт назанем.... ва мо агар як кудаки ятимро дастмол кунем, анна ҳамун хидмат ба Истиқлол аст.

Истиқлоли ман ҳамон аст, ки мехоҳам гул мекорам, мехоҳам гул мечинам. Як вақте дар ҳамон солҳои оворагиву сарсониву гурезагӣ дар яке аз шаҳрҳои Осиёи Марказӣ будем, як гули бисёр зебоеро дидам ва хостам он гулро барои худам канам, ҳарчанд одат надоштам, аммо хостам биканам ва бӯ кунам, ҳамин вақт полисашон ҳуштак кашид. Баъд ба дустам гуфтам, медонӣ Ватан чӣ ҳаст? Ватан, вақте, ки мехоҳӣ гулеро канӣ, полис бароят ҳуштак намекашад. Хеле мехоҳам, ҳама миллати ман гулкор бошад, гулпарвар бошад, гулдустдор бошад ва хеле мехостам, ҳамаи он бачаҳое, ки барои як бурда нон ба диёри бегона рафтанд, биёянд Ватанро бисозанд. Мехостам, ки заводу фабрика ва ҳама корхонаҳо ба кор дароянд, мехостам, ки бачаҳои мо таронаҳои хуби хушбахтиро бихонанд, чун имрӯз мебинӣ дар боғчаҳо (кӯдакистон) ба ҷои таронаҳои истиқлолу таронаҳои миллӣ, мебини, ки "миллион - миллион алих роз" мехонанду аммо тарзи китобхониву тарзи китобдӯстиву тарзи ба китобхона рафтанро ҳанӯз наомӯхтаем. Ман хиёл мекунам, ҳамаи ин чизҳо вақт мехоҳанд, аммо чизҳои гузарандаанд.

Аз ҳама муҳимаш ин аст, ки мо ин Истиқлолро дорем. Аммо як чизи хеле муҳим аст: Як чизро ба даст овардан шояд осонтар аз он бошад, ки унро дар даст нигоҳ доштан. Фарз кардем, ки барои мо як зарфи булурини хеле зебо ҳадя кардан ва барои ман хеле ҳарфҳои зиёди булурин ҳадя кардаанд дар зиндагиам, аз нигоҳ доштани ин зарфҳо ман дар хонаи худам метарсам. Истиқлол ҳам мисли ҳамин зарф аст ва бояд ба истиқлол мисли ба як зарфи булурини қимату гаронбаҳову нозанин муносибат кунем, то нашиканад. Чунки агар Истиқлол бишканад, мо мешиканем, Худои накарда.

Барои ҳамин имрӯз ман тамоми мардуми Тоҷикистон, миллати тоҷикро, ҳамаи онҳое, ки дар берун аз кишваранд, Ватан доранд ва соҳибватананд, ба ҷашни Истиқлол табрик мекунам ва мехоҳам бигуям:

Атри ҷӯи Мулёну накҳаташ,
Мо зи шеъри Рӯдакӣ бӯидем.

Мо ҳама аз оби Рӯдак хӯрдаем,
Мо зи дарди Рӯдакӣ рӯидаем.

Дарси инсонсози ишқи ҷовидон,
Дарди ширин дарди зебои Ватан
Дарди ширин дарди миллатофарин.

Ҳадяи Яздон биҳишти мо, Ватан,
Шаҳкитоби сарнавишти мо, Ватан!!!"
XS
SM
MD
LG