Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирори хонаводаи ҳаводори 5-солаи Мессӣ ба Покистон


Муртазо Аҳмадӣ
Муртазо Аҳмадӣ

Хонаводаи Муртазо Аҳмадӣ, ки аз футболбози маъруфи ҷаҳон Лионел Мессӣ пироҳан ва тӯб ҳадя гирифта буд, аз тарси одамрабоён аз Афғонистон фирор кардааст.

Хонаводаи як кӯдаки панҷсолаи афғон, ки аз Лионел Мессӣ, футболбози маъруфи ҷаҳон пироҳан ва тӯб ҳадя гирифт, аз тарси рабудани ӯ аз Афғонистон фирор кардааст.

Волидони Муртазо Аҳмадӣ, ки бо пироҳани селофании бо навиштаҷоти Месси дар матбуоти ҷаҳонӣ ҳаёҳуеро барангехт ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз тарси одамрабоён, ки пайваста ба онҳо занг мезаданд, ба Покистон фирор кардаанд. Муҳаммадориф Аҳмадӣ, падари Муртазо гуфт, аз бими ҷони писараш ӯву дигар фарзандонашро аз ноҳияи Ҷоғурии вилояти Ғазнӣ гирифта ба Покистон рафтанд.

"Дар аввал ҳеч масъала набуд, бисёр истиқбол мекарданд. Дар ин охирҳо ҳеч кас дигар пушти мо наёмад. Як сар дуздони одамрабо, ки мо дар Афғонистон дорем ва тифлҳоро мебаранду 100 ҳазор ва 1 миллион афғонӣ мехоҳанд, ба мо занг мезаданд. Аз ҳамин хотир, гуфтам, ҷони бача дар хатар аст, барои ҳамин аз Афғонистон баромадем, ҳоло дар Покистон ҳастем. Мо аз Толиб тарс надоштем, тарс аз одамрабо доштем," -- гуфт Муҳаммадориф Аҳмадӣ. Ба қавли ӯ як фармондеҳи маҳаллӣ ҳам ба онҳо таҳдид кардааст.

Акси Муртазо Аҳмадӣ, кӯдаки панҷсолаи афғон бо халтаи пластикии шабеҳи пироҳани футболбозӣ ва бо номи Мессӣ аввали соли равон аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд ва ӯро дар саросари ҷаҳон маъруф кард.

Худи Леонел Мессӣ низ акси мазкурро дар саҳифаи худ дар Твиттер нашр кард. Баъдан ин ситораи ҷаҳонии футбол аз Аргентина, ки дар тими Барселонаи Испониё бозӣ мекунад, ба мухлиси хурдсолаш дар Афғонистони ҷангзада як тӯби футболу ва ду пироҳани имзокардаашро фиристод. Баъд аз ин, вақте ба Муртазо гуфтанд, ки Лионел Мессӣ ба ӯ алоқа нишон додааст, ӯ ба Озодӣ гуфт, ки мехоҳад, ин ситораи футболро аз наздик бубинад. "Ман Мессиро хуш дорам, мехоҳам Месси маро бубинад," - гуфт ӯ.

Вале ҳоло Муртазо Аҳмадӣ ҳаводори хурдсоли Леонел Мессӣ ҳамроҳ бо падару модар ва ду бародару ду хоҳараш ба сафи муҳоҷирони афғон дар Покистон пайвастааст ва ҳоло дар назди хешовандонашон дар шаҳри Кветтаи Покистон зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG