Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро модари тоҷик андешаманд намезояд?


Муҳаммад Вафо
Муҳаммад Вафо

Ин пурсишест, ки аз муддатҳо равонамро азият медиҳад ва талқинам мекунад, то ҷуёи посухи қонеъкунандае бошам. Борҳо аз худ мепурсам, ки чаро модари тоҷик дигар андешаманд намезояд ва накунад, ки нозо шуда бошад.

Чаро дар рӯзгори муъосир мо андешамандоне бар пояи Саид Ҷамолуддину Икболу Шариъатӣ ва амсоли онхо надорем? Ва агар андешамандоне ҳам дорем пас чаро фаротар аз хамин маҳдудаи кӯчаки худамон қадам фаро намегузоранд ва матраҳ нестанд? Чаро сайри андешаи онҳо дар хиттаи Балху Бухоро маҳдуд монда дигар дар пайи тасхири Мисру Шому Басраву Бағдод нест?

Аз Гёте ва Нитча ва андешамандони дигари Мағрибзамин ном намебарам, чун шояд касе эътироз кунад, ки онхо парвардаи фазои фикрсолори он сарзамин хастанд. Вале Саид Ҷамолуддину Икбол зодаи ҳамин марзу буманд ва дар домани ҳамин фарҳанги шукуҳманди худи мо ба воя расида андешаи волои худро аз сарчашмаҳои поки он сероб кардаанд. То ҷое, ки Иқболи бараҳманасл ва шӯрида худро мадюни фарҳанги сарзамини мо медонад ва фарёд мезанад:

Агарчи зодаи ҳиндам фуруғи чашми ман аст,
Зи хоки поки Бухорову Кобулу Табриз.

Ва боз ҳам дар қолаби дигар:

Форсӣ аз ҳикмати андешаам
Дархурад бо рифъати андешаам
.

Сайри андешаам дар имтидоди таърих ба дурии дуриҳо парвоз мекунад ва мехохад дарёбам, ки пас аз Абуҳомиди Ғаззолӣ андешаманди дигари матраҳи ин миллат кист?

Бузургони зиёди дигари баладпоя дорем, вале маъруфияти бештари онҳо шояд дар фалаку ҳандасаву адабиёту таърих бошад, то андеша, агарчи инҳо ҳама бо ҳам пайванди танготанг доранд.

Охир ин андешамандон ҳастанд, ки масири ояндаи миллатҳоро бар пояи андешаҳои созандаи худ муъайан мекунанд, то ба ояндаи дурахшон бирасанд. Дар рузгори муъосир Гандӣ дар Ҳиндустон, Иқбол дар Покистон, Шариъатӣ дар Эрон, Ҷамол Абдулносир дар ҷаҳони араб чун меъморони идеологӣ шинохта шудаанд.

Суоли матраҳ ин бувад , ки агар дар ҷаҳони навин ин миллатро низ меъморе ҳаст, пас он кист?

Аҳмади Каллаву устод Айниву ҳамсафони навгарояш ва ё ҳам Масъуди сипаҳсалор ва ё худ Тоҳири Абдулҷаббор бо андешаҳои истиқлолхоҳияш? Ва ё ин ки мо меъморе надорем ва хиштҳои хонаи мо бо дасти дигарон каҷ ниҳода шудааст ва то Сураё каҷ хоҳад рафт?

Чаро мо аз фикр кардан боз мондаем ва ё то ба ин ҳад соддаандеш шудаем? Посухро дар аъмоқи таърихи 700 соли ахири ин миллат ҷустуҷӯ мекунамм ва иллатро дар чор чиз дармеёбам:

1. Интишори сӯфигарӣ ва талқини дунёбезорӣ аз тарафи онҳо ва чирасозии эҳсосот бар ақл.

2. Зистан дар зери султаи истеъмор ва пазируфтани ҳама арзишҳои онҳо, ки миллатро аз худӣ бегона кардааст.

3. Дури аз хатти ниёкон ва соддасозии забон, ки ақлҳоро аз жарфандешӣ ва аз баёни андешаи баланд оҷиз сохтааст.

4. Банд мондан дар маҳдудаи танги минтақагароӣ, ки ақлҳоро аз баландандешӣ боз медорад.

Бо умеди рузе, ки аз раҳми модари боиффати тоҷик боз фарзандони фарзонае чашм ба ҷаҳон бикушоянд, ки бо андешаи баланд шӯҳраи олам бигарданд ва ин миллатро дар масири мустақим ба сӯи растагорӣ раҳнамун созанд.
XS
SM
MD
LG