Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат созмонҳои иҷтимоиро аз грантҳои хориҷӣ маҳрум мекунад?(ВИДЕО)


Намое аз нишасти рӯзи 18 ноябр дар меҳмонхонаи "Шератон".
Намое аз нишасти рӯзи 18 ноябр дар меҳмонхонаи "Шератон".

Иддае аз масъулони созмонҳои иҷтимоӣ аз иқдоми ахири вазорати адлия ҷиҳати маҳдуд кардани дастрасии ин созмонҳо ба кӯмакҳои кишварҳо ва созмонҳои хориҷӣ изҳори нигаронӣ кардаанд.

Имрӯз, сешанбеи 18 ноябр зимни баргузории ҳамошии байналмилалии “Озодии баён ва Тоҷикистон- Конфаронс барои ҷомеаи маданӣ” дар шаҳри Душанбе таъкид шуд, ки Вазорати адлияи Тоҷикистон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ”-ро рӯи даст гирифтааст, ки бар асоси он, дастрасии созмонҳои иҷтимоии кишвар ба грантҳо ё кӯмакҳои кишварҳо ва созмонҳои хориҷӣ маҳдуд карда мешавад.

Дар ин ҳамоиш таъкид гардид, ки тибқи ин лоиҳаи Вазорати адлия, дарёфти грантҳо аз сӯи кишварҳо ва созмонҳои хориҷӣ барои созмонҳои иҷтимоии Тоҷикистон танҳо бо иҷозаи ҳукумати Тоҷикистон дода хоҳад шуд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ ё Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар ин ҳамоиш аз ин иқдоми вазорати адлия изҳори нигаронӣ карда ва гуфт, ки ин амал ҷанбаи бюрократӣ дошта ва фаъолияти созмонҳои иҷтимоии Тоҷикистонро маҳдуд хоҳад кард.

Ба гуфтаи ҷаноби Қаршибоев, дар сурати ворид шудани ҷунин тағйирот ва қабули он аз сӯи парлумон, паёмади он ба фаъолияти созмонҳои иҷтимоии Тоҷикистон таъсири манфӣ дорад ва имкони қатъи фаъолияти иддае аз созмонҳои ҷамъиятӣ низ вуҷуд хоҳад дошт.

Нуриддин Қаршибоев гуфт: “Мутаассифона вақтҳои охир ҳади аксар кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки фаъолияти ташкилотҳои ғайридавлатӣ маҳдуд карда шуда, зери назорат бошад. Дар ин миён Русия ба Тоҷикистон намунаи баде дод, ки дар қонунаш он ташкилотҳои ҷамъиятие, ки бо грантҳои хориҷӣ фаъолият мекунанд, агенти хориҷӣ эътироф намуд. Дар Тоҷикистон ҳам лоиҳаи чунин қонун дар Вазорати адлия муҳокима шудас истодааст, ки бар асоси он тамоми грантҳо бояд регистратсия шаванд. Танҳо бо иҷозаи адлия созмонҳо бояд аз хориҷ грант гиранд.”

Ҳамчунин намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ дар ин ҳамоиш гуфтанд, ки то ҳоли ҳозир барои онҳо маълум нест, ки ҳадаф аз ворид кардани тағйирот ба Қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” чӣ аст.

Наргис Зокирова, раҳбари “Созмони ҳуқуқи инсон” низ дар ин ҳамоиш гуфт, тағйироте, ки тасмим аст ба Қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” ворид гардад, хилофи меъёрҳои байналмилалӣ буда, таҷриба нишон медиҳад, ки ин гуна қонунҳо монеи рушди ҷомеаи маданӣ мешавад: “Дар ҳар кишваре, ки чунин қонунҳо амал мекунад, мо мебинем, ки амалан ҷомеаи шаҳрвандӣ он ҷо нест. Ё созмонҳои ҷамъиятӣ баста мешаванд ё онҳо махфь фаъолият мекунанд. Дар Тоҷикистон, ки тасмим аст ҳамин гуна қонуне қабул шавад, мо намедонем механизми ин қонун чӣ гуна аст? Чӣ гуна он амалӣ мешавад?”

Ҳамчунин хонум Зокирова гуфт, бе ин ҳам созмонҳои ҷамъиятӣ ҳамасола ба Вазорати адлия аз кори худ гузориш медиҳанд.

Аммо ин дар ҳолест, ки масъулони вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯянд ҳадаф аз ворид кардани тағйирот ба Қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” маҳдуд кардани фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ нест. Ҳадаф он аст, ки тариқи ин созмонҳо ба Тоҷикистон пул барои рушди терроризм, экстремизм ва ё ғасби ҳукумат ворид нашавад. Он ҳодисаҳое, ки бар сари чанд кишвари дунё омад, Тоҷикистон намехоҳад айни ин гуна хатогиҳо дар кишвар сар занад.

Як масъули Вазорати адлия бидуни овардани номаш дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоли ҳозир дар Вазорати адлия танҳо лоиҳаи илова ба Қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” мавриди омӯзиш ва баррасӣ аст ва ин лоиҳа ҳанӯз ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод нашудааст. Ба қавли ӯ дар сурати тасдиқ гардидани ин лоиҳа тамоми созмонҳои ҷамъиятӣ бояд ба вазорати адлия дар бораи аз куҷо ва ба кадом ҳадаф маблағ мегиранд, ҳисобот диҳанд.

Ин манбаъ мегӯяд, қаблан созмонҳо дар бораи кори худ ҳисобот медоданд, аммо кӣ ва ба кадом роҳ ба онҳо маблағ медиҳад, дақиқ набуд. Чӣ гуна ворид шудани маблағ ҳисобот дода намешуд ва касе ҳам онро конрол ё назорат намекард.

Гуфта мешавад, тағйирот бояд ба моддаҳои 24, 34 ва 38 –и Қонун дар бораи Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ворид карда шавад.

Дар ҳамин ҳол масъулони созмонҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон дар вокуниш ба иқдоми вазорати адлия муроҷиатномаеро унвонии ҳукумат омода карда мехоҳанд то аз талоши вазорати адлия ҷиҳати маҳдуд кардани дарёфти кумакҳо ё грантҳои хориҷӣ барои пешбурди фаъолияташон ҷилавгирӣ шавад.

Дар ҳоли ҳозир бештар аз 2 ҳазору 800 созмонҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Нигаронии созмонҳои ВАО дар ҳамоиши озодии сухан
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:02 0:00
XS
SM
MD
LG