Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷайбро боз кунед - боҷи харидории мошин боло рафт


Боҷи хариду фурӯши мошин дар Тоҷикистон бо ваколатнома якбора 8 баробар боло меравад.

Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бо ворид кардани ислоҳот ба Қонун “Дар бораи боҷи давлатӣ”, арзиши ваколатномаи (доворенност) ронандагиро дар вақти хариду фурӯши мошин аз 80 сомонӣ то 600 сомонӣ зиёд кард.То имрӯз ронандагон ба хотири кам кардани хароҷоти ҳуҷҷатгузории мошинфурӯшӣ маъмулан танҳо аз ваколатнома истифода мекарданд ва барои ин 80 сомонӣ месупориданд. Агар нафаре мехост, мошинро дафъатан бо исми худ сабти ном кунад, аз 580 то 620 сомонӣ сарф мекард.

Маҳмадсаид Саидзода, сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон, рӯзи чоршанбеи 21-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи ислоҳот коҳиши истифодаи ваколатнома ва ошкор кардани ҷиноятҳоест, ки бо истифодаи воситаи нақлиёт сурат мегиранд. Ба гуфтаи Саидзода, дар бисёр мавридҳо ошкор кардани ҷинояте, ки бо воистаи нақлиёт сурат мегирад, душвор аст, бо он хотир, ки соҳиби аслии мошин мушаххас нест ва ронандае, ки мошинро идора мекунад, танҳо ваколатнома дорад.

Ҷаноби Саидзода мегӯяд, ин далел, ки шаҳрвандон дар хариду фурӯши мошин аз ваколатнома истифода мекунанд, кори маркази “Шаҳри бехтар”-ро ба маротиб мушкил кардааст. Ба гуфтаи вай, “феълан доираи шахсоне, ки аз ваколтанома истифода мекунанд, номаҳдуд боқӣ мемонад, ки ин ҳолат барои ошкор намудани ҷиноятҳо бо истифодаи нақлиёти содиршаванда ва муайян намудани шахсе ки ҳуқуқвайронкуниро содир кардааст, мушкил эҷод мекунад. Пешниҳоди мо ин буд, ки нархи ваколатномаҳо дар идораҳои нотариалӣ низ ба хариду фурӯши воситаи нақлиёт баробар карда шавад, ки ин ба ҳисоби миёна наздики 570 то 600 сомониро талаб менамояд.”

Сардори Раёсати бозрасии давлатии автомабилии Тоҷикистон гуфт, дар ду соли соли ахир беш аз 81 ҳазор соҳиби нақлиёт дар Тоҷикистон, худравҳои худро маҳз бо ваколатнома хариду фурӯш кардаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки аз оғози фаъолияти маркази “Шаҳри бехатар", беш аз 5 ҳазор амрномаҳои Бозрасии давлатии автомобилӣ дар робита ба таъин намудани ҷаримаи маъмурӣ, баҳсбарангез шудаанд, ки як миллион сомониро ташкил медиҳад ва дар ҳолати баҳсӣ қарор доранд.

Сардори БДА дар бораи ваколатномаи хариду фурӯши мошинҳо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:27 0:00

Хабари ворид кардани тағийрот ба қонун ва боло рафтани аризаҳои боҷи давлатӣ дар ҳолатҳои истифода аз ваколатнома, ронандаҳоро бисёр ғамгин кард. Онҳо мегӯянд, чунин тасмим ба ҷайби шаҳрвандоне, ки мошинҳои арзонро харидорӣ мекунанд, зарба мезанад. Масрур Одилов, яке аз ронандаҳо дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ним соли пеш мошини харидаашро тариқи ваколатнома бар ивази 160 сомонӣ ба расмият даровардааст:

“Ҳоло бе ин ҳам нархи мошин дар бозор поин аст ва аксарият дар бозор мошинҳоро байни ҳам бартер ё иваз мекунанд. Дар ин ҳолат супоридани беш аз 100 доллар ба ҳангоми ҳуҷҷатгузорӣ хеле гарон аст. Зеро ҳарчанд БДА маблағи расмиро 570-620 сомонӣ мегӯяд, аммо дар асл маблағи зиёдтар сарф мешавад ва ҳамчунин дарди сар ва такку даваш низ бештар аст. ”

Ин ронанда мегӯяд, беҳтар мебуд, агар баръакс арзиши ба расмиёт даровардани ҳуҷҷатгузориро арзонтар мекарданд. Дар ин ҳолат ронандагон ҳам ҳавасманд мешуданд, ки мошинро на аз роҳи ваколатнома, балки бевосита ба номи худашон ҳуҷҷатгузорӣ намоянд. Вале бархе аз ронандаҳои дигар бар инанд, ки роҳи осони харидани мошин аз тариқи ваколатнома аст, зеро дар ин сурат гузаштан аз мағозаҳои комиссионӣ ва пардохти пули барзиёд, ки 170 сомониро ташкил медиҳад, зарурат надорад.

Як ронандаи дигар бо номи Ҷалил мегӯяд, дар гузашта дарёфти маълумотнома аз мағозаҳои комиссионӣ 25 сомонӣ нарх дошт, баъдан 250 сомонӣ таъин карданд ва ҳоло 170 сомонӣ аст. Ӯ мегӯяд, вақте моҳи пеш мошини "Мерседес"-ашро харидорӣ мекард ва хост санадҳоро ба расмият дарорад, ба ӯ гуфтанд, ки бояд аз мағозаи комиссионӣ ҳуҷҷат биёрад.

Вокуниши ронандаҳо ба боло рафтани нархи ваколатномаҳо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00

Масъулони Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон мегӯянд, бо ворид кардани ислоҳот ба қонун, акнун шаҳрвандон ихтиёр доранд, ки ҳангоми ба расмиёт даровардани мошин, аз ваколатнома ва идораи нотариалӣ истифода баранд ва ё бо номи худ ҳуҷҷатгузорӣ карда аз мағозаҳои комиссионӣ санад гиранд.

Зимнан, мағозаҳои комиссионӣ дар Тоҷикистон асосан ба ширкати “Фароз” тааллуқ доранд, ки молики он Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои раиси чумҳур Эмомалӣ Раҳмон аст.

XS
SM
MD
LG