Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодии Раҳима Шалоэр аз зиндон


Раҳима Шалоэр
Раҳима Шалоэр

​Раҳима Шалоэр -- ҳунарманди маъруфи тоҷик, ки ба ҷурми "қаллобӣ" равонаи зиндон шуда буд, баъд аз пардохти маблағи гирифтааш аз як сокини Душанбе аз идомаи адои ҷазо озод шудааст.

Раҳима Шалоэр, ҳунарманди маъруфи тоҷик ва ду ҳамроҳаш -- Акбар Шарифов ва Шаҳноза Ҳусейнова, ки моҳи гузашта ба ҷурми гирифтану барнагардондани 35 ҳазор доллари як сокини Душанбе равонаи зиндон шуданд, рӯзи 31 июл бо қарори нави Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ аз идомаи давраи ҷазо озод гардидаанд.

Абдулбузург Асозода, вакили мудофеи Шалоэр, якуми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки раҳоии нафари таҳти ҳимояти ӯ ва ҳамроҳонаш баъд аз пардохти ин миқдор пул имконпазир шудааст. “Наздикони Раҳима Шалоэр маблағи қарздории ӯро пурра пардохт карданд ва бо назардошти ин, додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ мурофиа баргузор намуда, ӯро озод кард,” -- афзуд вакили мудофеъ.

Раҳима Шалоэр бар асоси шикояти Ойиша Абдуллоева, як сокини пойтахт, ба додгоҳ кашида шуд. Абдуллоева иддао кард, ки Раҳима Шалоэр аз ӯ 35 ҳазор доллар пулашро гирифта, аммо барнагардондааст.

Моҳи майи соли ҷорӣ Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ Шалоэрро бо иттиҳоми қаллобӣ ба 8 соли зиндон маҳкум намуд ва тибқи қонуни авф ду соли онро ихтисор ва 6 соли зиндонро нисбат ба вай таъин кард. Раҳима Шалоэр ҳамроҳи ду нафари дигар -- Акбар Шарифов ва Шаҳноза Ҳусейнова бо моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ (қаллобӣ) айбдор дониста шуданд. Шарикони Шалоэр - Акбар Шарифов ва Шаҳноза Ҳусейнова 10-солӣ равонаи зиндон шуданд.

Он вақт наздикони Раҳима Шалоэр аз ҳукми Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ норозигӣ карда, онро нисбат ба ӯ “говсуд” ҳисобанд. Онҳо баъдан аз болои ин ҳукм ба Додгоҳи шаҳри Душанбе шикоят бурданд. Аммо додгоҳи пойтахт низ аризаи кассатсионии Раҳима Шалоэрро дар мавриди ҳукми додгоҳи Фирдавсӣ дар авоили моҳи май бетағйир гузошт.

Раҳима Шалоэр овозхони маъруф ва артисти халқии Тоҷикистон аз солҳои 70-ум то солҳои 90-уми қарни гузашта овозхони маъруфи гурӯҳи эстрадии “Гулшан”-и назди Кумитаи радио ва телевизони Тоҷикистон буд.

Муаттара Ҷӯраева дар додгоҳ
Муаттара Ҷӯраева дар додгоҳ

Пеш аз ин, дар моҳи марти соли ҷорӣ Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Муаттара Ҷӯраева, наттоқи пешини телевизион ва довталаби курсии вакилӣ дар интихоботи соли 2005-ро ба иттиҳоми "қаллобӣ" 9 сол аз озодӣ маҳрум кард. Сафарбек Нуралиев, додраси парванда, ҳангоми қироати ҳукми ӯ гуфт, се сол аз ин ин мӯҳлати зиндони Ҷӯраева бар асоси қонуни афв кам шуда, ба далели он ки вай панҷ моҳ боз дар боздоштгоҳ аст, дар маҷмӯъ, 5 солу 7 моҳи дигар дар зиндон хоҳад монд.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мегӯяд, Муаттара Ҷӯраева бар асоси банди 4-уми моддаи 247-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне қаллобии такрорӣ ва дар ҳаҷми бузург айбдор шудааст, ки барои ин гуноҳ дар Тоҷикистон ҷаримаи бисёр бузург ва ё аз 8 то 12 соли зиндон муқаррар шудааст.

Вале Муаттара Ҷӯраева, ки бо рӯсарӣ дар додгоҳ ҳозир шуда буд, ҳангоми ироаи сухани охиринаш дар додгоҳ иттиҳоми мақомот алайҳи ӯ дар мавриди "қаллобӣ"-ро беасос дониста ва аз додрас хост, аз боздошт озод кунад. Ҷӯраева гуфт, ӯ ҳаргиз ба қаллобӣ даст назада, балки бо ризояти худи сокинон аз онҳо қарз гирифта буд ва омодааст, баргардонад. Аммо ӯ таъкид кард, ин кор фақат дар сурати озодӣ ва ба кораш идома додани ӯ имконпазир хоҳад шуд.

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон моҳи январи имсол хабар дод, ки Муаттара Ҷӯраеваро бар асоси шикояти чанд нафар рӯзи 15 октябри соли гузашта дастгир кардааст. Ба гуфтаи муфаттишони оҷонсӣ, Муаттара Ҷӯраева аз чандин нафар дар Душанбе аз роҳи фиреб пули зиёд гирифта ва барнагардондааст.

XS
SM
MD
LG