Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба фатвои баҳсбарангези Шӯрои уламо


Марат Мамадшоев
Марат Мамадшоев

Бисёре аз соҳибназарон мегӯянд, бояд Додситонии кулл фатвои ахири Шӯрои уламои Маркази исломиро баррасӣ карда, ба он баҳои ҳуқуқӣ ва дар сурати нодуруст буданаш танбеҳ диҳад.

Бештари ҳуқуқдонҳо ва рӯзноманигорон пешниҳод доранд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус Додситонии кул, ба фатвои ахири Шӯрои уламои Маркази исломӣ баҳои ҳуқуқӣ диҳанд. Аъзои ин шӯро, ки аз ҷамъе уламои исломӣ иборатанд, рӯзи 25 сентябр баъд аз як ҷаласаи худ ҷанг бо мусалмонон, барангехтани мардум алайҳи раҳбарияти худ, ҳамкорӣ бо созмонҳои ватанию хориҷӣ, расонаҳо ва гуруҳу аҳзоберо, ки мақсадашон барҳам задани амнияти кишвар аст, “гуноҳи кабира” хонданд.

Марат Мамадшоев, рӯзноманигори тоҷик ва сардабири торнамои хабарии “Catoday” мегӯяд, фатвое, ки ахиран Шӯрои уламои Маркази исломӣ содир кард, “365 паҳлӯ” дорад. “Вале даъватҳое, ки дар дохили он ҷой доранд, хилофи қонунҳои Тоҷикистони дунявиянд”,-афзуд ӯ. Ин рӯзнонимагори тоҷик илова кард, “вақтҳои охир ин Шӯро бо нашри фатвоҳои баҳсбарангезаш ҳамаи марзҳоро убур кард. Намедонам, Шӯрои уламо аз ҷиҳати ҳуқуқӣ чӣ мақоме дорад, аммо Додситонии кулл ҷанбаи ҳуқуқии ин фатворо бояд таҳлил карда, ба ин шӯро танбеҳ диҳад.”

амсӯҳбати мо мегӯяд, агар Додситонии кулли Тоҷикистон ин фатвои Шӯрои уламоро нодида бигирад, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ва рӯзноманигорон аз болои ин фатво бояд ба додгоҳ шикоят баранд. Муҳтавои фатвои охири Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки аз се банд иборат аст, рӯзи 26 сентябр зимни намози ҷумъа дар тамоми масоҷиди ҷомеи Тоҷикистон ба мардум шарҳ дода шуд. Сайидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламо, дар хутбаи намози ҷумъа дар масҷиди марказии Душанбе хитоб ба намозгузорон гуфт, “амал кардан ба фатвои Шӯрои уламои Маркази исломӣ барои ҳама мусалмонони ҷомеаи кишвар ҳатмист.”

Аммо ҳуқуқдонҳои Тоҷикистон мегӯянд, кишвари мо бар асоси қонунҳои дунявӣ кор мекунаду Шӯрои уламо як иттиҳодияи динист ва, аз ин рӯ, ҳақ надорад шаҳрвандонро аз амалҳое, ки қонунҳои кишвар иҷоза додаанд, боздорад. Раҳматилло Зоиров, раҳбари Консорсиюми юридикии Тоҷикистон, мегӯяд, Шӯрои уламо дар матни фатвояш ҷумлаи “гуруҳу аҳзобе, ки мақсадашон барҳам задани амну суботи ҷомеа аст”-ро ҷой додааст, ба ба бовари ӯ, комилан ғайримантиқист. “Чунки дар

Раҳматилло Зоиров
Раҳматилло Зоиров

Тоҷикистон ягон ҳизби расмӣ ва васоити ахбори омма мақсади ба ҳам задани амнияту суботи Тоҷикистонро надорад”,-афзуд ӯ. Раҳбари Консорсиюми юридикӣ дар идома гуфт, “бо ин фатво Шӯрои уламо мухолифи ду қонуни Тоҷикистон баромад кардааст: Якум, қонун дар мавриди иттиҳодияҳои динӣ ва озодии виҷдон; Дувум, қонун дар бораи матбуот ва дигар Васоити ахбори омма. ВАО вазифадор аст, мардумро ба иттилои дуруст ва саривақтӣ таъмин кунад. Шӯрои уламо ҳақ надорад, бар зидди ин муқаррароти қонун амал карда, мардумро аз ҳамкорӣ бо ВАО боз дорад. Умуман дар давлати дунявӣ Шӯрои уламо, ки як иттиҳодияи динӣ аст, ҳаққи дахолат кардан ба корҳои давлатро надорад.”

Ҷаноби Зоиров афзуд, Шӯрои уламо ҳақ надорад, бархе аз ташкилоту ҳизбҳо ва Васоити ахбори оммаро ба ноором кардани суботи ҷомеа айбдор намояд. Зеро, ба қавли ӯ, ҳам ҳизбҳо ва ҳам расонаҳо тибқи қонун дар Вазорати адлия ва фарҳанг сабти ном шудаанд ва ба ҳар як амалашон дар назди қонун ҷавоб мегӯянд.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз соҳибназарон бар инанд, ки нашри ин фатвои баҳсбарангези Шӯрои уламо аз нигаронии амиқи ҳукумати Тоҷикистон аломат медиҳад, ки аз эҳтимоли норозигии саросарии мардум сахт дар ташвиш аст ва бо истифода аз фишанги дин тариқи Шӯрои уламо мехоҳад мардумро ба итоат аз ҳукумат водор намояд. Иддаое, ки худи масъулони Шӯрои уламо онро рад карда, содир анмудани фатвоҳоро зарурати замон ва қарори ҳамаи аъзои худ медонанд, на ишорае аз “боло”.

XS
SM
MD
LG