Ҷумъа, Октябр 31, 2014

Тоҷикистон

Бек Сабурович мехоҳад Facebook-ро боз кунад, "дабраволтсо" намемонанд

Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон ба саволҳои Озодӣ дар заминаи маҳдуд шудани дастрасӣ ба сайти иҷтимоии Facebook посух дод.

Бег ЗуҳуровБег Зуҳуров
x
Бег Зуҳуров
Бег Зуҳуров
Озодӣ: Сайти Facebook кай боз мешавад?

Зуҳуров: Рӯзҳои наздик.

Озодӣ: Ба назари шумо баста шудани ин сайт ба обурӯи Тоҷикистон зарба намезанад?
 
Зуҳуров:
Шумо фикр мекунед, ки обурӯи Тоҷикистон аз Facebook вобастагӣ дорад?

Озодӣ: Ба ҳар ҳол,  ин вазъият Тоҷикистонро дар пеши ҷомеаи ҷаҳонӣ ангуштнамо кардааст. 

Зуҳуров: Дуруст, дуруст. Лекин ин “добровольцы”  безор карданд.

Озодӣ: Ин одамоне, ки мегӯед, кистанд? Баъзеҳо шубҳа мекунанд ва мегӯянд, ки дар асл онҳо маъмурони сохторҳои амниятӣ ҳастанд.  

Зуҳуров: Не-не, КГБ ба ин чиз тамоман марбут нест, ин  ба корхонаҳои давлатӣ  аслан вобаста нест.  Инҳо одамоне ҳастанд, ки падару модару додару хоҳари худро дар ҷанг аз даст доданд ва онҳо сабабашро дар ахбори омма мебинанд. Мегӯянд, ки онҳо бизнеси худро давом медиҳанд. Ба ман онҳо занг мезананд, ман ба онҳо мегӯям, ки худатон ба Озодӣ, ба Азия-Плюс занг занед. Мегӯянд, ки не, ту намояндаи ин хадамот ҳастӣ, бояд ин чизро назорат кунӣ.

Озодӣ: Исми як-ду нафарашонро ба мо ҳам гӯед, мо барои тавозуни назарҳо аз онҳо ҳам пурсем.

Зуҳуров: Онҳо исмашонро намегӯянд. Онҳо мегӯянд, ки мо ба ту мегӯем, ту ба онҳо бигӯ, ки СМИ одамонро ҷанг меандозанд.






Озодӣ: Яке аз сайтҳои фаъоли Facebook сайти шарҳдорӣ аст, ки ба интиқоди мардум вокуниш мекунад. Оё  Маҳмадсаид Убайдуллоев ё худи президент ба шумо муроҷиат накарданд, ки Facebook-ро боз кунед?

Зуҳуров: На, ягон муштарии Facebook то ҳол ба ман муроҷиат накардааст.

Озодӣ: Ман муштарии Facebook ҳастам, кай боз мешавад ин шабака? Мо посухи шуморо донистан мехоҳем

Зуҳуров: Мо масъалаҳои техникиро бинем.

Озодӣ: Яъне, пагоҳ ё фардо боз намешавад?

Зуҳуров: Не-не, мумкин шавад. Фардо қарор аст пеши мо намояндаҳои “добровольцы» биёянд, ман бо онҳо вохӯрам.

Озодӣ: Пас мо ҳам метавонем намояндаи худро ба ин мулоқот фиристем?

Зуҳуров: Майлаш, омаданд, ман шуморо даъват мекунам. Аммо онҳо худро ошкор кардан намехоҳанд

Озодӣ: Шумо мегӯед, ки Тоҷикистон як давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст, вале вақте назарҳои мухталифро мешунавед, сайтро мебандед. Ҳамин тавр не?

Зуҳуров: На, барои танқид не, барои дурӯғгӯӣ мебандем.

Озодӣ: Як-ду мисол оварда метавонед, ки мо манзури шуморо фаҳмем.

Зуҳуров: Як нафар занг задааст ва гуфтааст, ки “мо 50 ҳазор доллар додем ва онҳо дар хизмати мо ҳастанд, ҳам газета ва ҳам Facebook”.

Озодӣ:  Пас, ба ин тартиб, таърихи дақиқи боз шудани Facebook кадом аст?

Зуҳуров: Рӯзҳои наздик. Ман пурсиданӣ ҳастам. Ҳамин Facebook ягон соҳиб надорад?

Озодӣ: Муассиси  Facebook дар аз Амрико аст, шахсе бо номи Марк Зукерберг аст. Вай ин сайтро дар Амрико боз кардааст.

Зуҳуров: Ягон сайти тоҷкӣ дар Амрико кор мекунад?

Озодӣ: Суоли ман дар бораи рӯзи бозшавии Фейсбук буд

Зуҳуров: Даромади Facebook чӣ қадар кам шуд ин рӯзҳо?

Озодӣ: Кам нашудааст. Вай аз Тоҷикистон  даромад надорад.

Зуҳуров: Хуб, мо фикр мекунем, аммо мо бояд фикри ҷамъиятро ба инобат гирем.
Мо хизматии давлатӣ ҳастем, дар хизмати давлат ҳастем. Мурдум аз мо илтимос мекунанд ки масъаларо бинем.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 6
    Баъдӣ 
Ном: Точик
29.11.2012 22:36
ВАХАХАХАХА! Спектакл давом дорад.
Наход хамин хел беаклба давлат маош дихад?
Дар посух

Ном: Olim аз: Dushanbe
04.12.2012 16:28
Kakoy krasiviy golos u korespondentki!!!

Ном: Беном
29.11.2012 23:02
Хиромони Бакозода ин кадар худатро доноча мегири, журналист пеш аз савол додан ба эхсосот дода нашуда аввал салому алейк мекунад, дуюм ин ки саволхоро душманона не, балки бо як касбияти баланди журналисти пешниход мекунад, Шумо коркунони РО дар сохае, ки ба худатон наздик аст ягон проблема шавад аз аввал то охир пайгири мекунед, ба мисли ба садама дучор шудани як рузноманигори BBC неки ин рузхо хазор касро мошин зер мекунад ягон чиз наменависен, хулоса журналист бояд на пуштибони хукумат бошад ва на мухолифи хукумат. медонм ки чопш намекнен, хай як навиштемдия

Ном: зоир
29.11.2012 23:24
хаххаххахххххххах лекин хеле хурсанд шудем бовар кунед хеле табъам болида гашт баъди хондани ин мусохиба.Дар аввал ба саволхои озоди чавоб додан гирифту рафта рафта акаи Бегичонамон ба саволдихи гузашт ки ба баъзеаш озоди хам чавоб гуфта натавонисту сухбатро катъ кард.Ин журналистхои хираро хамин хел бояд кард дигар умре дорад аз сухбати Бег мегурезанд

Ном: Мухаммад Аличон аз: Душанбе
29.11.2012 23:27
Зухуров як чиновники фармонбардор аст ва у танхо супоришхои болоро ичро менамояд, чавобхои у хандаовар-кудакона ба назар менамояд....Бахри ободии ватанамон- Точикистон, кишвархои хоричи кумаки бегаразона нахоханд кард ва инро бояд мардум бидонанд,хоричихо дар ивази кумакхояшон гаразхои сиёсиашонро мехоханд амали созанд. Сиёсати Амрико бахри ободии мардуми мусулмон нест,набуд ва нахохад шуд. Мо миллати Точик бояд такия ба неруи аклонии худ бинамоем, мисли кишвари хамзабону хамхунамон Эрон... Кормандони "Озоди" хохиш менамоям руи чоп оред, сипосгузорам!

Ном: afsus аз: sad afsus
29.11.2012 23:34
сад афсус ки ин мардак хатто маданияти сухан гуфтан хам надорад... вой бар холи мардуми бечора бо ин гуна кутохандешагон!

Ном: Izzat Amon аз: Tojikiston
29.11.2012 23:42
Бо арзи салом. Банда аз рузноманигорони радиои Озоди хохиш мекунам дигар аз ин одам мусохиба нагиред. Агар ин хукумат сохибе дорад пас нагузорад, ки чунин нафар бо чунин сатхи пасти сухбат давлату хукуматро шарманда кунад. Окои Бег Зухуров!!! бародари чон, бародарона хохишу илтичо мекунам, забони точикиро ёд гиред. Бастани фейсбук масала нест, шудгор кардани забон аз чониби шумо шармандаги аст. Узри зиёд...

Ном: mehrob
29.11.2012 23:59
акай бегичон хами вазифа шумода намезебат
бахшиш ака лекин тарзи суханронитон маьлумай ки дуруг гуфта истодаен

Ном: Рустам аз: Актау
30.11.2012 00:23
Афсус, сад афсус ки ин хел нафархо дар макомотхо рохбари мекунанд, мисли Бек Зухуров. Матни чавоби саволи шуморо гуш накарда сухани беандешаи худро харф мезанад. Бек Зухуров бояд аввал фикри хизмати на давлат , балки хизмати муштариени Точикистонро кунад. Хукумат ягон нафареро интихоби ба ин мансаб мекард, ки акалан одоби харф задан дошта бошад.

Ном: Сироч аз: Точикистон
30.11.2012 00:23
Серияи навбатии филми "Пистаи бемагз"-накши асососи БСЗ

Ном: Фейсбукчи
30.11.2012 00:31
Хахахаа анекдот ку... Ин мардак бо кадом рох мансабдор шуда бошад? Чихо мегуяд? Чидди аст ё шухи? О ин мисли як дехкон ё авбоши кучаги гап мезанаду.. Бе факту бе далел...
Эй вой бар мо!! Эй вой бар мо..
Назарҳо. Сафҳаи аз 6
    Баъдӣ 

Назари Шумо чист?

Бойгонии назарсанҷӣ

Писандидаҳо

Тамос бо Радиои Озодӣ

Агар хабаре доред ё мехоҳед, масъалаеро дар миён гузоред, бо имейли Tajik@rferl.org ё телефони интернетии ozodi.skype бо мо дар тамос шавед. Ҳамчунин телефонҳои мо дар хидмати Шумо:

Дар Душанбе:          988 65 94 63               988 65 94 64            985 63 83 56
Дар Прага:               420 725 03 79 43   
Skype Me™! Add me to Skype

Мавзӯъҳои рӯз